ТАШАККУЛИ ХУДБАҲОДИҲИИ ДОНИШҶӮЁН
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳама зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконият истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем».
Тавре маълум аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосиро ба тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибкасб ва босалоҳият равона намудааст. Сифати таълим ва тарбияи насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, умуман, дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз омӯзгор ва дараҷаи омодагии касбии ӯ вобаста мебошад. Муваффақияти мактабу маориф аз дараҷаи дониши касбӣ, тайёрии назариявӣ ва маҳорати педагогии муаллим, аз дуруст ташкил карда тавонистани ҷараёни таълим ва то кадом андоза худро ба шароит мутобиқ карда тавонистани омӯзгор вобаста мебошад. Ба зиммаи омӯзгор кори аз ҷиҳати моҳият муҳим – яъне, таълим ва тарбияи насли навраси созанда ва пешбарандаи талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати демократӣ гузошта шудааст.
Дар ҳаёти инсон ҳамеша ду шакли инкишоф якҷо амал менамояд, ки онро инкишофи касбӣ ва инкишофи шахсӣ меноманд. Инкишофи касбӣ ва шахсӣ омилҳои ҷудонашаванда буда – якҷоя ташаккул меёбанд ва бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд ва яке ба дигаре таъсир расонида, онро такмил мебахшад.
Рушд шахсияти муаллими оянда ба равияҳои зерин ҷудо мегардад: мазмуннокӣ, муҳити инкишоф ва технология, усулҳо ва воситаҳои тайёрии касбӣ, муносибати бошуурона ба касби интихобнамуда. Омилҳои муҳими инкишофи шахсӣ тавсифи интегралии мутахассис, зарурати дарки тағйирёбиҳо, дигар сохтани ҷаҳони ботинии ӯ ва ҷустуҷӯи имкониятҳои нави худзоҳиркунӣ дар меҳнат ва баланд бардоштани дараҷаи шуури касбӣ ва қобилияти шахсиро талаб менамояд. Мувофиқи ақидаи С.Л. Рубинштейн: «худшиносӣ - пеш аз ҳама, нишон додани марзи ҳаётии хеш, дарк кардани имкониятҳои воқеии хеш, дурнамои инкишофи шахсӣ ва касбӣ мебошад, ки ба таҷрибагузаронии доимӣ ҳидоят менамояд».
Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ – касбиятро сайқал дода, ба инкишофи он такон мебахшад, имконият медиҳад, ки ҳар кас бо роҳи интихоб озодиро дарёбад ва дар ҳама чиз масъулиятро ҳис кунад. Хоҳиши худбаҳодиҳӣ дар шахс дар шароите рӯй медиҳад, ки зарурати дарки худидоракунӣ ба вуҷуд омада бошанд. Дар ҷараёни ба ҳаёти мустақилона воридшавии насли наврас, ғамхории аз ҳад зиёди падару модар ва муаллиму мактаб онро халалдор менамояд.
Ин ҷараён то дами хатм намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ давом меёбад. Иқтидори худидоракунӣ дар асосӣ худбаҳодиҳӣ ба сифатҳои инкишофи шахсии хеш ва қиёс кардани онҳо бо сифатҳои мавҷудаи ҳамсолон ва идеали хеш ошкор мегардад.
Мақсади ин муқоисакуниҳо дар он мебошад, ки донишҷӯ бо ҳамсолон ва идеалҳои интихобнамуда монанд шавад, ки ин тадбир дар бисёр ҳолат натиҷаи хуб медиҳад. Агар донишҷӯ ба фарҳанги баланд, рафтори ҳамида, одоби нек тақлид намояд, хуб ва қобили қабул аст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
ҳуҷҷати ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошад, ки алоқаи оила, мактаб ва ҷамъиятро бештар ба ҳам пайваста, сифати корро дар самти таълиму тарбия баланд мебардорад. Қайд намудан бомаврид аст, ки масъалаи ташаккули худбаҳодиҳии ҷавондухтарон дар маркази диққати оила, мактаб ва аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ кам қарор мегирад. Мавқеи он ҳамчун механизми озоди танзимбахши педагогӣ – равонӣ кам баҳогузорӣ карда мешавад.
Мушоҳидаҳои мушаххаси психологӣ имкон медиҳад, ки «муҷассамаи» гурӯҳи мушаххасро офарем ва онро аз рӯи нишонаҳои синну сол, ҷинс, майлҳои арзишӣ муайян созем. Дар ҳар як гурӯҳи таълимӣ донишҷӯёни сусттарбия, беинтизом, душвор ва аз оилаҳои носолим мавҷуданд, ки ба худбаҳодиҳии рафиқонашон таъсир расонида, боиси тақлиди дигарон мегарданд. Дар чунин лаҳза омӯзгороне бояд мавҷуд бошанд, ки ба рафтору кирдори бача баҳои дуруст дода тавонанд ва онҳоро ба роҳи фаъолияти мустақилона ҳидоят намоянд. Худбаҳодиҳӣ- ҳамчун хусусияти муҳими ташаккули шахсият, сохти мураккаби таркибӣ – динамикӣ дорад.
Дар давраи худбаҳодиҳӣ чун анъана ду тамоил пеш меояд:
1. Захираи дониши инсон дар бораи худаш; 2. Дараҷаи гуногуни умумияти маълумот дар бораи хеш ва нуқсонҳои дар хеш дошта.
Инкишоф додани ҳар яке аз ин омил дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошанд.
Шаклҳои асосии худбаҳодиҳӣ инҳоянд:
- шакли умумии маълумот;
- системаи худбаҳодиҳии шахсӣ;
- афкори ҳамдигар ва фикри атрофиён;
- сифатҳои мушаххаси равонӣ ва ҷисмонӣ;
- инкишоф додани назари танқидии шахс ба амалҳои хеш;
- ҷустуҷӯи роҳу усулҳои раҳоӣ ёфтан аз норасоиҳо.
Нишондиҳандаи худбаҳодиҳии умумӣ ва шахсиро бояд чун тартиб дар чунин шакл ифода намуд: мувофиқ – номувофиқ, муътадил – номуътадил, баланд – паст, воқеъӣ – намоишдиҳанда, бошуурона – бешуурона, боварибахш – нобоварона.
Худбаҳодиҳӣ дар шароиту вазъиятҳои гуногун: қатъиян ва яктарафа муайян сохтани сифат ва ба таври проблемавӣ ифода намудани муносибат нисбат ба худ; Дар ин ҷо, се намуди худнамоӣ ва вазифаҳои ба онҳо дахлдоштаро ҷудо менамоем:
- баҳои пешбинонаи имкониятҳои хеш ва муайян кардани муносибат ба онҳо;
- баҳои умда ба самти равона гардидани амалиёт ва рафтор;
- баҳои дараҷаи инкишофи ба даст оварда, ҷамъбасти фаъолият ва оқибати рафтор ва баҳодиҳии одилона ба он.
Дар ягон тадқиқот ва пажӯҳиш дар мавзуи тавсифи ҷараёни худбаҳодиҳӣ оид ба сохт, таркиб ва динамикаи худбаҳодиҳӣ ягон коре ба анҷом расонида нашудааст. Ин ниҳоят масъалаи муҳим ва дорои аҳамияти калон мебошад.Ҳам ҷавондухтар, ҳам донишҷӯ, ҳам омӯзгор ва ҳам аҳли ҷамъият дар рӯҳияи ба амалиёти худ баҳо дода тавонистан бояд тарбия карда шаванд.
Дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва муассисаҳои олии касбӣ ва мавқеъгирӣ дар он бо заҳмати зеҳнӣ алоқаманд буда, аз ҳар фард ҷиддияти иродавиро талаб менамояд. Афзун гардонидани дониш дар ҷараёни таълим, инкишофи зеҳниро таъмин намуда, имкониятҳои эҷодиро такомул мебахшад.
Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи зарурат донишҷӯро маҷбур месозад, ки ба муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ ворид гашта, масъалаҳои ҳамкорӣ ва ғамхорӣ нисбат ба одамонро ёд гирад. Шахсияти донишҷӯ ва ҷавондухтарон дар ҷараёни таҳсил ва ҳамкорӣ ташаккул ёфта, ба дарк кардани нуқсонҳои мавҷудаи шахсӣ шуруъ менамояд. Дар ҷараёни таҳсил бо касоне муносибат менамояд, ки аз минтақаҳои гуногун, оилаҳои гуногун ва зинаи гуногуни маъданият ва ахлоқ бо ӯ дар ҳамбастагӣ таҳсил мекунанд. Дар муҳити онҳо омӯзгори оянда худро ҷустуҷӯ карда меёбад ва дар рафтору кирдори хеш, дар ҷаҳони ботинияш чизҳои хубтаринро хоста мегирад ва камоли маънавӣ ва ахлоқӣ меёбад.
Холбибӣ ҲАСАНОВА – омӯзгори калони Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё