Зеҳн

ОМӮЗГОР, МАКТАБ ВА ВОҚЕИЯТ

ФЕ
Фермер19 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Паёмадҳои шиддати “фирор”-и омӯзгорон: курсҳои кӯтоҳмуддати муаллимтайёркунӣ мекушоем, ё фазои холии мактабро бо донишҷӯён пур месозем?

Дар идома хабари норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна аз ҳар Шуруъ аз аввали соли хониши 2021-2022 рӯ ҷониб ба гӯш мерасид. Алорағми ба муҳоҷират овардани муаллимони мактабҳои вазъи беҳтари иҷтимоии омӯзгорони миёна шиддат ёфт. Аввалин маротиба бонги пойтахт нисбат ба омӯзгорони изтироб аз вилояти Хатлон шунида шуд: 750 минтақаҳои кишвар, ҳатто дар шаҳри муаллим ба муҳоҷират рафтанд... Айни ҳол Душанбе ҷойҳои холӣ бо донишҷӯён сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон пур шуда истодаанд. Миёнаҳои моҳи Ашӯралӣ Олимӣ зимни нишасти матбуотӣ ноябри соли равон хабаргузории гуфт, ки давоми соли 2021 аз вилояти Хатлон “Азия+” доир ба ин мавзуъ матлабе зиёда аз 2 ҳазор омӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки рафтааст. Дар вилояти Суғд вазъ аз ин ҳам давоми як соли ахир ҳудуди 2400 нигаронкунанда аст.

омӯзгори мактаби миёна дар вилояти Суғд тарки пеша кардаанд ва нигаронӣ аз ин ҷиҳат дар ҳоли афзоиш аст.

Агар танҳо ба омори пешниҳоднамуда аз вилоятҳои Суғду Хатлон такя кунем ва ҳисоб кунем, ки дар як мактаб ба ҳисоби миёна 40-50 нафар омӯзгор кор мекунад, пас натиҷа чунин аст: Дар як соли охир чанд мактаб дар ин ду вилоят куллан бе омӯзор монданд? Ин маънӣ, албатта, чунин маъно надорад, ки ҳамаи ин мактабҳо комилан бе муаллим бошанд, не.

Мушкил ин аст, ки норасоии омӯзгорон тақрибан дар ҳамаи мактабҳо дида мешавад.

Саволе ба миён меояд, ки норасоии 2400 омӯзгор дар вилояти Суғд ва 750 омӯзгор дар вилояти Хатлон ё ... чӣ паёмадеро пешорӯ қарор медиҳад? Хонандагон бе муаллим монданд, ё фазои холӣ бо донишҷӯён ва нафароне, ки таҳсилоти касбӣ надоранд, пур карда шуд? Муаммо ин ҷост, ки аксар хатмкардагони риштаи педагогӣ кор дар мактабро интихоб намекунанд ва норасоии омӯзгорон аз ҳисоби онҳо бартараф карда намешавад. Ин ҷо як қатор мушкил ҷой дорад:

  1. Аксар довталабон танҳо ба хотири нарафтан ба хизмати ҳарбӣ риштаи омӯзгориро интихоб мекунанд.

  2. Духтарҳо танҳо бо хоҳиши волидон ва бо ин андеша, ки “ба онҳо дар оянда танҳо иҷозаи кор дар мактаб дода мешавад” ба ихтисосҳои омӯзгорӣ мегараванд.

  3. Гурӯҳи дигар, баъд аз ин ки дар тақсимоти асосии довталабон аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ба ягон ихтисоси дигар роҳ намеёбанд, дар тақсимоти такрорӣ ноилоҷона омӯзгориро интихоб мекунанд (ин гурӯҳ одатан касоне ҳастанд¸ ки саводи кофӣ надоранд).

  4. Кам будани маблағи шартномаи ихтисосҳои омӯзгорӣ нисбат ба дигар ихтисосҳо сабаби таваҷҷуҳи довталабон мегардад.

Инҳо сабабҳои асосие ҳастанд, ки донишҷӯён баъди хатм кор дар мактабро пеша намекунанд ва мушкили норасоии омӯзгорони хубро бештар мегардонанд. Саволе ба зеҳн хутур мекунад, ки чаро аз миёни наврасон ва донишҷӯён ками дар кам ҳастанд нафароне, ки бо ҳавас ин роҳро интихоб кунанд? Ё чаро маҳз имрӯзҳо “дили собиқадорон аз мактаб мондаву” онҳо роҳ ба сӯйи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд?

Коршиносон ва собиқадорон атрофи ин мавзуъ дар гурӯҳи фейсбукии маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” андешаронӣ карданд. Ҳарчанд қисми зиёди шарҳҳо танҳо эҳсос ва эҳтимолианду ягон асос надоранд, ҳастанд андешаву иттилооте, ки хонандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Чунончӣ:

Юнус Ҳасанов: Аз ноҳияи Ҷайҳун ҳам 161 нафар омӯзгор ба Россия рафт. Яке аз сабабҳо осон шудани раванди гирифтани шаҳрвандии Федератсияи Россия мебошад. Ин категорияи одамон (омӯзгорон) барои дарёти шаҳрвандӣ имтиёз доранд.

Баҳодур Сулаймонов: Маоши омӯзгор кам. Болои маош кам будан, пулғункуниҳо бисёр, қариб ҳар моҳ аз ин ё он мақомот тафтиш меоянд, аммо ин санҷишҳо комилан бефоидаанд, чун ба хотири рушди касбияти омӯзгор ва саводи хонандагон нестанд. Омӯзорони тасодуфӣ бисёр шудаанд...

Холмуроди Атозода: Аксар мактабҳо ҳоло аз рӯи мақоли “Шавад обӣ – нашавад лалмӣ” кор карда истодаанд. Муаллими хуб кам аст, аз ҳамин сабаб, ҳар кас ба кор омад, қабул кардан мегиранд. Фазо ҳеҷ гоҳ холӣ намешавад. Як шогирди бесаводамро то моҳи июн ба зӯр оварда хатм кунондем. Моҳи сентябр ба кор омада, бинам, ки омӯзгор шудааст. Ҳайрон шудам... Баъд фаҳмам, ки тариқи фосилавӣ ба донишгоҳ дохил шуда, ҳамзамон, ба кор ҷалб шудааст. Чӣ тавр мумкин аст? Мо фазои холии мактабро бо чӣ пур карда истодаем?

Сафиалло Абдуллозода: Оё боре андеша кардаед, ки агар ин раванд ду соли дигар давом ёбад, мо ба куҷо мерасем? Чаро иқдоме гирифта намешавад?

Мукаррамхӯҷа Мелиев: Мақоми омӯзгор дар ҷомеа бо сабаби ҷалби онҳо ба корҳое, ки ба онҳо дахл надоранд, поён рафта истодааст: иштирок дар ҳашару шанбегиҳои бешумор, баҳисобгирии молу амволи сокинони деҳот дар дафтари хоҷагии ҷамоат, пур кардани курсиҳои маҷлису ҷамъомадҳои мақомоти маҳаллӣ, кумак ба ҷамъоварии андози сокинони маҳал, иштирок дар ҳашари пахтачинӣ, масъулият дар таъмини либоси ягона, таъмини хонандагон дар кинову консертҳое, ки ба мактаб меоянд, саҳмгузорӣ дар пардохти маблағҳои ҷаримаи Хадамоти оташнишонӣ, идораи беҳдошти санитарӣ, ШКД ва додситонӣ...

Раҳимҷон Машарифов: Дар давоми ду моҳи охир 5 нафар омӯзгори ҷавони мактаби мо (МТМУ 22-и ноҳияи Деваштич) касби омӯзгориро, ки бо сарф намудани маблағу вақту неруи зиёди зеҳнӣ ба даст дароварда буданд, тарк намуда, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Бешак, ин ҳол боиси баланд шудани сатҳи зиндагии онҳо ва паст гардидани сифати таълим дар муассиса хоҳад гашт. Ба замми ин, 2 нафар омӯзгорро ба хидмати аскарӣ бурданд. Дар ҷамъ 11 нафар аз аввали соли хониш корро бас карданд.

Алӣ Назар: Ё бо хонандагон кор мекунем (дарс мегузарем), ё тибқи талабот бастаи нолозими ҳуҷҷатҳоро дуруст кардаву аз пайи коғазбозӣ мешавем.

Бисёранд омӯзгороне, ки назари худро дар ин маврид иброз доштаанд, аз ҷумла, ҳамон омӯзгороне, ки корро дар мактаб партофта, рӯ ба муҳоҷират овардаанд.

Баъди омӯзиши назари зиёда аз 1000 омӯзгор пешниҳодҳои зерин рӯйи даст омаданд:

сарбории ҳуҷҷатнигорӣ барои омӯзгоронро кам карда шавад; санҷишҳои беасос (ё асоснок, аммо бешумор)-и сохторҳои алоҳида коҳиш ёбанд; сафархарҷӣ барои иштирок дар курсҳои такмили ихтисос пурра пардохт гардад; низоми таълим дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва факултаҳои омӯзгории дигар донишгоҳу донишкадаҳо такмил ва қабули довталабон аз тасодуфиҳо коҳиш ёбад, чун аксар омӯзгорони ҷавон сарфаҳми одитарин қоидаҳо, аз ҷумла, банақшагирии раванди таълим намераванд ва ё баъди ба даст овардани диплом фаъолияти омӯзгориро интихоб намекунанд; маблағи обуна ва дигар хароҷоти ба он монанд аз ҳисоби мактаб пардохт гарданд; омӯзгоронро ба рӯзномаву маҷаллаҳои ғайрисоҳавӣ, аз ҷумла, ба нашрияҳои хусусӣ, ки ба мактабу маориф дахл надоранд, обуна накунанд; барои кам кардани иштироки омӯзгорон дар чорабиниҳо чора андешида шавад; тарғиби таҷрибаи омӯзгорони фаъолу собиқадор тавассути васоити ахбори омма бештар ба роҳ монда шавад; қарори ба дигар вақт гузаронидани адои хизмати ҳарбӣ барои омӯзгорони ҷавон аз ҷониби мақомоти дахлдор қотеона риоя гардад; аз ҳисоби маблағҳои иттифоқи касаба фиристодани омӯзгорон ба осоишгоҳҳо ба назар гирифта шавад (кофӣ нест).

Раванди тарки касб намудани омӯзгорон сабабҳои гуногун дорад ва набояд аз ин ҳолат ҳангома барпо кард. Дар кишвар даҳҳо муассисаи таҳсилоти касбие ҳастанд, ки омӯзгор омода мекунанд. Беҳтараш, сари он маслиҳат кунем, ки омӯзгорони ҷавонро чӣ тавр бояд ҳавасманд кард? Фикр мекунам, таҷрибаи пешиниён, ки собиқадорон дастгири ҳар кору қадами ҷавонон мегаштанд, ба кори хубашон баҳо додаву дар ислоҳи камбуди амалашон маслиҳатҳо медоданд, барқарор карда шавад, хубтар аст. Ҳамзамон, гиромидошти хотири омӯзгорони собиқадор ҳам набояд аз мадди назари ҷавонон дур монад. Дар ҳарду ҳолат мақомоти маҳал бояд ҳамеша меҳнати омӯзгоронро қадр намояд. Дар ин ҳолат бовар кардан мумкин аст, ки мактаб бе омӯзгори хуб намемонанд.

Нурулло ҒАФУРИЁН –

масъули гурӯҳи “Маорифи Тоҷикистон”

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2