Зеҳн

РЕКОРДҲОИ ГЕОГРАФӢ (ҶАҲОНӢ)-И ОБ

ФЕ
Фермер19 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, бештари оби сайёраи Замин шӯр буда, он 94%-ро ташкил медиҳад. Оби ширин бошад, 6%-и умумии оби сайёраро ташкил карда, ба ҳиссаи он: обҳои зеризаминӣ (4,3%), ях (1,7%), обҳои рӯизаминӣ (0,029%), оби атмосфера (0,001) ва оби дарёҳо (0,00015) дохил мешаванд.

1. Қисми зиёди сайёраи Заминро об ташкил медиҳад, яъне об 71% ва хушкӣ 29%-и сатҳи сайёраро фаро гирифтааст.

2. Захираи аз ҳама зиёди об дар уқёнусҳо буда, 94%-и оби сайёраро дар бар мегирад ва он 70,92%-и сатҳи Заминро пӯшидааст.

3. Дар нимкураи шимолӣ 61% ва дар нимкураи ҷанубӣ 81%-и сатҳи сайёраро об пӯшонидааст.

4. Чуқурии миёнаи уқёнуси ҷаҳонӣ 3930 метрро ташкил медиҳад.

5. Уқёнуси ҷаҳони бори нахуст соли 1650 ҷуғрофидони нидерландӣ Б.Варениус ба панҷ уқёнуси алоҳида ҷудо намуд.

6. Калонтарин уқёнус Ором буда, 49%-и уқёнуси ҷаҳониро ташкил медиҳад.

7. Хурдтарин ва сардтарин уқёнус Яхбастаи Шимолист, ки 4%-и уқёнуси ҷаҳониро дар бар мегирад.

8. Шӯртарин ва гармтарин уқёнус Ҳинд аст, ки 21%-и уқёнуси ҷаҳониро ташкил медиҳад.

9. Шӯртарин баҳри олам Сурх буда, шӯрии оби он 42% аст (уқёнуси Ҳинд).

10. Чуқуртарин нуқтаи уқёнуси ҷаҳонӣ новаи Мариана буда, ҷуқуриаш ба 11022 метр мерасад (уқёнуси Ором).

11. Чуқуртарин баҳри канори уқёнус Филиппин буда, ҷуқурии он 10830 метр аст (уқёнуси Ором).

12. Чуқуртарин баҳри дохилӣ Миёназамин буда, чуқуриаш ба 5112 метр мерасад.

13. Хурдтарин сатҳи чуқурии баҳр дар Азов аст, ки нуқтаи ҷуқуртарини он 14,5 метр аст (Россия).

14. Калонтарин баҳри олам Марҷон буда, масоҳаташ 4 791 000 километри квадратӣ ва чуқуриаш 9 140 метр мебошад (уқёнуси Ором).

15. Калонтарин халиҷи олам халиҷи Банғола аст, ки масоҳати он 2 172 000 километри квадратиро ташкил медиҳад (уқёнуси Ҳинд).

16. Дарозтарин гулӯгоҳи олам Малакка буда, 780 километр дарозӣ дорад (Суматра, Индонезия).

17. Васеътарин гулӯгоҳи байниқитъавии ҷаҳон Дрейка аст, ки васегии аз ҳама хурдаш ба 950 километр ва нуқтаи аз ҳама чуқуриаш ба 5000 метр мерасад (Аргентина).

18. Тангтарин гулӯгоҳи байниқитъавӣ Босфор буда, 30 километр дарозӣ ва 27,7 метр чуқурӣ дорад (Туркия).

19. Калонтарин фиорди ҷаҳон Вест-Фиорд мебошад, ки дарозиаш 255 километр аст (Норвегия).

20. Баландтарин мадди оби баҳр дар халиҷи Финди рӯй медиҳад, ки баландии ба 19,6 метр мерасад (Канада).

Таҳияи Номвар ҚУРБОНОВ

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2