РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ НОБОЛИҒОН
Дар адабиёти психологию педагогӣ, ҳангоми тавсифи давраи Таълиму тарбияи насли наврас, ташаккули наврасӣ аз калимаҳои «ҳассос», ҳисси инсондӯстию таҳаммулпазирӣ, «буҳронӣ», «мураккаб», «серташвиш» ватанпарварию масъулиятшиносӣ, ва амсоли инҳо истифода мебаранд. донишандӯзӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ Воқеан, аз як тараф, инкишофи дар онҳо аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи имрӯзаи мост. Дар робита ба ин, масъалаи босуръати ҷисмонию физиологӣ ва ошкор намудани омилҳои психологию педагогӣ ҳормоналӣ ва аз ҷониби дигар, рушди ва иҷтимоии даст задани наврасону ноболиғон қобилиятҳои маърифатӣ, пайдоиши ба ҷиноят аз масъалаҳои доғи рӯз ба шумор ҳисси калонсолӣ, худшиносӣ, меравад. Мутаассифона, ин падидаи номатлуб худтакмилдиҳӣ ва худтатбиқнамоӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо реша давонда давраи мазкурро ниҳоят ҳассос истодааст.
мегардонад. Огоҳ набудан аз махсусиятҳои ин давраи синнусолӣ боиси сар задани нофаҳмиҳо ва низоъҳо миёни наврасону волидон ва наврасону муаллимон мегардад. Давраи наврасӣ дар раванди ташаккули инсон ҳамчун шахс мавқеи хоса дорад. Ин ба тағйироти сифатие марбут аст, ки дар рушди кӯдаки 10- 15-сола ба вуҷуд меояд. Наврас дар ин давра таҷрибаи нави иҷтимоиро аз худ карда, ба муносибатҳо ва алоқаҳои нави иҷтимоӣ ворид мегардад. Фарох гаштани доираи муошират, мураккабгардии мазмуни муносибати наврас бо ҷамъият, калонсолон ва ҳамсолон, ба ташаккул ва инкишофи падидаи нави муҳим дар шахсияти ӯ – худшиносӣ ё худ худогоҳӣ боис мегардад. Имкониятҳои рушдёфтаи наврас дар ӯ талабот ба мустақилият, худсобитнамоӣ, эътирофи ҳуқуқҳои ӯ аз ҷониби калонсолонро ба вуҷуд меорад.
Зуҳуроти мазкур дар навбати худ ба рушди падидаи нав дар шахсияти ӯ – эҳсоси калонсолӣ мусоидат мекунад.
Ташаккули худогоҳӣ ва эҳсоси калонсолӣ дар наврас талаботи навро ба муошират бо ҳамсолон, барпо намудани муносибатҳои маҳрамонаи шахсӣ бо онҳо, ки зимни меъёрҳои муайяни маънавӣ-ахлоқӣ сурат мегирад, рӯи кор меорад. Муоширати наврасон шакли ба худ хоси азнавҳосилкунии муносибатҳои байниҳамӣ буда, дар ҷамъияти калонсолон мавҷуд аст. Самтгирӣ аз меъёрҳои ин муносибат ва азхуднамоии онҳо махсусияти муоширати наврасонро ташкил медиҳад. Дар давраи наврасӣ тамоюли барқарор намудани муносиботи маҳрамонаи шахсӣ миёни наврасон ба вуҷуд меояд ва инкишоф меёбад. Дар муошират арзишҳои шахсӣ ва худогоҳии наврас ташаккул меёбанд. Давраи наврасӣ давраи ҷустуҷӯи идеал, ҷустуҷӯи маънии ҳаёт ва ташаккули арзишҳои ҳаётӣ мебошад.
Гуфтаҳои боло гувоҳи онанд, ки дар рушди шахсияти наврас муҳити иҷтимоӣ, меъёрҳои қабулгаштаи муносибат ва муошират миёни ҳамсолон ва калонсолон нақши ҳалкунанда доранд.
Шаклҳои рафтор, муошират, муносибатро аз атрофиён қабул намуда, ба шахсияти худ ворид месозад ва онро такомул медиҳад. Ин зуҳуротро дар адабиёти психологӣ раванди персонализатсия меноманд. Намунаи ибратбахш барои кӯдак, пеш аз ҳама, волидон, муаллимон ва ҳамсинфонанд. Агар онҳо кӯдакро қонеъ нагардонанд, ӯ ба сарчашмаҳои дигар рӯ меорад.
Онҳо, асосан, гурӯҳҳои наврасони кӯчагарданд. Барои онҳо кашидани сигор ва истеъмоли машрубот меъёри воридшавӣ ба гурӯҳ аст. Равоншиноси рус Д.И. Фелдштейн зимни таҳлили муносибати ҳуқуқвайронкунандагони ноболиғон, муҳити воқеӣ, характери муносибати байниҳамии онҳо бо волидон, муаллимон, рафиқон ва ҳамсолон, ба хулосае меояд, ки танҳо норасоӣ дар тарбияи оилавӣ дар якҷоягӣ бо норасоии тарбия дар мактаб меҳвари вазъияти низоъангез гашта, вайроншавии ахлоқии шахсияти наврас аз он сарчашма мегирад. Бо мақсади омӯзиш ва ошкор намудани омилҳои ба ҷиноят даст задани ноболиғону наврасон ва роҳҳои пешгирӣ аз он, мо тасмим гирифтем бо омӯзгорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ пурсишнома гузаронем.
Яке аз суолҳои пурсишнома оид ба сарчашмаи каҷрафтор шудан ва ба ҷиноят даст задани ноболиғону наврасон буд.
Омилҳои каҷрафтор шудан ва ба ҷиноят даст задани наврасону ноболиғон.
Чунонки аз расм аён аст, ба андешаи муаллимон, сарчашмаи беинтизом гаштан ва ба рафторҳои зиддиҷамъиятӣ даст задани наврасону ноболиғон, пеш аз ҳама, муҳити оилавӣ маҳсуб меёбад. Муаллимон андешаашонро бо он асоснок мекунанд, ки дар кӯдак заминаҳои тарбияро ҳанӯз то мактаб гузоштан зарур аст. Минбаъд низ бештар фарзанд дар парастории волидон аст.
Аз сухани муаллимон бармеояд, ки дар баъзе ҳолатҳо волидон рафтори фарзандонашонро на маҳкум, баръакс, ҷонибдорӣ мекунанд. Баъзе муаллимон муҳити мактабро низ дар каҷрафтор шудани ноболиғону наврасон гунаҳгор мешуморанд. Теъдоди муайяни муаллимон сабабгори асосии ба ҷиноят даст задани наврасону ноболиғонро дар ирсият мебинанд. Натиҷаи посухҳои муаллимон каме нигаронкунанда аст. Аз як тараф, гунаҳгор донистани муҳити оила аз ҷониби муаллимон пешгӯишаванда аст ва то андозае ҳақ ба ҷониби онҳо низ ҳаст. Аз ҷониби дигар, бори масъулиятро ба дӯши оила гузоштан, наметавонад роҳи воқеии ҳалли масъала бошад.
Хушбахтона, ҳастанд муаллимоне, ки масъулияти муҳити мактабро низ дар ин самт эътироф мекунанд. Ба ирсият ва бемориҳои рӯҳӣ нисбат додани омилҳои каҷрафтор шудан ва ба ҷиноят даст задани наврасону ноболиғон, ба андешаи мо, комилан нодуруст аст. Чунин мавқеъгирӣ ҳама гуна кӯшиши ислоҳ намудани рафтори чунин кӯдаконро бесамар мегардонад. Мувофиқи натиҷаи пурсишнома, ба махсусияти наврасони тарбияашон душвор, муаллимон ҳолатҳои зеринро шомил медонанд: беинтизомӣ (60%), дарсшиканӣ (55%), бесаводию кундзеҳнӣ (50%), беэҳтиромӣ (35%), оворагардӣ (35%), дуздӣ (35%), худиписандӣ (35%), дағалӣ (35%), дурӯғгӯӣ (30%), қабеҳсуханӣ (25%), якравию инҷиқӣ (25%), бадмуомилагӣ (25%), таҳдидкорӣ (25%), бемории равонӣ (20%), тақлидкорӣ (15%), агрессивнокӣ, зӯроварӣ, бе тайёрӣ ба дарс ҳозир шудан (15%), истеъмоли машрубот ва тамокукашӣ (15%), ҳамнишинӣ бо рафиқони бадахлоқ (15%), коҳилӣ (10%), зудранҷӣ (5%) ва ғ.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки хусусиятҳои овардашударо муҳаққиқони соҳа низ зикр кардаанд.
Рӯйхати мазкур маводи хубест барои равоншиносони мактаб дар самти ислоҳ ва пешгирии ин падидаи номатлуб. Чунонки аз натиҷаҳои боло бармеояд, дар рӯйхати муаллимон беинтизомӣ, дарсшиканӣ ва бесаводӣ мавқеи алоҳидаро соҳибанд. Дар самти пешгирӣ аз ҷинояткории ноболиғону наврасон, муаллимон чораҳои зеринро таъсирбахш шумурданд: қавӣ гардонидани робитаи мактабу оила (70%); ташкил намудани вохӯриҳо бо кормандони шуъбаи кор бо ноболиғони ВКД (45%); ташвиқ намудани дастовардҳои хонандагони фаъол, ҷиҳати намунаи ибрат гаштани онҳо барои наврасони тарбияашон душвор (20%), вазифадор кардани чунин хонандагон ба корҳои масъулиятталаб ва ҷамъиятӣ (10%); ҳавасмандгардонӣ (10%); назорати қатъии волидон аз болои фарзандон (10%), ташкил ва тақвият додани фаъолияти равоншиноси мактаб ва амсоли инҳо.
Нишондиҳандаҳои боло гувоҳанд, ки муаллимон аз роҳҳои пешгирӣ ва ислоҳи рафтори ноболиғону наврасони каҷрафтор огоҳанд. Чораҳои пешниҳоднамудаи онҳо саривақтӣ ва қобили қабуланд. Хуб мебуд, агар дар баробари донистан, муаллимон чораҳои зикргардидаро дар амалияи педагогияшон татбиқ мекарданд.
Суоли навбатӣ дар мавриди он буд, ки муаллимон дар фаъолияти педагогияшон аз кадом роҳҳои таъсиррасонӣ ба кӯдакони каҷрафтор истифода мебаранд. Мувофиқи натиҷаи пурсиш, ягон нафар аз муаллимон дар фаъолияти педагогияшон дар самти кор бо кӯдакони тарбияашон душвор роҳҳои манфии таъсиррасониро, аз қабили таҳдид ва зӯроварӣ, истифода намебаранд. Ин, албатта, шоистаи таҳсин аст.
Роҳу усулҳои таъсиррасонӣ ҳангоми кор бо кӯдаконе, ки каҷрафторанд ва ба ҷиноят даст мезананд.
Ба андешаи муаллимон, ҳангоми кор бо кӯдакони тарбияашон душвор мушкилиҳои зерин пеш меоянд: нофаҳмиҳо миёни волидону муаллимон (35%), таъсири ногувори чунин кӯдакон ба хонандагони дигари синф (25%), вайрон гаштани раванди муътадили дарс (20%), асабоният ва хасташавӣ (10%) ва амсоли инҳо. Мувофиқи назари муаллимон, танҳо дар сурати соҳиб будан ба хусусиятҳои зерин метавон дар таълиму тарбияи кӯдакони тарбияашон душвор комёб буд:
оромтабиатӣ (60%), сабурӣ (45%), меҳрубонӣ (40%), соҳиби ахлоқи намунавӣ будан (45%), инсондӯстӣ (40%), ҷаҳонбинии васеъ доштан (30%), сиёсатмадор будан (30%), равоншиноси хуб будан (25%), бомаърифат будан (25%), соҳибтаҷриба будан (20%), насиҳатгар будан (20%), хушмуомилагӣ (20%), сахтгирӣ (5%) ва амсоли инҳо.
Чунонки аз таҳлили боло аён аст, аксари муаллимон аз омилҳои душвортарбия гаштани наврасон, роҳу усулҳои пешгирии он, шаклҳои рафтори ба чунин наврасон хос, хислатҳое, ки муаллим бояд ба онҳо соҳиб бошад, огоҳ ҳастанд. Пас, сабаб чист, ки зуҳуроти мазкур коҳиш наёфта баръакс, меафзояд?
Аввалан, ба андешаи мо, танҳо донистан кофӣ нест. Маъмурияти мактаб (танҳо омӯзгор не) мебояд бо ҷалби оила ва шуъбаи кор бо ноболиғони ВКД амал намояд. Зеро мушоҳидаҳо гувоҳанд, ки аксаран кӯдакони тарбияашон душвор аз оилаҳои носолим, нопурра ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ дар сатҳи паст қарор доштаанд ва ислоҳи онҳо танҳо бо таъсири омӯзгор муяссар намегардад. Дувум, агар волидон хоҳанд, ки фарзандашон китобдӯст бошад, худ бояд китобдӯст бошанд, анъанаи китобдӯстӣ ва китобхониро дар оила роиҷ гардонанд. Хоҳанд, ки фарзанд дурӯғгӯ, дағал, беэҳтиром набошад, худ чунин набошанд. Кӯдакон ҳассосанд. Онҳо ба суханони мо не, балки ба рафтори мо бештар диққат медиҳанд. Аввалин шаклҳои рафторро кӯдак зимни тақлид ба калонсолони атроф аз худ мекунад.
Савум, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки падидаи мазкур на танҳо марбути оилаҳои нобарор ва нопурраанд. Бештар вақт чунин кӯдакон аз оилаҳои сарватманд ва бонуфуз мебароянд. Пас, суоле ба миён меояд, ки ба кӯдак чӣ намерасад? Фаромӯш набояд кард, ки сарватманд будан ҳанӯз маънои дар тарбия салоҳиятнок будан ва бомаърифат буданро надорад. Озмоишҳои психологӣ нишон медиҳанд, ки эътибори волидон ба фаъолияти маърифатии кӯдак дар ташаккули талаботи маърифатии ӯ нақши ҳалкунанда мебозад. Дар ин мавзуъ равоншиноси рус Н.Г. Шербакова чунин мегӯяд: «…Машғулияти аз назари кӯдак бефоидаи кашидани хатчаҳо маънии амиқ касб мекунад, агар волидон онро муҳим шуморанд, ба раванди иҷроиши он мароқ зоҳир намоянд.» Таҳқиқоти олими мазкур нишон медиҳад, ки волидон дар ташаккули мароми таълимӣ-маърифатии кӯдак нақши асосиро мебозанд. Агар дар волидон маромҳои манфиати маҳдуди шахсӣ афзалият дошта бошанд, дар кӯдакони онҳо маромҳои таълимӣ-маърифатиро ташаккул додан душвор мегардад.
Хуллас, масъалаи наврасону ноболиғоне, ки даст ба ҷиноят мезананд ва тарбияашон душвор аст, мураккаб ва гуногунпаҳлу буда, ҳалли босамари он танҳо дар сурати ҳамкории зичи мактаб, оила, шуъбаи кор бо ноболиғони ВКД ва ВАО имконпазир мегардад. Дар ин самт тақвият додан ба фаъолияти хадамоти равоншиноси мактабро махсус қайд намудан зарур аст. Маҳз равоншиноси соҳибтаҷриба ва салоҳиятнок метавонад сари вақт омилҳои бавуҷудоварандаи падидаҳои номатлуби зикргардидаро ошкор намояд, барномаи ислоҳ ва пешгирии рафторҳои зиддиҷамъиятии наврасону ноболиғонро мураттаб намояд, фаъолияти ниҳодҳои дар боло зикргардидаро дар самти ислоҳ ва пешгирии рафтори зиддиқонунии наврасону ноболиғон ба танзим дарорад.
Ҳавола кардани масъулият ба дӯши якдигар наметавонад роҳи ҳалли масъала бошад.
Масъулият дар тарбияи насли наврас, масъулият дар назди миллату Ватан ва насли оянда аст.
Пас, моро мебояд дар ин самт ба саҳлангорӣ роҳ надиҳем, оқибатандеш бошем, дар доираи салоҳият ва уҳдадориҳои худ талошу кӯшиш намоем.
Гулрӯз АБДУРАҲМОНОВ –
ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи
рушди маориф ба номи А. Ҷомии АТТ,
Наврӯз АБДУРАҲМОНОВ –
муовини директор оид ба таълими
мактаби №80, ноҳияи Сино
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё