Зеҳн

ПАҲНОВУ УМҚИ НИЗОМИ КРЕДИТӢ

ФЕ
Фермер19 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии «Кредит» истилоҳи лотинӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани маънояш «вай боварӣ дорад» аст. Ин сифати таълим, омода намудани истилоҳ, ки дар низоми таҳсилот мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори истифода мешавад, бо мақсад, мазмуну дохилӣ ва берунии кишвар, сафарбар мундариҷа ва таъйиноти худ, аз намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил истилоҳи «кредит», ки дар низомҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонкӣ ё ҳисоботӣ ва муҳосибӣ мавриди мамлакатҳои хориҷӣ ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ нигаронида корбаст қарор дорад, куллан фарқ шудааст. Яъне, махсусияти низоми кредитии мекунад. Ин мафҳум дар низоми таҳсилот дар он зоҳир мегардад, ки дар таҳсилот ҳамчун воҳиди ченак бо номи меҳвари он донишҷӯ қарор дорад. Ин низоми «кредит – боварӣ», яъне бовари байни таҳсилоте мебошад, ки бо роҳи баланд омӯзгор ва донишҷӯ хизмат мекунад.

бардоштани сатҳи худомӯзӣ ва азхудкунии инфиродии дониш, интихоби раванди таълим дар доираи вақти муайян аз тарафи донишҷӯ ва баҳисобгирии ҳаҷми дониш дар шакли кредитҳо мутахассисон тайёр карда мешаванд. Тибқи Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2018, №18/35 тасдиқ шудааст, 1 кредит ба 24 соати академӣ баробар аст. Давомнокии 1 соати академӣ 50 дақиқа мебошад.

Ҳамин тариқ, кредит дар низоми таҳсилот меъёри вақтест, ки барои омӯзиши фанни таълимӣ ҳар ҳафта дар давоми як семестр сарф мешавад. Мафҳумҳои асосии низоми кредитии таҳсилот инҳоанд: Барномаи кории фан (БКФ, силлабус), давраи академӣ, имтиҳони ниҳоӣ, имтиҳони фосилавӣ, кори мустақилонаи донишҷӯ, кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор (КМРО), кредит, низоми холдиҳӣ – рейтингӣ, триместр, тютор, фанҳои интихобӣ (элективӣ), фанҳои ҳатмӣ ва эдвайзер.

Барномаи кории фан (БКФ, силлабус) ҳуҷҷати асосии таълимию методие мебошад, ки дар он таснифоти фанни таълимӣ, мақсад, вазифаҳо ва мазмуни мухтасари он, мавзуъ ва давомнокии машғулиятҳои дарсӣ, шарҳи мазмун ва мундариҷаи кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор, вақти гузаронидани машварат, талаботи омӯзгор, номгӯи адабиёти ҳатмии иловагии истифодашаванда, ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ, снҷишҳои ҷорӣ ва имтиҳонҳои фосилавиро дар бар мегирад.

Аз як тараф, БКФ (силлабус) тавсифҳои асосии фанро дар бар гирифта, ҳамчун нақша ба сифати раҳнамои раванди омӯзиши мустақилонаи фанни дахлдор аз тарафи донишҷӯ хизмат мекунад, аз тарафи дигар, онро як навъи махсуси созишномаи байни омӯзгор ва донишҷӯ (кредит

– боварӣ) донистан ба мақсад муофиқ аст. Маҳз бо шарофати ҳамин ду хусусияташ БКФ (силлабус) ҳамчун ҳуҷҷати асосии низоми кредитии таҳсилот эътироф карда мешавад.

Даври академӣ даври муайяни таҳсил аст, ки аз тарафи коллеҷ муайян карда мешавад.

Миқдори ҳафтаҳои таълими назариявӣ дар як даври академӣ бо назардошти хусусиятҳои миллӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ барои ихтисосҳои равияи тиббӣ то 17 -18 ҳафтаро дар бар мегирад.

Имтиҳони ниҳоӣ шакли ниҳоии назорати фаъолияти донишҷӯён оид ба азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо буда, тибқи талаботи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ барои ҳар як даври академӣ дар баробари ба охир расидани ҳафтаҳои таълими назариявӣ қабул карда мешавад. Имтиҳони ниҳоӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ (компютер) ё ба таври анъанавӣ (шифоҳӣ, қабули корҳои хаттӣ) аз ҷониби комиссия гузаронида мешавад.

Имтиҳони фосилавӣ шакли назоратест, ки бо мақсади муайян намудани дараҷаи азхудкунии барномаҳои фанҳои таълимӣ аз ҷониби донишҷӯён дар давоми ҳар як даври академӣ ду маротиба гузаронида мешавад. Имтиҳони фосилавӣ аз ҷониби омӯзгорони фаннӣ ё маркази тестии коллеҷ ва эдвайзер қабул карда мешавад.

Кори мустақилонаи донишҷӯ. Яке аз махсусиятҳои низоми кредитии таҳсилот, иҷро кардани кори мустақилона аз тарафи донишҷӯ ба ҳисоб меравад.

Иҷрои тамоми навъҳои кори мустақилонаи донишҷӯ ҳатмӣ ва назоратшаванда мебошад.

Натиҷаи иҷрои мустақилонаи донишҷӯ дар фаъолона ширкат варзидан ҳангоми баргузор шудани машғулиятҳои аудитории лексионӣ – назариявӣ ва амалӣ, семинарҳо, корҳои лабораторӣ ва супурдани тестҳо ва дигар шаклҳо ифода мегардад.

Бе иҷро намудан ва супоридани корҳои мустақилона ба сессияи имтиҳонӣ роҳ додани донишҷӯён ва аз курс ба курс гузаронидани онҳо қатъиян манъ аст.

Корҳои мустақилонаи донишҷӯ дар ду шакл иҷро карда мешаванд: КМРО ва КМД.

  1. Кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор (КМРО).

Яке аз шаклҳои кори аудитории донишҷӯ, мустақилона аз худ намудани маводи таълимӣ бо роҳбарии омӯзгор буда, кори мустақилонаи идорашаванда аст.

  1. Кори мустақилонаи донишҷӯ (КМД).

Мақсади асосии КМД на фақат мустаҳкам, васеъ ва амиқ кардани дониш, малака ва маҳорат аст, балки омӯзиши мустақилона ва бе кумаки дигарон аз худ намудани маводи нав мебошад. КМД вобаста ба фанни омӯхташаванда дар шакли навиштани реферат, омода кардани супоришҳои тестӣ, пайнавиштҳо, навиштани конспекти сарчашмаҳо, сохтани ҷадвалҳо, диаграммаҳо, расмҳо, плакатҳо, буклетҳо ва тайёр кардани видеомуаррифӣ (презентатсия), омода кардан ва ҳалли кейсҳо, тартиб додани луғати истилоҳот ва ғайра амалӣ карда мешавад.

Кредит воҳиди ифодакунандаи сарфи меҳнати донишҷӯ барои азхудкунии барномаи таълимӣ буда, ба 24 соати академӣ баробар мебошад.

Низоми холдиҳӣ рейтингӣ низоми марҳила дар рафти машғулиятҳои дарсӣ, иҷрои кори мустақилона (КМРО ва КМД), супоридани санҷишҳои ҷорӣ, имтиҳонҳои фосилавӣ, ҷамъ овардани ҳолҳо аз тарафи донишҷӯён ва дар ин асос ба имтиҳони ниҳоӣ иҷозат гирифтани онҳо мебошад. Барои иҷозат гирифтан ба имтиҳони ниҳоӣ ба даст овардани на камтар аз 25 хол муқаррар карда шудааст.

Триместр семестри иловагии таълими назариявӣ ва супоридани имтиҳонҳо мебошад, дар як соли таҳсил ду маротиба триместр: дар давраҳои таътили зимистона – моҳҳои январ – феврал ва тобистона – моҳҳои июн- июл гузаронида мешавад. Ба триместр донишҷӯёне роҳ дода мешаванд, ки дар давраи асосии сессияҳои имтиҳонӣ (зимистона ва тобистона) аз фанҳои таълимӣ қарздоранд ё хоҳиши баланд бардоштани баҳои худ аз фанҳоро доранд.

Тютор омӯзгорест, ки ба донишҷӯён аз фанни муайян машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, амалӣ, лабораторӣ ва машваратҳо мегузаронад, инчунин, ба таҷрибаомӯзии онҳо роҳборӣ мекунад.

Фанҳои интихобӣ (элективӣ) фанҳои таълимие, ки аз ҷониби донишҷӯ интихоб карда мешаванд.

Фанҳои ҳатмӣ фанҳои таълимие, ки омӯзиши онҳо тибқи нақшаҳои намунавии таълимии ихтисосҳои амалкунандаи коллеҷ ҳатмӣ мебошад.

Эдвайзер омӯзгори роҳбаладест, ки ҳамчун маслиҳатчӣ ба донишҷӯёни ихтисоси муайян дар интихоби самт – таҳсил, тартибдиҳии нақшаи фардии таълим ва азхудкунии барномаи таълим дар давраи таҳсил кумак мерасонад.

Дар ҳақиқат, агар низоми таълим дуруст бошад, манфиати зиёде ба даст меояд, раванди таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон бомуваффақият пеш меравад.

Ойгул БОЗОРОВА – омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2