РАҲНАМОИ МО САРМОЯГУЗОРӢ БА РУШДИ НЕРУИ ИНСОНӢ
Бешубҳа, ҳар як Паёми Пешвои миллат аз оғоз то имрӯз роҳнамои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – мушаххаси созандагиҳои кишвар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии қадамҳои устувор барои иҷрои ормонҳои Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллӣ, нақшаҳои бузурги эҳёи дубораи Маҷлиси Олии кишвар дурнамо ва нақшаи халқи соҳибтамаддун ва кишвари корӣ барори тамоми мардуми ҷумҳурии мо куҳанбунёди миллати тоҷик мебошанд. мебошад. Падидаи нек аст, ки Паёмро Дар ҳар Паёми Пешвои миллат тозагӣ ва мардуми кишвар бо умедҳои тоза мунтазир ҳадафмандии қавитару вазифаҳои мешаванд ва замоне ки он тариқи расонаҳои тақдирсози нав ба наву муҳим гузошта хабарӣ намоиш ва пахш карда мешавад, мешаванд, ки имрӯз моро ба ин марҳилаи мардум рӯҳияи ватандӯстонаи бештарро шукуфоиву ободонӣ расониданд. дар хеш касб мекунанд.
Чун ҳамасола, соли ҷорӣ низ дар
Паёми Пешвои миллат ба самти маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид ва дар он пешниҳоду супоришҳои мубрами маърифатӣ вобаста ба ин соҳаи муҳим иброз гардиданд. Аз мазмуни Паёмҳои Пешвои миллат бармеояд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сарвари давлат соли ҷорӣ дар Паёми хеш қайд намуданд, ки: “Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби Президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд”.
Барои мо хурсандиовар он аст, ки фаъолияти муассисаҳои томактабӣ воқеан, рушди тоза касб карда тавонистанд. Агар ба чанд сол пеш назар кунем, аз ин ҷиҳат изтироб ниҳоят зиёд буд.
Айни ҳол таъсиси марказҳои инкишофи кӯдак ва таъсиси кӯдакистонҳои хусусӣ фарогирии кӯдаконро ба таълиму тарбия бештар намудаанд. Мавриди зикр аст, ки ин кӯдакистон бо кӯдакистонҳои давлатӣ қадре дар рақобат қарор доранд, ки ин ҳам роҳи фарогирии кӯдакон ба таҳсилот аст ва ҳам омили рушди ин самт.
Дар шароити имрӯза таҳияи роҳнамоҳои гуногуни таълимӣ барои кулли муассисаҳои таълимӣ омода ва пешниҳод мегарданд, ки бисёр кори хуб аст. Иқдоми хуби дигар ба чопи китобҳои гуногуни бачагона ва тақсимоти онҳо ба китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рабт дорад, ки он аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва бо дастгирии ЮНИСЕФ рӯйи даст гирифта шуд.
Зимнан мехоҳам, ёдовар шавам, ки кӯдакистонҳо ҳам ба чунин дастгирӣ ниёз доранд.
Бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он шикоят мекунанд, ки мураббиёну омӯзгорон дониставу надониста “шеъру саҳнача” эҷод мекунанд. Агар ин ниёзмандӣ қонеъ гардонда шавад, бовар дорам, кӯлвори донишу маҳорати мураббиёну омӯзгорон бой гашта, дар ниҳоят, сифати таҳсилот ҳам боло меравад.
Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин, зикр шуд: “Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди мо барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд”.
Воқеан, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо соҳаи маориф ба таври назаррас рушд намуда, қариб тамоми мушкилиҳо дар ин самт бартараф гардиданд. Дар баробари пурра ҳал намудани камбуди биноҳои таълимӣ, давлату Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сифати таълим ва бунёди маорифи мустаҳкам ва миллӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонид.
Зарурати ин равандро Пешвои миллат дар Паёми хеш чунин шарҳ доданд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Нуктаи мазкур собит месозад, ки давлату Ҳукумати кишвар дар баробари дигар самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ барои боз ҳам вусъат ёфтан ва баланд намудани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ, дар маҷмуъ, соҳаи маориф мебошад.
Дар воқеъ, маориф дар сиёсати Ҳукумати ҷумҳурии мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун соҳаи калидӣ ва афзалиятнок эътироф гардида, он дар низоми фаъолияти ҳамарӯзаи ҷомеа нақши муҳимро иҷро мекунад. Дар кишвари мо низоми маориф муҳимтарин рукни иҷтимоӣ-фарҳангии рушди ҷомеа ба шумор рафта, тамоми табақаву қишрҳои аҳолӣ ба он чун беҳкунандаи зиндагӣ муносибати ҷиддӣ мекунанд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат низ дар ҳар баромаду суханронӣ, хусусан дар паёмҳои ҳамасолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳ махсус ба ин соҳа зоҳир месозанд ва ҷомеаи кишварро ба он ташвиқ мекунанд, ки маорифро рушд диҳанд.
Ҳадаф аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ дар кишвар мебошад. Пас, моро зарур аст, ки дар партави ин ҳидоятҳо барои татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлати худ азму талоши бештар зоҳир созем ва дар рушди маорифи кишвар саҳми худро гузорем.
Ҳусния КӮЧАРЗОДА – мудири кӯдакистони №17, ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё