Зеҳн

АНДЕШАҲОИ ИРФОНӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ АТТОР

ФЕ
Фермер19 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Дар ҳамин маврид Абдураҳмони Ҷомӣ Шайх Аттор дар самои адабиёти форсу дар «Нафаҳот-ул-унс»-и худ ёдовар тоҷик чун ситораи тобнокест, ки осори шудааст:

безаволаш хазинаи гаронбаҳои адабиёти Гирди Аттор гашт Мавлоно, Шарқро зиннат бахшидааст.

Шарбат аз дасти Шайх будаш нӯш.

Дар осори таърихию тазкираҳо омада, ки Худи Мавлонои Рум ҷои дигар ин дар хурдӣ Шайх Аттор бо Мавлоно матлабро рӯшантар баён намудааст:

Ҷалолиддини Балхии Румӣ вохӯрда, Аттор рӯҳ буду Саноӣ ду чашми ӯ, «Асрорнома»-и ӯро ҳамчун ганҷи бебаҳо Мо аз пайи Саноиву Аттор омадем.

туҳфа гирифтааст. Баъди ба камол Дараҷаи камоли маънавӣ ва мартабаи расидан, Мавлоно нисбат ба ӯ эътиқоди рӯҳонии Шайх Аттори Нишопурӣ то ба он комил пайдо мекунад.

ҳад буд, ки аксар нобиғагон расидан ба пояи ӯро барои худ амри ғайривоқеӣ медонистанд. Тавре дар ин маврид Ҷалолиддини Балхӣ баён доштааст:

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт, Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Муаллифи маснавии «Гулшани роз» Шайх Саъдиддин Маҳмуди Шабистарӣ, ки яке аз муътақидони Аттор буд, муҳаббати хешро нисбат ба ин пири хирад бо байтҳои зерин иброз доштааст.

Маро ин шоирӣ худ ор н-ояд, Ки дар сад қарн як Аттор н-ояд.

Фаридуддини Аттор аз хеш осори зиёдеро ба мерос гузоштааст, ки аксари ин таълифот то ба айёми мо омада расидаанд. Асари аз ҳама калонҳаҷми насрии ӯ «Тазкират-ул-авлиё» мебошад. Асари мазкур ба таври комил дар Эрон ва Тоҷикистон чоп шуда, дастраси хонандагон гардидааст. Дигар асарҳои манзуми ӯ «Хусравнома», «Асрорнома», «Мантиқу-т-тайр», «Мусибатнома» мебошад. То кунун девони ғазалиёти шоир дастраси хонандагони тоҷик нагардида буд. Танҳо ғазалҳои ҷудогонаи ӯ дар «Гулшани адаб» ва «Дурдонаҳо» пешкаши хонандагону ҳаводорони тоҷик гардида буд. Бо кӯшиш ва эҳтимоми адабиётшинос Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ девони Фаридуддини Аттор аз тариқи нашриёти «Дониш» ба табъ расид. Ин девон барои хонандагони тоҷик армуғони нодире мебошад, ки солиёни дароз дар интизор ва истиқболаш буданд. Дар девони мураттабгардида қариб аксари ғазалиёти шоир ҷой дода шудаанд. Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ дар пешгуфтори худ ба девони шоир оид ба Аттор-шоири ғазалсаро муфассал ва бисёр ҳадафрас сухан гуфтааст. Масалан, доир ба мавзуи ғазалиёти шоир изҳор намудааст; «Бештари ғазалҳои Аттори Нишопурӣ аз васфи ишқи раббонӣ, иртибот ба шоҳиди ғайбӣ, тасвири тасаввурӣ, таваҷҷуҳ ба камоли маънӣ ва ҷамоли лоязолӣ иборатанд. Он чӣ бештар дар ин қабил ғазалҳои шайх назаррабост, дарёфтҳои ирфонии ӯянд. Бале, девони шайх Аттор заминаи аслии тасаввуф ба шумор рафта, дар он ғазал барои зебоии тасвирҳои хаёлӣ ва рангу ороиш истифода шудааст. Дар ин маврид шоир, пеш аз ҳама ошиқ аст.»

Услуби баён ва забони гуфтор дар ғазалиёти шоир хеле сода, фаҳмо, равон ва диққатҷалбкунанда аст. Ҳар як ғазали шоир маънӣ ва матлаби хосеро, ки ифодагари тахайюлоти ӯ мебошанд, ифода кардааст. Ном ва тахаллуси шоир низ, ки мақтаи ғазалҳо бо ишораи онҳо ба поён мерасанд, ба моҳияти андешаҳояш иртиботи қавӣ доранд. Оташи ишқи азалӣ армуғони ом нест. Ин оташ ба қалби касе меафтад, ки ба қавли Аллома Иқбол, «Эй хуш он банда, ки бар лавҳи дил ӯро бинвишт» ва ин мушк касеро расад, ки соҳибмашом аст. Шоир дар асоси ин гуфтаҳо байтҳои зерро овардааст:

Ишқро ҳаргиз намонад равнақе,

Ҳар касе гар соҳибасроре шавад.

Сад ҳазорон қатра гардад нопадид,

То яке з-он дурри шаҳворе шавад.

Чун касеро бӯй навбад з-ин ҳадис,

Кай шавад мумкин, ки Атторе шавад.

Ҳарфи ошиқ ҳарфест, ки чун ба дил зад, бо ҳазор шуъла аз забон мебарояд ва ошиқ дигар ихтиёри манъи баёни онро надорад:

Даруни сина беш аз нуктае нест,

Чу ояд бар забон, поён надорад.

Инсонро аз тақдир ва он чи лавҳи сарнавишти ӯ навишта шудааст, гурез нест. Аммо агарчи инсон побанду муқайяди лавҳи маҳфузи худ, яъне ҳукми қазо аст, асири нафс ва хостаҳои нафсонӣ ҳам аст. Вуҷуди Инсон, чун бо ғаризаи нафс побанд аст, раҳоӣ аз он амри маҳол аст.

Аттор низ чун як инсони воқеӣ аз ин маҳлака дар канор набуд. Дар яке аз ғазалҳои худ вазъи рӯҳии худро ба таври зайл баён намудааст:

Зи ҳар касе чӣ шикоят кунам? Чу медонам,

Ки ҷурми ман зи ман асту балои хеш манам.

Ба ҳеҷ рӯй маро нест растагорӣ рӯй,

Ки ҳаст душмани ман дар миёни пираҳанам.

Дар байти поён Шайх Аттор латифае хубе пардохтааст. Ӯ мегуяд, ки агар бо табъ мусоидат кунад, пайрави Иблис мегардад ва агар бо нафс омезад, ҳамнишини Аҳриман мегардад. Миёни ин ҳарифон музтар мондааст:

Агар мувофиқи табъам, надими Иблисам,

В-агар мутобиқи нафсам, ҳарифи Аҳриманам.

Ҳар кӣ аз ҷоми ишқ шароб нӯшид, мастиаш аладдавом гардад ва дигар барои ӯ ду қавн бо як карашмаву нози маъшуқ баробар намеояд. Ошиқ биму ҳаросе набувад ва ӯ барои расидан ба маъшуқ манзилҳои зиёдеро тай мекунад ва хатарҳои азимеро таҳаммул мекунад. Ҷафои ёр барои ошиқ вафо аст, хорҳои ёр дар роҳи ошиқ мефиканад, гулзор бувад ва ҳалқаи дор барояш пайванди ҷовидонӣ бо маъшуқ аст. Ин маъниро шайх Аттор дар ғазалиёташ ба таври сареҳ такрор ба такрор сурудааст:

Ай дил, ту ҷафои ёр мандеш,

Дарнеҳ қадаму зи кор мандеш.

Ҷӯяндаи дурр зи ҷон натарсад,

Гул металабӣ, зи хор мандеш.

Мансур тӯӣ, бизан «аналҳақ»,

Таслим шаву зи дор мандеш.

Вуҷуди ошиқ бе маъшуқ ҳеҷ аст, агар ошиқ дард аст, маъшуқ дармон аст, маъшуқ манзилу ошиқ солик аст, ошиқ кишт асту маъшуқ борон аст. Агар ошиқ тайр аст, маъшуқ Сулаймон аст, ки бо фаҳми суханҳои ӯ меравад. Агар маънӣ ҳақ бошад, бурҳонаш ҳақтаъоло аст. Аттор дар ҳар як нафас бо ёди маъшуқи ғайбии хеш аст ва лаҳзае бе ӯ буданро набудан меҳисобад ва маъниҳои печидаи дар фавқ овардаро чунин равону фасеҳ баён кардааст.

Ишқи ту дард асту дармонаш тӯӣ,

Ҳаст ошиқ сурату ҷонаш тӯӣ.

Кишти ҳастӣ хӯша-хӯша ҷав ба ҷав,

Марзи беоб асту боронаш тӯӣ.

Мантиқ-ут-тайри суханҳои маро

Кас намедонад, Сулаймонаш тӯӣ.

Сайлигул ГУЛОВА –

муовини директор оид ба илми

мактаби №10-и ноҳияи Восеъ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2