Зеҳн

СИНФ ЧИСТ? ҲАМСИНФ КИСТ?

БА
Барномасоз20 октябри 2026 · 11 дақиқа хондан

(Дарки маъно ва шинохти мафҳум аз роҳи талқин)

Тасаввури мафҳум ва дарки маънои калима дар идроку зеҳни шогирди хурдсол чӣ гуна сурат мегирад, чӣ умқу паҳно дорад? Талқини донистаю надонистаи дигарон дар ин маврид чӣ натиҷа медиҳад? Ин масъаларо мулоҳиза ва дарк кардан барои равишҳоро муайян ва самти ҳаракату ҷараёни таълиму тарбияро дуруст сохтан хеле муҳим аст. Мо дар ин мавзуъ чанд мушоҳида дорем, ки ба хулосаи ҷолиб мебарад.

Рӯзи истироҳати ҳафтаи дувуми соли хониш буд. Баъди нисфирӯз барои пору ҷамъ кардан ба молхонаи болои деҳа рафтам, то ки як порча замини рӯйи ҳавлиро порупӯш кунам. Ҳасану Ҳусейн, додарони соҳиби молхона, хонандагони синфи 7, ки он ҷо будаанд, ба ман хеле ёрӣ расонданд. Вақти поруғундорӣ дар бораи мактаб, ҳамсинфонашон, дарсхониашон, муаллимон ва бисёр мавзу ъҳои дигар хеле суҳбат кардем. Албатта, дар гуфтугӯ дар бораи муаллимон ва шахси худам як навъ дипломатия ва ҳадди эътидолро нигоҳ доштам. Бе ин ҳам намешавад, охир!

– Порсол панҷ-шаш бор ба синфи мо даромада, аз математикаю забон дарс доданатон расо маъқул шуд-дия, устод! – гуфта, бо шавқ дастонашро ба ҳам задани Ҳусейнро шунидану мушоҳида кардан, рости гап, ба гӯшу дилам хеле фораму гуворо расид.

Дар суҳбати бетакаллуфонаю бебокона гуфтугӯ дар бораи хонандаҳои синфи якум низ буд. Аз ҷумла, Ҳасан нақл кард:

– Ман аз Мақсуд аз ҳамсинфҳояш пурсидам. Вай намедонад, ки ҳамсинфҳояш киҳоянд.

Гуфтугузори Ҳасан бо Мақсуд тахминан ин тавр сурат гирифтааст:

– Мақсуд, ҳамсинфҳоят киҳоанд?

–…

– Чанд ҳамсинф дорӣ?

– Ман ҳамсинф надорам!

– Абдумаҷид чӣ, ҳамсинфат-ку!

– Ҳа...

– Чанд ҳамсинф дорӣ?

– Якта.

– Кӣ?

– Абдумаҷид.

Ана, ҳамин тавр! Вой бар ҳоли ман барин муаллим, ки як мафҳуми одии марбут бо мактаб то ба имрӯз (тӯли ду ҳафта, ки ба мактаб омада мераванд) ба идроки баъзе шогирдонам нарасидааст! Ё гуфтугӯйи Ҳасан бо Мақсуд пештар, рӯзи аввали таҳсил сурат гирифта буд? Ана ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷуҳам напечид ва аз ноқил пурсида дақиқ накардам. Қазияро аз ҳамин нигоҳ тафтиш бояд кард! Шояд тахмини охир дуруст бошад!...

То даме ки дафтарро рӯйи сандалӣ гузошта, ба нияти навиштан қалам ба даст гирифтам, ҳадафам барои ёддошти худ сабт кардани мазмуни муколамаи Ҳасану Мақсуд буду бас. Вале, вақте ки ҳадафро ба сомон расондаму аломати хитоби охири сархати болоро гузошта, дафтарро пӯшида, хостам ба тоқча гузорам, дар як гӯшаи хаёлам хира-хира андешаи наве рӯшан шуд, ки ба қарори зайл аст: калимаи ҳамсинф барои ҳама, хурду бузург, ҳатто шахсони дар умри сарашон аз остонаи мактаб надаромада ҳам (чунончи, мӯйсафедони хеле куҳансол) ошност. Ҳар кас вақти шунидан ё талаффуз кардани калима ҳамон мафҳуми маъруфро пеши назар меорад. Аммо Мақсуд, ки вақти гуфтугӯ бо Ҳасан калимаи “ҳамсинф”- ро ба забон овард ва шояд дурусту устувор талаффуз ҳам кард, оё кадом мафҳумро дар назар дошт? Модом ки ба гумони ғолиб, маънои калимаро намедонад, вақти талаффузи он дар хаёлаш чӣ ҳодисае тасаввур шуд ва чӣ манзарае ҷилва намуд?

Мусовӣ бо ин андеша як ҳодисаи чанд сол пеш рухдода ба ёдам расид.

Он ҳангом мо донишҷӯи донишгоҳ будем. Мисли имрӯза на ҳама дар хобгоҳи донишгоҳӣ ҷой меёфтанд. Рафиқи наздикам, донишҷӯи дигар факултаи донишгоҳ –Бобои Раҷаб дар маҳаллаи Яккачинор дар хонаи хешовандонашон будубош дошт. Ман ҳам ба он ҳавлӣ зуд-зуд мерафтам. Фарзандони хурдсоли соҳибони ҳавлӣ Сиддиқ ва Таҳминаю Манижа бо мо хеле унс гирифта буданд. Баъзан моро лозим меомад, ки дарсхонӣ ва дигар корҳоро як сӯ гузошта, ночор бо онҳо тӯлонӣ бозӣ ва суҳбату гапгузаронӣ бикунем. Боре Таҳмина дав-давон назди ман, ки дар кати сояи ток танҳо нишаста китоб мехондам, омад ва дасту пой, забону чашмонашро як-як нишон дода:

– Ин дасти ман-а? Ин чашми ман-а? – гуфта пурсидан гирифт.

Ман аввал “ҳа, ҳа” гуфта, ба пурсишҳои батакрор ва беинтиҳои ӯ бетаваҷҷуҳона ҷавобҳои кӯтоҳакак дода, китобхониамро давом додам. Аммо чӣ шуду чӣ монд, ки китобро як сӯ гузоштам ва ба усули гуфтугӯйи ҷиддиро ба бозию шӯхӣ бурдам. Вақте ӯ бори чандум дасташро нишон дода:

– Ин дасти ман-а? – гуфта пурсид, ман китобро як сӯ гузошта, дастонашро ба дастонам гирифта ва ба шӯхӣ бозӣ доронда: “Не, инҳо пойҳои ту,” – гуфта ҷавоб додам ва дастони ӯро раҳо карда, дастони худамро болотар бардоштаю бо такондиҳӣ нишон дода, барои қавитар гардондани сухани ногаҳон ба забон овардаам афзудам:

– Ана, инҳо пойҳои ман.

Агарчи баҳси мо хеле тӯл кашид, Таҳмина ба даст будани пой ва пой будани даст ҳеч розӣ нашуд. Сиддиқи калонсолтар, ки дуртар аз мо ҳазору як майда-чуйдаашро аз кисаи хӯрҷинмонандаш рӯйи замин холӣ карда, аз байнашон чизе меҷуст, ба баҳси мо бодиққат гӯш мекардааст магар, ки бо табассум:

– Ҳа, ин пой, – гуфт дасташро нишон дод ва дар ҳолати нишастагӣ як пояшро пештар ёзонда илова намуд: – Ин даст-дия.

Бо вуҷуди тарафдор пайдо карданам, баҳси ману Таҳмина бенатиҷа монд, балки натиҷааш ин шуд, ки Таҳмина ба сари ақидаи худ собиту устувор монд…

Аз байн ду-се рӯз гузашт. Ман боз ба ин ҳавлӣ омадам. Бобои Раҷаб ва соҳиби ҳавлӣ –амаки Амон зери ҷумаки лӯлаи об ҳавзчаи сементӣ месохтанд. Ба кори онҳо ёридиҳон аранге дидам, ки Таҳмина он тарафи ҳавлӣ, назди дигар лӯлаи об (нимаи ҳавлӣ моли дигар кас буд), ки обаш рӯйи замин мерехту атрофаш лойхонаро мемонд, ҷунбуҷӯл дошт. Баъди лаҳзае ӯ дав-давон назди мо омад. Бобои Раҷаб сартопойи ӯро аз назар гузаронда, сахт карда пурсид:

– Куҷо будӣ?

– Пойҳоямро шустам, – ҷавоб дод Таҳмина.

– О, пойҳоят то зону лойолуд-у, – ба пойҳои воқеан ҳам то зону лойолуди Таҳмина нигариста хитоб кард Бобои Раҷаб.

– Ана, тип-тоза, – ду дасти тарашро пеш ёзонда нишон дод Таҳмина.

– Э, намур-е, инҳо пой не, инҳо даст!

Ана, ҳамин хел. Он рӯз Таҳмина ба даст будани пой ва пой бадани даст ҳеч розӣ нашуда бошад ҳам, суҳбат ба хотираш нишаста будааст магар, ки ба таъсири он гуфтугузори тасодуфӣ дар луғаташ калимаҳои пой ва даст ҷойи ҳамдигарро иваз кардаанд. Он рӯз аз шунидани муколамаи тағою ҷиян хеле хушҳолона хандида будем. Аммо имрӯз, вақти навиштани ин сатрҳо худро дар ҳоли ногуворе эҳсос кардам ва аз он рафторам сад пушаймон шудам.

Хайрият-е. Хайрият, ки он рӯз ба амри як тасодуфи дигар Таҳмина пойҳояшро лойолуд кардаву дастонашро шуста назди мо омад ва баъд аз муколамаи тағою ҷиян ду калимаи мафҳумивазкарда дар луғати ӯ дубора ба ҷойгоҳҳои худ нишастанд, вагарна то як муддати тӯлонӣ, то ғалаташро пай бурдан Таҳмина аз забони дигарон калимаи дастро шунида, пойро тасаввур мекарду калимаи пойро шунида, дастро. Зиёда аз ин, имкон дошт, ки (соли оянда бояд ба мактаб мерафт) то мактабхон шуданаш ислоҳ намешуд ва назди дугонаҳои наваш калимаҳоро дар гуфтор нодуруст истифода карда, мавриди хандаю масхара қарор мегирифт.

Бо айби ман! Нуктаи охир, бемуҳобо, маро ба ваҳшат андохт…

Ба “ҳамсинф”-и Мақсуд аз ҳамин дидгоҳ нигарем, маълум мешавад, ки қазия сазовори андешаи тӯлонӣ, мулоҳазаи амиқ, чораву тадбир ҷустани ҷиддӣ буда метавонад. Андешаҳоямро гирду ғун карда, ба як қолаби мушаххас дароварда, барои дар ин замина ба вуҷуд овардани як ҳадафи ояндасоз, ки бояд ба ташаккули забондонӣ ва дар ин замина ба камоли санҷидагӯйиву хушпазирӣ ва донистакории шахсияти ҳар кадоми шогирдон мувофиқ бошад, кӯшиш кардан месазад. Бале. Аммо корро аз чӣ бояд сар кард?

Агар имкон шавад ва шароити мусоид фароҳам ояд, худи пагоҳ ё дар давоми ду-се рӯзи наздик ба худи Мақсуд нарасонда, бо шогирдон дар мавриди синф ва ҳамсинф суҳбат хоҳам кард, Ба шарҳу тафсир кардани даставвал содаи ба фаҳму фиросати имрӯзаашон мувофиқ ва рафта-рафта мураккабтари калимаву ибора ва ҷумлаҳои бутун бо ҳамин суҳбат ибтидо хоҳам гузошт. Ҳодиси дунёро дар қолаби сухан шарҳ додан ва бо ёрии сухан шиносондан аз ин роҳ осонтар хоҳад шуд. Шарҳу эзоҳи дуруст барои фаро гирифтан ва сайқал додани донишу малакаю ҳунар, ки ҳадафи ниҳоист, мувофиқтару созгортар будагист…

“Фаро гирифтан ва сайқал додани дониш ва малакаю ҳунар ҳадафи ниҳоист”–гуфтанам оё дуруст аст? Не. Инҳо танҳо воситае барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, яъне зиндагии хубу роҳаттар мебошанд...

Ва аммо... Синф чист? Ҳамсинф кист?

Пеш аз қисса кардани ҳодисаи Таҳмина навиштем, ки ин мафҳумҳо барои ҳама ошно ва фаҳмоанд. Лекин баъд аз ваъдаи дар суҳбате худи пагоҳ ё давоми ду-се рӯзи наздик барои бачаҳо шарҳ додани мафҳумҳоро навиштан то ин ҷой расидаму қариб як соат фикр карда, ҳеч сарриштаи андешаеро дошта натавонистам, ки калимотро дар кадом чаҳорчӯба барои бачаҳои нав ба мактаб омада шарҳ додан мумкин аст. Зеро масъала аз он сурате, ки дар аввал тахмин кардам, хеле печидаю чигилтар намуд. Ба муҳокимаронии ҳакимона напардохта, балки ба мулоҳизаронии бачагона мувофиқ кунонда аз худ пурсидам, ки оё онҳое, ки дар як синфхона сарҷамъ омада, дарс мехонанд ва бар илова аз як муаллим дарс мегиранд, ҳамсинфонанд? Тасдиқи эҷобии савол ҷавоби дуруст набудагист. Хонандаи аз ҳақиқати аҳвол хабар надошта аз хондани ҷумлаи охирин ҳайрон нашавад. Ман ҷумларо бар бунёди маҳкам ниҳода навиштам: мо–ману Салимбой ва Баҳринисоино бо Зарифу Исматулло ва Садоратино ҳамсинф набудем, агарчи дар як синфхона нишаста дарс мехондем. Мо дар як радаи мизу курсиҳо менишастем ва хонандаҳои синфи як будем. Онҳо, ки дар дигар рада нишаста дарс мехонданд, хонандаҳои синфи се буданд. Муаллим К. Муҳаммадиев аз мобайни тахтаи синф хат кашида, соҳати онро ба ду ҳисса ҷудо карда, ҳиссаи тарафи ҳар кадом радаи мизу курсиҳоро барои навиштани мавзуъҳои дарси синфе муқаррар намуда, мепардохтанд ба дарс гуфтан. Даме ба мо дарс мегуфтанд, дами дигар моро бо иҷрои коре машғул дошта, ба синфи Зарифино мегузаштанд. Ба онҳо вазифае дода, боз мепардохтанд ба шарҳи давоми мавзуъ барои мо. Акнун даъвоям, ки “дар як синфхона нишаста, аз як муаллим дарс хондан маънои ҳамсинф буданро надорад” гуфтанам устувор шуд? Модом ки чунин аст, пас синф чист ва ҳамсинф кист?

Ҳама медонанд, ки дар фаҳмиши ҷомеашиносон калимаи синф чӣ мафҳумро ифода мекунад.

Онҳо – ҷомеашиносон, мардумонро аз рӯйи мансубияташон ба тоифаю гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеа ба синфҳо ҷудо мекунанд, яъне ҳар касро мувофиқи мақом ва пояи иҷтимоияш ба синфе мансуб медонанд. Ҳарчанд барои равшантар дарк кардани моҳияти гуфтугузори мо донистан ва фаҳм кардани ин нукта низ муҳим аст, ҳоло гап дар сари ин паҳлуи масъалаи мураккаб нест. Ҳама медонем, ки дар мактаб омӯзиши нахустасосҳои қариб ҳама соҳаҳои илму дониши олами муосир дар қолаби фанҳои алоҳида ҷорист ва дар ҳар соли хониш фаро гирифтани фанҳои муайян бо мавзуъҳои муайян лозим дониста шудааст. Ҳоло ҳадафи мо аз навиштор расидан ба моҳияти ҳамин аҳвол мебошад. Гоҳе ба назар чунин менамояд, ки фикри кас вақти гуфтан набошад ҳам, вақти навиштан нисбат ба мулоҳиза рондани сирф хубтар зидойиш буда, пухтатар мешавад, аслу гавҳари масъаларо пурҷилотар ҷилва мекунонад...

Алқисса, нахустасосҳои илму дониш аз сода сар карда то мураккаб барои ҳар соли таҳсил ба тартибе тарҳрезӣ ва ҷо ба ҷой карда шудааст, ки хонанда онҳоро сол ба сол дар ҳудуди муайянкардаи барномаи таълимӣ фаро гирифта, зина ба зина дониш, малака ва маҳорати ҳар чи мукаммалтару мураккабтарро соҳиб мешавад, барои ба сари худ озодвор зистан бо донишу маҳорати зарурӣ мусаллаҳшуда ба камол мерасад. Дар истилоҳи мактабшиносӣ аслан ҳамин ҳар як зинаи яксолаи омӯзишро синф мегӯянд, яъне, бача дар соли якуми мактабхон шуданаш хонандаи синфи як ба шумор меравад. Соли панҷум ё ҳафтуми ба мактаб омаданаш, агар дар синфе такроран нахонда бошад, мутаносибан хонандаи синфи панҷум ё ҳафтум мешавад.

Омӯзиши ӯ аз ҳамаи фанҳо бар асоси барномаҳои барои ин солҳо таҳия ва пешбинишуда сурат мегирад. Яъне ӯ дар давоми ҳар соли хониш зинаи муайяни донишҳои фанниеро фаро мегирад, ки барои он сол муқаррар шудааст...

Дар мавриди синф аз ин ишора зиёдтар тафсил додан ҳоҷат набудагист. Лекин дар мавриди ҳамсинф чӣ гуфтан мумкин аст? Чӣ мешавад, фикру мулоҳизоти аз ҳар гӯшаву ҳар канор перомуни калимаҳои ҳамсинф, шарикдарс, ҳамсабақ ва монанди инҳо ҷамъомадаро, ки ҳар кадоме ба сари худ ҷолиб аст, хулоса карда дар як ҷумла баён созем?

Инак, гурӯҳи чанднафараи хонандагони соли таҳсили дилхоҳ, ки дар вақти дарсӣ доимо дар як синфхона нишаста ҳамроҳу шарикона дарс мехонанд, ҳар дарси ҳар рӯзе як мавзуъро аз ҳар як китоб назди як муаллим сабақ мегиранд, ҳама нисбат ба якдигар ҳамсинф мебошанд.

Абдуғанӣ МУҲАММАДИЕВ –

омӯзгори мактаби №29,

ноҳияи Деваштич

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2