РУШДИ ҚОБИЛИЯТИ ЭҶОДИИ ХОНАНДАГОН
Мусаллам аст, ки қобилияту истеъдод модарзодӣ мебошад. Вазифаи Ҳар як кӯдак қобилиятҳои махсуси эҷодӣ муаллим инкишоф додани қобилияти дорад. Инҳо хусусиятҳои фардӣ - равонӣ шогирдон ва парвариши ин навдаҳои мебошанд, ки як шахсро аз шахси дигар фарқ нозук мебошад. Кори эҷодӣ тавре ки мекунонанд. Иқтидори эҷодии насли наврас аз таҷриба нишон медиҳад, як усули он вобаста аст, ки онҳо то чӣ андоза рушд муассир барои рушди нутқи хонандагон мекунанд, зеро ташаккули шахсияти эҷодкор мебошад. Дар ниҳоди кӯдакон имрӯз на танҳо маънои назариявӣ, балки қобилияти эҷодкорӣ тадриҷан инкишоф амалӣ низ пайдо мекунад.
ёфта, якчанд марҳилаи рушдро паси сар мекунад. Синни хурди мактабӣ марҳилаи мусоидтарини ташаккули қобилиятҳои эҷодии кӯдак, худшиносӣ ва омили шаъну шарафи шахсии ӯ маҳсуб меёбад. Ин чунин маъно дорад, ки дар назди муаллими синфҳои ибтидоӣ вазифаи рушди қобилиятҳои эҷодии хонанда, тарбияи шахсияти эҷодкор, дар маҷмуъ гузошта шудааст. Инкишофи қобилиятҳои эҷодӣ муҳимтарин вазифаи таълим дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошад, зеро ин раванд тамоми марҳилаҳои ташаккули шахсияти кӯдакро фаро мегирад, ташаббус ва мустақилияти ҳонанда, баёни озоди фикр ва эътимод ба шахсияти ӯро бедор мекунад. Ҳангоми ташаккул додани талабот ва манфиатҳои эҷодӣ, мо аз шаклҳои гуногуни корҳои таълимӣ ва беруназсинфӣ истифода бурда, саъй менамоем, ки дар ниҳоди кӯдак такрор ба такрор дониш ва малакаҳои андӯхтаро мустаҳкам намоем.
Дарс ҳамчун шакли асосии таълим ва тарбияи хонандаи синфҳои ибтидоӣ боқӣ мемонад. Маҳз дар доираи фаъолияти таълимии хонандаи хурдсол, вазифаҳои ташаккул, тафаккур, тахайюл қобилияти таҳлил ва синтези ӯ, пеш аз ҳама, ҳал карда мешаванд. Айни замон, дарсҳо бояд бо фаъолиятҳои гуногун, маводи омӯхташуда ва сабку методи баёни мавзуи нав фарқ намоянд. Ин омил кӯдаконро ба эҷодкорӣ ташвиқ мекунад. Майлу рағбати эҷодӣ дар раванди фаъолияте инкишоф меёбад, ки табиати эҷодӣ дорад. Намудҳои ғайримуқаррарии дарсҳо, усулҳои таълимии гуногун, фаъолияти эҷодии дастҷамъона дар корҳои беруназсинфӣ, ки ба рушди фаъолияти эҷодии хонандагони хурдсол мусоидат мекунанд, васеъ паҳн шудаанд.
Роҳҳои ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати тарбияи хонандагони эҷодкор инҳоянд:
• таъмини фазои мусоид; таъмини кӯдак бо ашёи гуногун ва васоити нави ба инкишофи зеҳн мусоидаткунананда бо мақсади инкишоф додани ҷустуҷӯҳои эҷодии ӯ; ташвиқи ғояҳои умумибашарӣ ва миллӣ; ба кӯдакон имконият додан ба баёни саволҳои озодона.
Ҳангоми банақшагирии дарсҳо, мо бояд дар бораи ҳар як саволе, ки ба он ҷавоби якранг дода мешавад, фикр кунем, то ҳар як кӯдак дар бораи дониши худ оид ба мавзуе, ки таҳлил ва баррасӣ мешавад, ҳарф занад. Аллакай дар дарсҳои савод ашё, расм, калимаҳоро ба маънои гуногун мушоҳида ва муқоиса мекунем. Дар зимн ба шогирдон чунин супоришҳо бояд дод:
- ҳар чизе, ки шумо дар бораи ин мавзуъ медонед; калима гӯед; дар мисоли овардаатон ҳарчи бештар монандӣ ва тафовут пайдо кунед; аз рӯи расм ҳикояе нақл кунед.
Бад-ин тартиб, мо дар синф фарҳанги нутқ, қобилияти ба танзим даровардани қувваи овозро меомӯзонем. Дар дарсҳои забони модарӣ, аз синфи якум сар карда, бо идома дар синфҳои болоӣ кӯдакон дар заминаи асарҳои бадеии хондашуда иншо, ҳикоя ва афсонаҳоро ёд мегиранд.
сохтанро меомӯзанд, зарбулмасалу мақол, муаммою шеър эҷод мекунанд ва расмҳои ҷолиб мекашанд. Табиист, ки на ҳама кӯдакон қобилияти эҷод, тасаввур ва ихтироъ доранд. Бо вуҷуди ин, истеъдоди ҳар як кӯдакро вобаста ба майлу хоҳиши ӯ дар самтҳои гуногун рушд додан мумкин аст. Илова ба усулҳои номбаршуда, кашидани тасвирҳо барои ҳикоя ё афсона, тартиб додани клипи видео ва ғайра дар дарсҳо васеъ истифода мешаванд. Инчунин, усули кори гуруҳӣ дар таълим, ташкили фаъолияти мустақилонаи эҷодии кӯдакон дар ин масъала муҳим мебошад.
Фаъолият на танҳо ба кӯдак мустақилона аз худ кардани донишро меомӯзонад, малакаҳои таҳқиқотиро ташаккул медиҳад, балки ба рушди қобилияти эҷодӣ мусоидат мекунад. Корҳои гурӯҳӣ метавонанд ҷустуҷӯӣ, эҷодиву нақшсозӣ ва ғ. бошанд. Шаклҳои омӯзиш метавонад инфиродӣ, ҷуфтӣ, гурӯҳӣ бошанд, ки дар синфҳои ибтидоӣ бомуваффақият татбиқ карда мешаванд:
- Лоиҳаҳои эҷодӣ (синфҳои 1-4) бо дарназардошти муносибати озод ва ғайримуқаррарӣ дар тарҳрезии натиҷаҳо: намоишҳои театрӣ, бозиҳои варзишӣ, асарҳои санъати тасвирӣ ё ороишӣамалӣ ва ғ. Маҳсули фаъолияти эҷодӣ намоишгоҳҳо, рӯзномаҳо, маҷмуаҳо, мактубҳо, таҷлили санаҳои таърихӣ, тасвирҳо ва афсонаҳо хоҳад буд.
- Лоиҳаҳои тадқиқотӣ (синфи 4) аз ҷиҳати сохт ба тадқиқоти воқеии илмӣ шабоҳат доранд.
Маҳсули лоиҳаҳои тадқиқотӣ дар синфҳои ибтидоӣ маърӯзаҳо, мақолаҳо дар рӯзномаи мактабӣ буда метавонанд. Ҳангоми иҷрои лоиҳаи эҷодӣ барои ташаккули фаъолияти фаъоли эҷодӣ дар хонандагон, ташаккули завқи эстетикӣ, тафаккури образнок, тасаввуроти фазоӣ, шароити зарурӣ фароҳам оварда метавонад.
Сатҳи дониш ва қобилияти маърифатии кӯдакон дар синф гуногун аст. Аз ин рӯ, кор карда баромадани проблемаи рушди қобилияти эҷодии ҳар як хонандаи синф, супоришҳои ҷудогона ҳам барои дарс ва ҳам барои истифодаи вазифаи хонагӣ таҳия карда мешаванд. Корҳои хонагӣ навъе аз фаъолияти меҳнатӣ мебошанд. Ин омил бидуни роҳнамоии мустақими омӯзгор рух медиҳад, бинобар ин, барои иҷрои бомуваффақияти он шароити зарурӣ фароҳам овардан лозим аст. Омӯзгор бояд хусусиятҳои инфиродии хонандагонро муайян кунад; сатҳи дониши маводи таълимии ҳар як хонандаро ба назар гирад; таваҷҷуҳ ба манфиатҳои мактаббачагон дошта бошад; ба хонандагон имконият фароҳам оварад, ки аз маъхазҳои гуногуни иттилоотӣ истифода барад.
Қобилиятҳои эҷодии шогирдонро на танҳо ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ, балки дар чорабиниҳои беруназсинфӣ низ инкишоф додан муҳим аст. Машғулиятҳои маҳфилӣ барои рушди қобилияти эҷодии хонандагон имкониятҳои калон доранд. Баланд бардоштани шавқи хонандагон ба мавзуъ, намуди фаъолият, машғулиятҳои мухталиф, эҷодкорӣ, ташаккул додани малакаҳои кори мустақилона мусоидат мекунанд. Дар маҳфилҳои фаннӣ барои зоҳир кардани ташаббуси хонандагон имкониятҳои бештар мавҷуданд. Ва мехостам, ки муаллимони фаннӣ, роҳбарони синфҳо на танҳо синфи худашонро дар доираи маҳдуд ҷалб кунанд, балки манфиатҳои хонандагонро ба назар гиранд ва дар интихоби машғулият ба онҳо кумак расонанд.
Омӯзгорон метавонанд аз бозиҳои таълимӣ истифода кунанд. Ҳадафи асосии бозиҳо рушди қобилияти эҷодии кӯдакон, ошкор намудани неруи зеҳнии онҳо ва дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.
Хулоса, ман чунин мешуморам, ки ҳама гуна омӯзиши дастаҷамъӣ ташаккули салоҳиятҳои асосӣ ба таври инфиродӣ, мувофиқи хусусиятҳои фаъолияти зеҳнӣ, сифатҳои шахсӣ ба амал меояд. Аз ин рӯ, ҳангоми коркарди проблемаи ташаккули қобилиятҳои эҷодии хонандагон аз усули дифференсиалии таълим бояд истифода барем. Иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои мухталиф натиҷаи дар рушди қобилият эҷодии хонандагони хурдсол буда, бо роҳнамоию ҳидояти омӯзгорон сурат мегирад.
Фирӯза НАЗРИЕВА – ходими калони илмии шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё