ТАШКИЛИ ХУДИДОРАКУНӢ ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТҲО
Мураббӣ ҳар як бачаи нав ба интернат дохилшударо ба ин ё он гурӯҳ дохил Ҳалли муваффақиятноки вазифаҳои намуда, бояд дар бораи дастпарварони тарбиявӣ ва маърифатбахшӣ дар мактабояндаи худ пешакӣ маълумоти муфассал интернатҳо ба бисёр омилҳо вобаста аст.
дошта бошад. Тарбиятгарон дар натиҷаи Муҳимтарини онҳо ба вуҷуд овардани суҳбат бо падару модарон, шахсони ҳайати муттаҳиди бачаҳо мебошад, ки онҳоро ивазкунанда, омӯзгорон, омӯхтани ташаккули он аз лаҳзаҳои ба интернат парвандаҳои шахсӣ ва суҳбат бо худи қабул кардани бачаҳо оғоз ёфта, минбаъд бачаҳо дар бораи аҳволи саломатӣ, дар тамоми намудҳои фаъолияти онҳо қобилият, комёбиҳои таҳсил ва малакаҳои давом мекунад, то вақте ки меҳнатии таълим, хусусиятҳои феълу тарбиятгирандагон хоҳ – нохоҳ бо якдигар, атвор ва рафтору одоби онҳо маълумотҳои бо тарбиятгарон ва омӯзгорон, бо зарурӣ гирд оварда метавонанд. Ба мактабколлективҳои ибтидоӣ ва умумиинтернатӣ интернатҳо бачаҳои аз синфи 1 то синфи дар робитаву муносибат мебошанд.
11 (дар мактаб-интернатҳои асосӣ аз Мусаллам аст, ки ҳуқуқу вазифаҳои онҳо дар синфи 1 то 9) қабул карда мешаванд.
асоси "Қоидаҳо барои хонандагон" ба амал Шумораи хонандагони аксарияти мактаббароварда мешаванд.
интернатҳои наздимактабӣ аз сад нафар зиёд нест. Дар ин гуна маврид интихоби тарзи махсуси пурра кардани ҳайати тарбиягирандагон талаб карда мешавад. Дар интернатҳои калони наздимактабӣ барои ташкили гурӯҳҳои хонандагони синну солашон гуногун имкониятҳои калон мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин, дар ин интернетҳо ҳам аксар вақт гурӯҳҳои синну солашон гуногун ва хонандагони синфҳои ҳамсоя ташкил карда мешаванд. Бинобар он, дар вақти ташкили гурӯҳҳои хонандагон дар мактабҳо баргузор намудани машғулиятҳоро тавре ба назар гирифтан лозим аст, ки хонандагони синфҳои 1-1V-Х-Х1 дар басти якум таҳлил кунанд. Ба вуҷуд овардани гурӯҳҳо аз хонандагони синну соли якхела кори тарбиятгаронро осон мегардонад, зеро дар ин маврид ҳайати хонандагон каму беш якхела аст:
гурӯҳҳои хурдсолон аз “Ахтарон” ва “Ворисони Сомониён”, гурӯҳҳои калонсолон асосан аз “Сомониён” иборат мебошанд. Дар ин гуна мавридҳо шавқу ҳавас ва талаботи онҳоро ба назар гирифтан, дар вақти дарстайёркунӣ корро мувофиқи матлаб ташкил намудан, фаъолияти гуногуни берун аз синфро тақвият додан зарур аст. Бо мақсади бартараф намудани ҳодисаи ногувори аз калонсолон ҷудо кардани хурдсолон, одатан ба гурӯҳҳои хурдсолон ва миёнасол аз ҷумлаи аъзои созмони “Сомониён” бештар хонандагони боинтизом ва нағз мехондагӣ (2-3 – нафарӣ) дохил карда мешаванд. Онҳо ёрдамчиёни боэътимоди тарбиятгар мешаванд, обрӯю эътибори калон пайдо намуда, сазовори ҳурмату эҳтироми хонандагон мегарданд, ба онҳо таъсири мусбати тарбиявӣ мерасонанд.
