ОМӮЗИШИ ОМЕХТА ВА ЗАРУРАТИ ТАТБИҚИ ОН
Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф дар системаи таҳсилоти миллӣ аз бахшҳое ба шумор меравад, ки дар замони муосир муҳиммият ва зарурати он беш аз пеш эҳсос мегардад. Зеро равшан аст, ки ҳама гуна таълиму тарбия ва фаъолияти пурсамари омӯзгорон аз маҳорати касбии онҳо ва дар навбати худ, маҳорати омӯзгорон ба сатҳи фаъолияти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он вобастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки ин бахш дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифта шудани омӯзгорон пайваста таъкид мегардад. Омӯзиши адабиёти мавҷуда, таҷриба ва мушоҳидаҳои амалӣ нишон медиҳанд, ки чунин омилҳо ин бахшро беш аз ҳар вақти дигар муҳим намудааст:
1. Таъсири рӯзафзуни иттилоот дар тамоми соҳаҳои истеҳсолоту иҷтимоиёт; 2. Тағйироти босуръат дар соҳаи техника ва технология:
3. Пайдо гардидани салоҳиятҳои гуногун дар идоракунӣ; 4. Талаботи зудтағйирёбандаи бозори меҳнат.
Ҳамон гунае гуфтем, сатҳи босалоҳиятии хонандагон аз омӯзгор ва маҳорати касбии ӯ вобаста аст. Чун маҳорати омӯзгорон дар рафти таълиму тарбия нақши муҳим дорад, омӯзгорон вазифадоранд, ки ҷиҳати баландбардории маҳорати касбии худ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” низ омӯзгоронро уҳдадор менамояд, ки бо мақсади такмили маҳорати касбии худ такмили тахассус намоянд.
Мусаллам аст, ки омӯзгорон метавонанд бо роҳҳои гуногун такмили ихтисос кунанд. Хоса дар замони муосир, ки шабакаи умумиҷаҳонии интернет барои ҳамагон дастрас мебошад. Аммо, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки яке аз роҳҳои асосии баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон, пайваста дар курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои омӯзишии муассисаҳои такмили ихтисос иштирок намудани омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Азбаски такмили ихтисоси омӯзгорон яке аз омилҳои асосии баландбардории маҳорати касбии онҳо ба шумор меравад, зарур аст, то дар ин бахш мунтазам, бо дарназардошти пешрафти илм ва ба вуҷуд омадани шаклҳои инноватсионии таълим ислоҳоту навовариҳо сурат гирад. Зеро, омӯзгорону кормандони соҳа маҳз барои воқиф гардидан аз пешравию дастовардҳои соҳа ба курсҳо фаро гирифта мешаванд. Аз ин ҷост, ки мебояд роҳҳои инноватсионии такмили ихтисоси омӯзгорон бо дарназардошти талаботи замони муосир коркард шуда, раванди илман асосноки он озмоиш карда шавад. Пайваста таҷдиди назар намудани мазмуну муҳтавои такмили ихтисоси омӯзгорон ва рӯ овардан ба самтҳои инноватсионии он метавонад раванди фаъолияти ин бахши муҳимро боз ҳам самараноктар намояд. Илова бар ин, айни ҳол дар доираи дастгириҳои соҳа “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” татбиқ карда мешавад, ки гузариш ба муносибатҳои нави ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар системаи такмили ихтисоси омӯзгорон яке аз талаботҳои он ба шумор меравад.
Имрӯзҳо дар соҳаи илму маориф бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузоштан имкон надорад. Аз ин лиҳоз, ворид ва ҳамгиро сохтани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба раванди таълим ва ба ин васила, самараноку муосир гардондани соҳа ташаббуси саривақтӣ ва муҳим аст.
Истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар ташаккул ва такмили ихтисоси омӯзгорон метавонад ба таври васеъ дар модели “Омӯзиши омехта” ба роҳ монда шавад.
Омӯзиши омехта дорои шаклҳои гуногун буда, ҳатто метавонад дар раванди дилхоҳ машғулияти таълимӣ дар муассисаҳои тахсилоти умумӣ аз ҷониби омӯзгорон ба роҳ монда шавад. Ин ҷо мехоҳем вобаста ба истифодаи модели “Омӯзиши омехта” дар раванди такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, ки намунаи он дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) “Ҳамроҳ бихонем” озмоиш шуда, ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон таъсири мусбат расонид, иттилоъ диҳем.
Омӯзиши пажӯҳишҳо дар ин самт маълум менамояд, ки модели “Омӯзиши омехта” як навъ фарогирии барномаи таълим буда, толибилм тавассути он аз муассисаи таълимии дар масофаи дур воқеъ гашта бо роҳи омӯзиши ҳузурӣ, воситаҳои аудиоӣ, биноӣ ва малакаҳои техникӣ таълим мегирад. Аз омӯзиши нозукиҳои чунин навъи таҳсилот ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин методи мустақилона омӯхтан буда, технологияи иттилоотӣ воситаи асосии татбиқи он маҳсуб мегардад. Дар шароити имрӯза аз ҳама роҳи муфид, методи интерактивии ба ҳам алоқаманди шунавандагон тавассути алоқаи иртиботию иттилоотӣ мебошад, ки он бо ёрии сомонаи интернетӣ амалӣ мегардад. Дар системаи такмили ихтисос ба роҳ мондани омӯзиши омехта метавонад чунин имкониятҳоро фароҳам орад: ҳамгиро сохтани омӯзиши рӯ ба рӯ ва фосилавӣ; коҳиш ёфтани сафархарҷии омӯзгорону кормандони ба курсҳои такмили ихтисос фарогирифташаванда (маблағҳо барои роҳ, ҷойи хоб, хӯрок ва дигар самтҳо); таъмин гардидани модели сезинагии такмили ихтисос – муассисаи таълимӣ, раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои такмили ихтисос; гузаронидани теъдоди бештари шунавандагон аз курсҳои такмили ихтисос; ҷоннок кардани хӯдомӯзии омӯзгорон; тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои такмили ихтисос; беҳтар гардидани сифати курсҳои такмили ихтисос бинобар сабаби аз воситаҳои муосири технологияи инноватсионӣ истифода кардан; канда нашудани омӯзгорон аз раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ; додани имконият ба омӯзгорон ҷиҳати дар вақтҳои барои ӯ мусоид такмили тахассус намудан; шароити мусоид фароҳам овардан барои фарогирии таҳсил аз фосилаи дур; самаранок ба роҳ мондани раванди ташкилу баргузории курсҳо, новобаста ба шароити иқлимӣ - гармию сардии ҳаво; дар муҳити гуногун ва тавассути воситаҳои мухталиф ба роҳ монда шудани омӯзиш; ба омӯзгорон таъмини имконият ҷиҳати барқарор намудани робита бо ҳамкасбон аз тамоми ҷумҳурӣ; теъдоди зиёди омӯзгоронро дар муддати кӯтоҳ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидан; зуд муайян гардидани натиҷаҳои омӯзиши курсҳо ва вобаста ба мушкилиҳо саривақт расондани кумаки методӣ; ба вуҷуд овардани имконияти баррасии камбудию норасоиҳо ва пешниҳоди таклифҳо ба омӯзгорон.
Курсҳои такмили ихтисоси озмоишии аз рӯйи модели “Омӯзиши омехта”, ки айни ҳол низомномаи он коркард шуда истодааст, ба воситаи платформаи рақамӣ барои омӯзгор, платформаи рақамӣ барои роҳбалад, гунаи чопии маводи назариявӣ, дафтари корӣ, маҷмуи наворҳои методӣ, портфолиои омӯзгор ва дигар мавод ба роҳ монда шуда, аз модулҳо бо қисмҳои назариявӣ, машқҳои амалӣ ва иҷрои супоришҳои тестӣ ва як қатор чорабиниҳои дигар амалӣ карда шуд. Омӯзиши омехта ба воситаи марказҳо - маркази методии минтақавӣ (МММ), маркази иттиҳодияҳои методии омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ, платформаи рақамии омӯзгор, дарс ва портфолиои омӯзгор ба роҳ монда шуд, ки аз ин ҷиҳат тавонистем то ҷое модели сезинагии такмили ихтисоси омӯзгоронро таъмин карда бошем. Дар ин ҷо вобаста ба ҳар як марказ ба таври мухтасар маълумот медиҳем.
Маркази методии минтақавӣ (МММ) - аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти имкониятҳои муассиса ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо дар марказҳои ҷамоат ва шаҳру ноҳияҳо таъсис дода мешаванд. Дар ин марказҳо аз ҳисоби омӯзгорони фаъолу дорои таҷрибаи пешқадам (роҳбарони иттиҳодияи методӣ) роҳбаладон муайян шуда, муассисаҳои таълимии гирду атроф бо фармоиши раёсат ё шуъбаи маориф ба он аъзо мешаванд. Дар ин машғулиятҳо аз ҳар муассисаи аъзо вобаста ба теъдоди омӯзгорони муассиса роҳбари иттиҳодияи методӣ ва омӯзгорони ботаҷриба иштирок мекунанд. Машғулиятҳо дар рӯзи методии тахассуси гузаронидамешуда дар як моҳ ду маротиба аз ҷониби роҳбалади сатҳи ноҳия, ки аз ҷониби донишкада ё филиалҳо вобаста шудаанд ва роҳбалади МММ гузаронида мешавад.
Иштирок дар машғулиятҳо ҳатмӣ ба ҳисоб меравад.
Иттиҳодияҳои методӣ - маркази омӯзишии 2-юм, иттиҳодияҳои методии омӯзгорон ба ҳисоб рафта, дар татбиқи ин модел нақши муҳим дорад. Зеро ин марказ барои гузаронидани машғулиятҳо дар сатҳи муассисаҳои таълимии аъзо, таҳлил ва баррасии мушкилоту комёбиҳои иштирокчиёни курсҳо истифода карда мешавад. Роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ё омӯзгорони дар машғулиятҳои сатҳи МММ иштирок карда, ҳамзамон, барои омӯзгорони муассисаи худ як ҳафта баъд аз оғози омӯзиш дар МММ машғулият мегузаронанд.
Платформаи рақамии омӯзиши омӯзгорон. Метавон гуфт, ки ин марказ асосан аз ҷониби омӯзгорон ба тариқи хӯдомӯзӣ татбиқ карда мешавад. Ҳар як омӯзгори дар курс фарогирифташуда/шунавандаи курсро мебояд нахуст дар платформаи рақамӣ сабти ном шаванд (барои сабти ном шудан дастурамал таҳия карда шудааст ва ҳамзамон, роҳбаладон бевосита кумак мекунанд). Пас аз сабти ном шудану ба омӯзгорон имконияти истифодаи платформа фароҳам шудан, модулҳои таълимии дар платформа ҷой додашуда ё дигар маводи методӣ аз ҷониби омӯзгор мустақилона омӯхта мешавад. Шунавандаи курс пас аз омӯхтани модулҳо тестҳоро иҷро мекунад. Дар сурати холҳои дахлдорро соҳиб шудан ба тариқи автоматӣ дар платформа соҳиби сертификат шудан, ба омӯзгор хабар дода мешавад. Ҳамзамон, дар платформа шароите муҳайё шудааст, ки шунавандагон бо шунавандагони дигар ва роҳбалад саволҳои гуногунро баррасӣ мекунад. Табиист, ки кори платформа ба воситаи интернет амалӣ карда мешавад. Метавон гуфт, ки шояд мешавад ҳолате, то шунавандагон наметавонанд аз ин воситаҳо истифода кунанд. Дар иртибот ба ин, ҳамон гунае, ки қаблан гуфтем, гунаи чопии онҳоро низ метавонем ба омӯзгорон дастрас намоем.
Платформаи рақамии роҳбаладон. Мусаллам аст, ки ташкилу ба роҳ мондани омӯзиш агар як тарафи кор бошад, тарафи дигар, мушоҳида ва расонидани кумаки методӣ мебошад. Маҳз ана ҳамин самти кор ба воситаи Платформаи роҳбалад татбиқ мешавад. Роҳбаладони сатҳи ноҳиявӣ ва муассисаҳои такмили ихтисос ба воситаи платформаи роҳбалад метавонанд назорати раванди омӯзиши омӯзгорони ба онҳо вобасташударо назорат карда, барои ба таври самаранок ба роҳ мондани омӯзиш ёрии методӣ расонанд. Инчунин, ба дарсҳои омӯзгорон иштирок намуда, дарси ӯро мушоҳида ва тавассути ин платформа тавсияҳо медиҳад.
Синфхона. Яке аз вазифаҳои омӯзгорон дар раванди курсҳои такмили ихтисос, дар амал татбиқ намудани усулҳои нави дар раванди такмили ихтисос азхудкарда мебошад. Ин маркази омӯзишии бевосита ба ҳамин самти фаъолият бахшида мешавад. Роҳбалад дар ин қисмат нақшаи дарсӣ ва раванди дарси омӯзгорро мушоҳида намуда, тавсияҳои худро медиҳад.
Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки “Омӯзиши омехта” аз бисёр ҷиҳат ҳамчун модели самаранок ба ҳисоб рафта, дар замони кунунӣ гузаштан ба он ногузир мебошад. Омӯзиши омехта дар гузариш ба системаи сесолаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар ҳолате, ки метавонанд теъдоди курсу иштироки омӯзгорон дар курсҳо ба маротиб зиёд шавад, низ яке аз моделҳои беҳтарин ба шумор меравад. Ҳатто истифодаи ин модел метавонад ба омӯзгорон имконият фароҳам орад, ки бе хароҷоти назаррас ҳар сол вобаста ба ниёзҳои худ такмили тахассус намоянд.
Шосафар АКОБИРОВ –
муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ,
Абдусаттор НАҶМИДДИНОВ –
муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия,
Сафарбек СОБИРОВ –
мушовири ректори донишкада, кормандони ДҶТИБКСМ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё