Зеҳн

ПЕШВОИ ҲАҚБИН ВА АРҶГУЗОРИ ҶОНФИДОЁНИ МИЛЛАТ

БА
Барномасоз20 октябри 2026 · 11 дақиқа хондан

Номи миллатро аслан фарзандони бонангу номусаш зинда медоранд. Ва ҳар гоҳе ба роҳи паймудаи миллати хеш бо чашми хирад назар афканем, мебинем, ки бузургони ҳар давру замон чун ҳалқаҳои як занҷир бори миллатро бар дӯши хеш кашидаанд. Ин занҷир аз овони «Авасто»-ву Зардушт сарчашма гирифта, бо нағмаҳои Борбад, бо нақшаҳои Монӣ, бо сурудҳои оташкадаҳои Балху Суғд, бо шеъри Рӯдакию теғи ҷонофарини Сино, бо каломи мавзуни Ҷомию мусаввараҳои нотакрори Беҳзод, бо саъйю талошҳои тақдирсози Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзодаву Турсун Улҷабоев то ба имрӯз расидааст.

Ҳар гоҳ сухан аз бузургдошти нобиғае аз илму фарҳанг ва адаби миллати мо меравад, беихтиёр муроҷиат ба корномаву осори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, зеро медонем, ки рӯзгору осор ва хидматҳои он шахс аз назари Сарвари кишвар дур нарафтаанд.

Ва хато ҳам намекунам. Бузургдошти нобиғаҳои бузурги илму фарҳанг, адабиёти тоҷик ва дини ислом, ки бо ташаббус ва ҳидояти шахсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баргузор мегарданд ва танҳо як ёдоварии онҳо дар даҳҳо саҳифаҳо ҷой мегирад, баёнгари он аст, ки Пешвои миллат воқеан, барои эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ, шинохт ва арҷгузории бузургони миллат, ки шуҳрати ҷаҳонии онҳо насиби ҳар миллате нашудааст, аз тадбирҳои беназири Президенти кишвар мебошад.

Дар миёни он ходимони бузурги илму фарҳанг ва сиёсат, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо ҳидоят ва дастури шахсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонии воқеӣ диданд ва ба унвони олии қаҳрамонӣ сазовор шудаанд, устод Садриддин Айнӣ мебошанд. Устод Садриддин Айнӣ аз ҷумлаи он равшанфикроне буд, ки дар сафи пеши мубориза барои инқилоб ва истиқлолияти ватан қарор дошт ва баҳри ин ормонҳо талхии азобу машаққат ва маҳрумиятҳои зиёдеро чашида буд. “Таҷрибаи арзишманди таърихии мубориза барои озодӣ ва истиқлол дар асри XX - дар даврони ниҳоят мураккаби сарнавишти миллати тоҷик аҳамияти фавқулода ва ҳаётӣ дошт, – навиштааст Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари хеш “Чеҳраҳои мондагор”. - Тавре ки таърих собит месозад, дар охири асри XIX ва оғози асри XX миллати тоҷик бинобар омилҳои зиёд дар марҳалаи ниҳоят ҳассос ва хатарноки таърихи хеш қарор дошт. Асолат ва ҳатто бақои таърихии ӯ таҳти хатари бевосита қарор гирифта буд. Доираҳо ва гурӯҳҳои манфиатдор на фақат асолат ва ҳастии таърихи тоҷиконро аз ҷиҳати идеявӣ ва сиёсӣ бадқасдона инкор мекарданд, балки бо ҳамдастӣ ва мусоидати фаъоли як тоифа фарзандони нохалафи халқи мо мекӯшиданд, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати асил ва соҳибватан асири фаромӯшхонаи таърих гардад. Дар чунин даврони тақдирсоз устод Садриддин Айнӣ вориди саҳнаи пайкори муқаддаси миллӣ шуд. Муборизаи ҷасурона ва фаъолияти хирадмандонаи фарҳангиву маънавӣ, идеявӣ, адабӣ ва сиёсиву иҷтимоии ӯ дар асл корномаи бузурги миллӣ ва саҳми шоиста дар таъмини истиқлоли Ватан дар оянда буд.” Чун сухан аз қадрдониҳо ва арҷгузориҳои Пешвои миллат ба бузургони илму фарҳанг ва сиёсати миллат оғоз кардам, гуфтаниам, ки ин амр на танҳо ба хотири бузургдошти онҳо, балки бо татбиқи амалии ғояҳову ормонҳои ин ашхос анҷом меёбад. Кӯшишҳову талошҳои устод Садриддин Айнӣ баҳри эҳёи таърих, илм, фарҳанг, покизагии забон ва ҳифзи он ҳеҷ гоҳ аз таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат дур намондаанд.

Пешвои миллат ба хубӣ дарк намудааст, ки бузургдошти ашхоси бузурги илму фарҳанг дар муттаҳиддии миллат, барҷо мондани ваҳдат ва якпорчагии ватани азизамон, сафарбарии миллат ба иҷрои вазифаҳои бузурги дар пеш истода ва ҳам нақшаҳои бузурги стратегиамон мусоидат мекунад. “Пос доштани хотираи гузаштагон ва гиромидошти мероси онҳо қарзу вазифаи муқаддаси фарзандии мост”, – мегӯяд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - Вале муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо дар бобати ватандорию давлатдорӣ, худшиносиву миллатдӯстӣ аз бурду бохти гузаштагон ва аз таърих сабақи зарурӣ гирифта тавонем.

Бинобар ин омӯзиши таърихи давраи Сомониён бо таҷлили ин сана набояд ба охир расад, балки ин ҷашн бояд идомаи таҳқиқу таҳлили мунтазаму муназзами ин давраи муҳимми таърихи миллати мо гардад. Зеро тавре ки Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ 60 сол муқаддам хотирнишон карда буд, “тамоми халқи тоҷику форс дар хусуси он ки баъд аз истилои араб мисли як миллат бо забон, адабиёт ва маданияти худ дар ҷаҳон боқӣ мондаанд, аз Сомониён миннатдоранд ”.

Маҳз донистани таърихи гузашта ва бойи миллат барои ҷавонон, ки имрӯз неруи ҳаракатдиҳанда ва пешбарандаи ҷомеа дониста мешаванд, хеле муҳим ва саривақтӣ ба назар мерасанд. “ Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида – мефармоянд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон,- метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиёти нави илмию техникӣ, бо асарҳои рангорангу пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шуҳратёфтаашонро боз ҳам бештар шуҳратманд гардонанд ва дар назари оламиён исбот созанд, ки онҳо ворисони асили Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ мебошанд».

Ман дар навиштаҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби таърих ва тамаддуни тоҷикон хеле саҳафоти наверо аз таърихи нонавишта ва норавшани миллатамон дармеёбам ва аз таърихнависон ва таърихнигорони ҳамкасбам хориам меояд, ки чаро ин навиштаҳоро дастури амал намекунанд ва дар бознигарии таърихи миллатамон кӯшише намекунанд. Ҳар сол садҳо монографияву асари тадқиқотӣ пешниҳод мешавад, вале ҳамааш боз ҳам дар чаҳорчӯби пештара, ба назар мерасад, ки мо таърихнигорон аз стереотипҳо берун шуда наметавонем. Ва намедонам, ки барои таърихнигорони мо дар баёни воқеии таърих ва ё дидгоҳи нави таърихӣ барои ин кишвар чӣ чизе садди роҳ мешавад. Шояд усул ва услуби омӯзиш?! Баъзан мебинам, ки миллатҳои ҳамсояи мо, ки ба саҳнаи таърих ва давлатдорӣ қарнҳо баъд ворид шудаанд, имрӯз дар пайи эҷоди консепсияи мафкураи миллӣ ва “эҳёи таърих”

– и хеш талошҳои зиёде мекунанд ва дар ин роҳ аз марзҳои таърихиву суннатии хеш берун мешаванд. Вале донишмандони мо дар садади равшан сохтани саҳифаҳои “норавшан” ва ҳифзи воқеияти таърихӣ талоше надоранд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ин вазъ фармудааст:

“Мутаассифона, таърихи навини давлатдории миллии мо дар марзи ду аср ва умуман таърихи ҳаёти иҷтимоӣ ба таври бояду шояд ва воқеъбинона таҳлилу арзёбӣ нашудааст ва навиштани таърих, инчунин, таҳқиқи таърихи адабиёт бо диди нав ҳанӯз оғоз наёфтааст. Муроҷиат ба таърих ва адабиёти халқамон ба он мақсад аст, ки мо бояд ба ояндагон сабабҳои нотифоқиро дуруст шарҳ дода, зарурати таҳкими ваҳдати миллиро ба аҳли ҷомеа мунтазам талқин намоем. Бо итминони комил метавон гуфт, ки мероси таърихиву адабии гузаштагонамон ба бисёре аз саволҳое, ки ҳар рӯз мо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем, посухи сазовор медиҳад. Аз ин рӯ, дар даврони давлатсозии миллӣ мо бояд гаштаву баргашта, ба таҷрибаи таърихии халқамон, аз ҷумла осори таърихиву адабии гузаштагонамон муроҷиат намоем ва аз ин мероси гаронбаҳо самаранок истифода кунем”. Барои муҳаққиқону донишмандони соҳаи фарҳангу забон талошҳо ва муборизаҳои устод Садриддин Айнӣ ҷиҳати ҳифз ва гиромидошти забони модарӣ дар солҳои пурошӯби бунёди ҷомеаи навин маълум мебошад. Имрӯз ҳам ин суннати бузурги гиромидошти забони модарӣ ва ҳифзи он аз ҳар гуна фишору “бегонапарастиҳо” дар амалу суханрониҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баръало дида мешаванд. Пешвои миллат аз ҳама бештар ба ҳифзи мероси моддиву маънавии халқи тоҷик таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд ва дар баромаду суханронияҳояшон аз зарурияти эҳё ва тарғибу бузургдошти ин мероси бузурги маънавӣ таъкидҳо мекунанд. “Мо тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, забони давлатиамонро - “забони тоҷикӣ” ва номи давлатамонро “Тоҷикистон” эълон намудем, – мегӯянд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - Аз ин лиҳоз, ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки номи забону давлаташро бо дарки масъулият муаррифӣ намояд ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз созад. Мо бояд мафҳумҳои “миллати тоҷик”, “забони тоҷикӣ”, “таърихи тоҷикон”, “фарҳанги тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ”-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем. Басо рамзист, ки имсол мо 144-солагии зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айниро ҷашн мегирем. Саҳми устод Айнӣ дар пешрафти назму насри нави тоҷикӣ, илми адабиётшиносӣ, таърихнигорӣ, ҳунаршиносӣ, рӯзноманигорӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, мақолаҳои публитсистӣ, фарҳангнигорӣ ва монанди инҳо хеле бузург мебошад».

“Мардонагии фарзандони бузурги халқ Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, - таъкид мекунад Пешвои миллат, ва дигар ходимони барҷаста дар саҳифаҳои таърих ҳамеша боқӣ хоҳад монд. Агар Садриддин Айнӣ барои амалӣ гардидани ҳуқуқи тоҷикон ба доштани ҷумҳурии хеш дар Осиёи Марказӣ мусоидат карда бошад, Бобоҷон Ғафуров мустақилият ва ҳувияти хоси рушди таърихии тоҷиконро аз замонҳои қадим дар минтақа собит намуд. Ба ин васила ба кӯшиши ҳал кардани тамаддуни тоҷикон дар таркиби таърихи дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна қотеона хотима бахшида шуд. Ҳамин тариқ, заминаи истиқлолияти миллии тоҷикон, ки дар охири асри XX мукаммал гардид, гузошта шуд».

Саҳми устод Садриддин Айнӣ дар бунёд ва сохтмони Академияи улуми кишвар хеле намоён буда, бесабаб нест, ки аз аввалин раисони ин маркази бузурги илмии кишвар ба шумор мерафт.

Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ба рушди илми кишвар, тақвият ва дастгирии Академияи илм таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба ин ниҳоди илмӣ мақоми миллиро додааст.

Таҷлили чорабиниҳои фарҳангӣ, симпозиуму конференсияҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти замонавӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои ҳарсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, тавассути чорабиниҳои байналмилалӣ тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ, баргузории рӯзҳои фарҳангиву ба роҳ мондани сафарҳои ҳунарӣ ва амсоли он аз аввалин рӯзҳо дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дошт ва дорад. Таҷлили солгарду мавлуди фарзандони шоиставу фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600- солагии Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо ҷашнҳои дигар омили бузурги таконбахшанда дар роҳи баланд шудани маънавиёти ҳамдиёрони мост. Таҷлили ин солгардҳо ба мақсади тавлиду камоли ин гуна фарзандони миллат мебошанд, ки бо гузашти вақт боиси ифтихори наслҳои оянда бошанд. Миллати тоҷик таъриху фарҳанги ҳазорсолаҳоро соҳиб аст. Барои шинохти ин таърих санаҳои таърихиву фарҳангии 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоби бостон, 3000- солагии Ҳисори Шодмон, 5500- солагии Саразми бостонӣ дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки ҳазорон нафар меҳмонони хориҷӣ ҷашн гирифта шуд.

Албатта, ба як навиштан тамоми хизмату корномаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро рӯи коғаз овардан корест берун аз имконот ва воқеият. Барои ман ҳамчун шаҳрванди кишвар боиси ифтихор аст, ки дар замони идораи чунин абармарди бузурги сиёсат, фидоии роҳи истиқлолият ва шукуфоии миллат зиндагӣ ва кору бор дорам ва аз он дилпур ҳастам, ки ин шарафи бузург насиби фарзандони наслҳои ояндаи мо хоҳад гардид. Зимнан дар шароити афзунгардии равандҳо ва мушкилоти ҷаҳонишавӣ на ба ҳар як миллату халқият, хоса агар хурд бошад, муяссар мешавад, ки ба гирдоби пурталотуми он ворид шуда, аз фарҳанг, забон, таърих, ҳуввият, низоми давлатдории суннатии хеш ҳимоят кунад. Худованд ба ин миллати назаркардаи хеш пешвоеро додааст, ки дар сафи пеши фарзандони ростини миллат истода, баҳри ҳифзу амалӣ кардани ормонҳои ҳазорсолаи миллати хеш мубориза мебарад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибақл ва рӯшанфикри моро зарур аст, ки бо дарки бузурги масъулиияти таърихӣ ва авлавият додан ба масоили акуталии рӯзгори имрӯза баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегиии мамлакат саҳми худро гузорад. Имрӯз ҳар як фарди солиму соҳибақли ҷомеа он нуктаро бебаҳс мепазирад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо қадрдонии фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузошта тавонистааст, тоҷиконро чун соҳиби фарҳанги воло дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад.

Гумон мекунам, ки барои ҳар як фарди соҳибватани тоҷик ин суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дастури амал ва оини зиндагӣ бошад: “Мову шумо бояд бо дарки масъулияти баланд дар назди халқу давлати худ дар роҳи эъмори як давлати соҳибистиқлоли ҷавобгӯ ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ, инчунин, хизмати содиқонаву беғаразона ба манфиати халқ Ватанамон тамоми маҳорату малакаи худро равона карда, ба иҷрои кору вазифаи худ ҳамеша бо дасту дилу нияти пок муносибат намоем”.

Холаҳмад САМИЕВ –

н.и.т., дотсент,

декани факултети муносибатҳои

байналхалқии ДМТ,

Ҳабибҷон МИРЗОЕВ –

н.и.т., устоди ДМТ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2