Ташкили худидоракунии бачаҳо омили муҳимми ҳаёти коллектив мебошад. Дар интернатҳои наздимактабие, ки то 40 нафар хонанда доранд, сардори гурӯҳ ва ду нафар ҷонишини ӯ, дар интернатҳои наздимактабие, ки бештар аз 40 нафар хонанда дорад, шӯрои интернат интихоб карда мешавад, ки вай аз раиси шӯро, ду нафар ёрдамчӣ ва чор нафар узви комиссия: комиссияҳои таълимӣ, фарҳангӣ-оммавӣ, хоҷагӣ ва санитарӣ иборат аст. Дар назди шӯрои интернат гурӯҳи васеи фаъолонро муттаҳид кардан мумкин аст, ки онҳо сарварони оилаҳо, муҳаррирони рузномаҳои деворӣ ва ғайра мебошанд. Шӯрои интернат дар ибтидои соли таҳсил интихоб карда мешавад. Номзадҳоро ба ҳайати он роҳбари созмони муассиса хоста мегирад. Кумита дар бораи номзадҳои пешбинишуда розигии директори мактаб-интернатро гирифта, онҳоро ба маҷлиси умумии тарбиятгирандагон тавсия мекунад. Шӯрои интернат ба тарбиятграндагон ёрӣ мерасонад, ки иҷрои реҷаи рӯз, қоидаҳои низоми дохили муассисавиро таъмин намоянд. Шӯро кори худхизматрасониро ташкил менамояд ва вазъияти хуби тозагиро дар хобгоҳҳо ва биноҳои ёрирасон нигоҳ медорад, дар интернат ва ошхона навбатдории хонандагонро ба роҳ мемонад, барои гурӯҳи пешқадам мусобиқа мегузаронад, масъалаҳои ҳавасмандгардонии беҳтаринҳоро ҳал мекунад, кори берун аз синфӣ ва истироҳати тарбиягирандагонро ташкил менамояд. Тамоми кори шӯро ва комиссияҳои он аз рӯи нақша, ки бо розигии кумитаи созмонҳо тартиб дода шудааст, пеш бурда мешавад. Дар ҷамъомадҳои шӯро, ки ҳар ҳафта барпо мегардад, масъалаҳои ҷории маишӣ ва интизоми тарбиятгирандагон баррасӣ гардида, ҳисоботи раисони комиссияҳо ва сардорон шунида шунидаву намунаҳои кор тақсим ва натиҷаҳои мусобиқа ҷамъбаст мешавад. Ҳар як комиссияи шӯрои интернат бояд вазифаҳои муайянеро ба ҷо орад. Масалан, комиссияи таълимӣ барои фароҳам овардани шароити зарурӣ ба дарстайёркунӣ, бештар самарабахш истифода бурдани кабинетҳои мактаб, асбобҳои таълим ва дигар таҷҳизоти таълим ёрӣ мерасонад, гурӯҳҳои ёрии байниякдигарӣ ва нуқтаҳои консултатсиядиҳӣ ташкил мекунад, дар бораи ба олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои гуногуни дар муассиса баргузор гардида ҷалб кардани тарбиягирандагони мактаб-интернат ғамхорӣ менамояд, лавҳаҳои таълимиро оро медиҳад, муваффақиятҳои дар таълим ба даст овардаи хонандагонро мунтазам ба ҳисоб мегирад, аз рӯйи мутолиаи адабиёти бадеии берун аз барнома, хондани рузномаю маҷаллаҳои бачагона назорат мекунад.
Комиссияи фарҳангӣ дастаҷамона шунидан ва тамошо кардани барномаҳои радио ва телевизионро ташкил менамояд, ахбори сиёсӣ ва шабнишиниҳо мегузаронад, барои кори ҳайати таҳририяи рӯзномаҳои деворӣ масъул мебошад, коллективҳои ҳаваскорони санъат ва намо.иши кинофилмҳоро ташкил менамояд. Комиссияи санитарӣ (тозагӣ) дар мактаб-интернат тозагӣ ва тартибот, риоя кардани қоидаҳои гигиенаи шахсии хонандагон, тоза кардани ҳавои хонаҳои истиқоматӣ, дар ҷои мувофиқ нигоҳ доштани маводи ғизоӣ сари вақт ба тарбиятгирандагон додани хӯрокро назорат мекунад. Ходими тиббие, ки дар мактаб-интернат фаъолият менамояд, ба кори комиссияи санитарӣ роҳбарӣ мекунад, ба вай ҳаматарафа ёрӣ мерасонад, аз ҷумла, барои духтарон шароити зарурии гигиениро фароҳам меорад.
Комиссия хоҷагӣ кори тарбиягирандагонро дар хоҷагии ёрирасон ташкил мекунад, онҳоро ба тайёр кардани озуқа барои фасли зимистон, ба таъмири ашёи мактабӣ ҷалб менамояд, тартибот ва эҳтиёт кардани таҷҳизот ва асбобу анҷоми биноҳои ёрирасон (пойафзолхушккунӣ, хонаҳои маишӣ, либосмонакҳо, даҳлезҳо ва ғайра)-ро назорат мекунад, дар ҳудуди мактабинтернат тартиботро нигоҳ медорад, дар ободонию кабудизоркунии он иштирок мекунад, аз тарафи тарбиягирандагон риоя карда шудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, хусусан, риоя кардани қоидаҳои зидди сӯхторро зери назорат мегирад.
Вазифаи роҳбари мактаб-интернат аз он иборат аст, ки кори мақомоти худидоракунии хонандагонро дар интернат назорат карда, ба онҳо ёрӣ расонанд. Дар мавридҳои зарурӣ омӯзгорон, мураббиён, коркунони хоҷагӣ ва тиббиро ба ёрии онҳо ҷалб намоянд, ба ҳодисаҳои иваз кардани кор, ба монеъ шудан ба ташаббус ва мустақилияти худи хонандагон, аъзои шӯрои интернат ва комиссияҳои гуногун бояд роҳ надиҳанд.
Карамхудо СОИБНАЗАРОВ – омӯзгори калони кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии МД ДҶТИБКСМ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё