МИНБАРИ АФКОРИ ОЗОДАГОН
Дуруст аст, ки дар ҷаҳони муосир матбуот дар сабқати дарёфти ахбор Матбуот минбари муқаддаси оммавӣ имконоти кам дорад, аммо афзалияташ он аст, ки тавассути он бо ҷомеа сухан аст, ки пояи эътимоднокии ахбори мегӯянду муколамаву робитаҳоро ба роҳ матбуот устувортар мебошад. Хоҳу нохоҳ мегузоранд. Матбуот бо муколамаи худ рӯҳи иттилоотии матбуот қатъи назар аз маълум менамояд, ки маърифат кардани муроқибони қавӣ (интернет ва ҷаҳони воқеӣ аз қонуниятҳои маълум таркиб телевизион) бо баъзе унсурҳои таҳлилии ёфта, минбарест, ки ҳар як ҷузъи ҳаёти классикӣ боқӣ мондааст. Тавре ҷомеаро ташхису тавзеҳ медиҳад. Матбуот мушоҳидаву таҳқиқҳо нишон медиҳанд, дар муколамаи иҷтимоӣ имкони зиёд дорад ҳарчанд имрӯз нақши маънавию ва ин муколамаҳоро муассиси он барои амалӣ фарҳангии матбуот бартарият дошта гардонидани нақшаву ҳадафҳои пешгузошта бошад ҳам, вале шинохти муқаддами истифода мебарад. Ин муколамаҳо сурати матбуот дар такя ба ахбори сареъ вазифаи ягонаву шахшударо соҳиб нестанд ва дар иттилоотиву маълумотии он аст, ки дар домани ин муколамаҳо садҳо фикру андешаи домани андешаву афкори муайян сурат мусбату манфӣ матраҳ мешаванд. Матбуот мегирад. Бо назардошти ин ҷиҳат матбуот дар тасаввури хонанда андешаву пиндори дар қолаби чандрасонаӣ дар сабқат фаъол навро пайдо месозад ва ин фикр метавонад, будан мехоҳад. дар партави ақидаҳои ислоҳотпарваронаву Матбуот дар кишвари мо роҳи бунёдкорона қарор дошта бошад.
тайкардаи таърихии худро дорад ва ба типҳо (расмӣ-давлатӣ, ҳизбӣ, ҷамъиятӣсиёсӣ, маҳаллӣ, соҳавӣ ва ғ.) ҷудо шудани матбуоти ватанӣ гувоҳи он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби хазинаи беминнати таърих – яъне, матбуот мебошад. Аслан дар миёни рӯзнома ва маҷалла фарқу тафовути куллӣ гузоштан чандон саҳеҳ намебошад. Якеро фаъолу якеро нофаъол ва якеро муҳиму дигареро номуҳим гуфтан мантиқан ғалат аст. Танҳо бояд донист, ки ҳамчун воситаи иртиботиву расонанда яке аз дигаре бо оҷилият фарқ дорад.
Фарқи дигар он аст, ки маҷалла муқова дошта, аз нигоҳи шумораи саҳифаҳо нисбатан зиёд аст. Яъне на якуму дуюму сеюм, ки дар пайи ҳамдигар меистанд, балки дар арзишу аҳамият дар паҳлӯи ҳамдигаранд. Аслан ҳар як воситаи ахбор бо рисолату вазифаи хос дар ҷои худ қарор дорад ва яке дигереро дар ҳолати зарурӣ ҳимоят мекунаду тақвият мебахшад. Ҳадафи мо ин аст, ки маҷалла дар системаи матбуоти тоҷик аз оғоз то имрӯз рисолатҳои бузургеро анҷом додааст. Замоне он хосияти иттилоотиву хабариро низ молик буд ва бо гузашти вақт он ба минбари баланди андешаву афкор табдил ёфт.
Махсусан, нақши маҷалла дар баланд гардидани сатҳи маънавии ҷомеа ҳамеша бузург мебошад.
Дар фаъолияти Вазорати маориф ва илм матбуоти соҳавӣ нақши умда дорад, ҳатто метавон гуфт, матбуоти соҳаи маориф ба рушду инкишофи кишвар ва ташаккули маърифати мардум аз ибтидо таъсири махсус расонда тавонистааст. Имрӯз сертиражтарин нашрияҳои соҳавии ҷумҳурӣ ва ҳам серхонандатарин марбут ба Вазорати маориф ва илм мебошанд. Дар ин самт маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” истисно нест. Дар мутобиқат ба унвони маҷалла, ин нашрия аз рӯзҳои аввалини таъсис то имрӯз ҳеҷ гоҳ аз баррасиву инъикоси масъалаҳои маҷмуии соҳа дур намондааст. Муҳимтар ва волотар аз ҳама, ин маҷалла дар тарбияи худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши устувори худро нигоҳ доштааст.
Маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” сисола мешавад ва дар робита ба фаъолияти се даҳсолаи он метавон гуфт, ки маҷалла аллакай собиқаи комилеро дар ҳама ҷабҳаҳои эҷодӣ соҳиб гардидааст. Дар асарҳои таълимиву таҳқиқии соҳаи журналистика дар бораи таъсис ва хусусияту таъйиноти маҷалла маълумоти хеле маҳдуд вуҷуд дорад. Дар китобҳои Иброҳим Усмонов, Давлат Давронов ва Наргис Усмонова, ки мушаххас дар бораи таърихи матбуот мебошанд, дар бораи ин нашрия чизе гуфта нашудааст. Танҳо дар феҳристномаи “Фарҳанги рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои Тоҷикистон”, ки соли 1999 аз ҷониби Даврон Ашӯров таҳия гардидааст, ба таври хеле мухтасар дар бораи маҷалла чунин гуфта мешавад: “Адаб”- маҷаллаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, моҳи апрели соли 1997 таъсис ёфта, моҳе як маротиба дар ҳаҷми 6 ҷузъи чопӣ ба забони тоҷикӣ нашр мешавад”. (саҳ.131) Маълумоти китоб дуруст нест ва тавре маълум аст, ин маҷалла ду моҳ қабл аз қабули Эъломияи истиқлолият дар соли 1991 таъсис дода шудааст. Дар бораи таъсиси маҷалла маълумоти аввалин сармуҳаррири нашрия ва яке аз созмондиҳандагони он - Шамсуллоҳ Исломи Неконӣ (Шамсуллоҳ Исломов) саҳеҳ буда метавонад: “Маҷаллаи “Адаб” ҳамсоли давлати тозаистиқлоли тоҷикон аст, ки бори аввал дар таърихи 8 январи соли 1991 ҳамчун нашрияи илмӣ-оммавӣ ва таълимию методии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардид ва шумораи нахустини он дар арафаи Иди забон бо теъдоди 3,5 ҳазор нусха нашр гардид.” Агар он соли аввали нашр ба теъдоди 3500 нусха чоп шуда бошад, соли 1992 ин теъдод ба 6000 нусха расид. Сармуҳаррири аввалини маҷалла Шамсуллоҳ Исломов буд. Баъди чанд соли фаъолият роҳбарӣ ба дӯши Шодӣ Шокирзода вогузор гардид. Феълан вазифаи сармуҳарририи маҷалларо Саида Набизода ба дӯш дорад. Соли 2006 маҷалла тағйири ном кард ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм “Маорифи Тоҷикистон” номгузорӣ шуд. Бояд зикр кард, ки маҷалла аз оғози таъсисёбӣ то замони ивази ном асосан мақолаҳоеро ба табъ мерасонид, ки мазмуни онҳо барои худшиносии ҷомеа, рушди тафаккури хонандагон, дастгирии омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик нигаронида шуда буд. Аз соли 2004 теъдоди мақолаҳои таълимӣ, методӣ ва таҳлилӣ дар саҳифаҳои маҷалла бештар мавқеъ пайдо кард. То имрӯз агар хато накунем, 200 шумораи маҷалла ба табъ расидааст.
Замоне довталаби мактаби олӣ будему маҷаллаи “Адаб”-ро ба даст мегирифтем. Дар саҳифаҳои он ба табъ расидани нодиртарин ганҷинаҳои фарҳанги ниёгон диққати моро ҷалб мекард. Дар саҳифаҳои он нашр гардидани ғазалиёти пуршӯру ирфонии адибони классикро таҳаввулоти амиқи маънавӣ медонистем. Дар ҷое хонда будем, ки ин маҷалла бо назардошти беҳ гаштани вазъи забони модарӣ барои муалимони фанни забону адабиёт таъсис дода шудааст. Ин ҳукм воқеият дошт, дорад ва хоҳад дошт. Баъд аз 15 соли фаъолияти нашрия, дар яке аз мақолаҳои он дар соли 2005 ин ҷумларо дарёфтам, ки ба қалами Сафар Абдулло тааллуқ дошт ва боварам боз ҳам афзуд, ки дар ҳақиқат маҷалла рисолати тарбиявию ахлоқии баланд дошта, хитоби доимие ба муаллимони забону адабиёти тоҷик дар ҳама давраҳо мебошад. Ҳанӯз аз солҳои аввали таъсисёбӣ, шаклу усулу қолаби таълим ҳеҷ гоҳе аз мадди назари муаллифони дурбин канор намондааст. Яъне ҳам усули таълим ва ҳам дарси худшиносӣ бо ҳам таҷзияи аҷиб пайдо кардаанд: “Ба ёди устоди фарзонаам Шарифҷон Ҳусейнзода, ки адабиётро ба мо ошиқона дарс медод... Муаллими адабиёт бо баёни ширин метавонад огоҳӣ диҳад, ҳушёрӣ диҳад, бурдборӣ омӯзад, бедорӣ омӯзад ва шогирдонро ба худшиносии миллӣ роҳнамун созад.” Таъйинот ва самти фаъолияти маҷалла дар он солҳо ғалат набуд ва баъди ҳафтод соли бунбасти маънавӣ чунин ҷараёнҳо ногузир буданд. Матбуот дар навбати аввал маънавиёту маърифат мебошад, ки зина ба зина бо пешрафти ҳаёт ин рисолатро дар қолабу шаклҳои нав пайваста тағйир додааст. Матбуот бо он ки номаи рӯзро менигорад ва мадду ҷазри зиндагии ҳаррӯзаро инъикос мекунад, чун як махзани илмӣ аҳамият низ дорад. Ҷузъиёти мухталифи зиндагӣ дар саҳифаҳои он инъикос мешавад ва рӯзе ба ҳукми саҳифаҳои таърих барои доираҳои васеъ чун манбаи омӯзиш хидмат менамояд. Дар бастаҳои маҷаллаи мазкур набзи ҳаёти маънавию фарҳангиро дар марҳилаҳои гуногуни се даҳсолаи истиқлолияти кишвар эҳсос кардан мумкин аст, ки имрӯз ба мо аз масъалаҳои гуногун (худшиносӣ, ҳувият, ташаккули соҳа ва ғ.) ҳикояти таърихӣ менамоянд. Вобаста ба ин, ба таъкиди аввалин сармуҳаррири маҷалла Шамсуллоҳ Исломов, маҷаллаи “Адаб” натиҷаи талошу такопӯҳои зиёди равшанфикрони тоҷики интиҳои қарни XX аст ва аз ҷумла, таваҷҷуҳу саҳми бевоситаи устод Лоиқ Шералӣ ба ҳисоб меравад, ки аз ҳисоби фонди Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ (форсӣ) барои нашри се шумораи маҷалла маблағи муайянро ҷудо намудааст. Ин талошу мусоидати устод Лоиқ бесабаб набуд ва давоми ҳамон истодагариву муборизаҳои эшон барои истиқлоли забону фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар охири солҳои шастум аз нашри як мақолаи дастаҷамъона дар нашрияи “Маориф ва маданият” оғоз гардида буд. Маҷалла дар ин роҳ қадамҳои устувори худро ниҳод ва дар замоне ки нашри матбуот дар ҷумҳурӣ хеле кам буд, тавонист, дар роҳи худшиносии миллӣ ба олами тафаккури ҷомеа, махсусан, омӯзгорон таъсири мусбати худро гузорад. Аз ҷониби зиёиёну адибон ва олимону собиқадорони соҳа дар саҳифаҳои маҷалла нашр гардидани матолиби арзишманд роҳҳои инкишофи маънавии ҷомеаро суфта мегардонид.
Гумон мекунем, ки чунин рисолат имрӯз низ барои матбуоти мо аз ҷумла, маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” қатъи назар нагардидааст. Мавзуъҳо, бахшҳо ва саҳифаҳое чун “Шеваи омӯзиш”, “Таърих сабақомӯз аст”, “Кошонаи меҳр”, “Таровидаҳои килки омӯзгор”, “Роҳнамои хирад”, “Биёед, ба андеша пардозем”,“Ҳунар ва ҳунармандон”, “Пешинаи ориёиҳо ва ақвоми ориёӣ”, “Аз Рӯдакӣ то имрӯз”, “Анҷуманоро”, “Пажӯҳиш”, “Боғи биҳишт”,“Биомӯзем, то биомӯзонем”, “Донистан хуб аст” ва амсоли ҳар кадом солҳо боз таровату накҳати худро гум накарданд. Дар саҳифаҳои он нашр гардидани матолиби арзишманде ба қалами шинохтатарин адибону муҳаққиқони варзида, минбари каломи омӯзанда будани маҷалларо собит менамоянд.
Дар саргаҳи камоли маҷалла қарор гирифтани Лоиқ Шералӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ барин шахсиятҳо фоли нек аст ва гувоҳи он мебошад, ки каломи маҷалла дерзиву поянда мебошад. Дар ҳайати мушовараву таҳририяи он ҷой доштани номи фарзонафарзандоне, чун Расул Ҳодизода, Маҳмадулло Лутфуллоев, Мирзо Боқизода, Латофат Насриддинова ва дигарон нишондиҳандаи неруи маҷаллаи мазкур мебошад. Имшабу рӯз дар ҳайати мушовараву таҳририяи маҷалла қарор доштани олимону адибону шахсиятҳои шинохта низ далели ҷиддияту мақоми шоиста доштани нашрия дар системаи матбуоти тоҷик аст.
Бо гузашти вақт маҷалла табиат ва хосияти матолиби худро наву замонавӣ намуда, дар раванди пешрафти соҳаи маориф таъсири амиқи худро гузоштааст. Гуногунрангии мавзуъҳо ва пайваста дар як қолаб қарор нагирифтан яке аз комёбиҳои назарраси маҷалла ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо саҳифаҳову рубрикаҳои “Минбари баҳс”, “Минбари омӯзгор”, “Педагогика”, “Равоншиносӣ”, “Таҳсилоти томактабӣ”, “Таҳқиқот”, “Маориф ва замон”, “Дарси муосир”, “Табиат ва мо”, “Масъулият”, “Таҳсилоти касбӣ”, “Нуҷум”, “Физика”, “Аз таърихи варзиш”, “Китобиёт”, “Ахлоқ”, “Адабиётшиносӣ”, “Фазилат”, “Таърих”, “Тафриқа”,“Ҷомеа ва замон” ва амсоли он фарогири муҳимтарин масъалаҳои илму маорифи кишвар ба шумор мераванд. Оҳанги ҳар яке аз ин рубрикаву саҳифаҳо хосияти адабиву илмиву фалсафӣ дошта, дар мутобиқат ба оҳанги замони муосир роҳандозӣ гардидаанд.
Журналистика на танҳо ҷузъе аз системаи иҷтимоӣ, балки институти махсуси иҷтимоӣ буда, ба он, аз ҷумла, матбуот дохил мешавад. Матбуот ногузир ба таври ҳамешагӣ дар таҳти таъсири идеологияи замон қарор гирифта, нишондод ва ғояҳову барномаҳои пешгузошташударо ташвиқу тарғиб менамояд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 129 ҳазор нафар омӯзгор дарс мегӯянд. Ин рақамҳо гувоҳи онанд, ки соҳаи маориф дар кишвар калидиву муҳим аст ва тамоми пешравиҳои ҷомеа ба он марбутанд. Як нуқтаро бояд дар мадди назар қарор дошт, ки дар рӯҳияи худшиносии миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа хоҳу нохоҳ вазифаи мураббиву омӯзгору устод аст. Ҳарчанд тариқи минбарҳои гуногуни васоити ахбор талош намоем ҳам, баробари омӯзгору устод ин рисолатро касе анҷом дода наметавонад. Аз ин ҷиҳат ҷаҳонбиниву маърифати устоду омӯзгор дар ҳама ҳолат нақши асосиро мебозад ва дар ин роҳ нашрияҳои Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла, маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” таҳрикдиҳандаи устодону омӯзгорон мебошад. 129 ҳазор нафар омӯзгор, ин неруи маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” ва дар баробари ин маҷалла нерубахши омӯзгорон дар роҳи тарбияи маънавию фарҳангии ҷомеа ба шумор меравад.
Маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” аз оғоз то имрӯз анъанаву иқдомҳои некро аз даст надодааст. Ба роҳ мондани озмунҳои гуногун дар баробари ҳавасманд гардонидану қадрдониҳои заҳматҳо такони ҷиддие дар роҳи бедор сохтани неруҳои зеҳниву ақлонӣ мебошад. Дар арафаи ҷашну солгардҳо ба роҳ мондани чунин озмуну сабқатҳо теъдоди маводи арзишмандро зиёд намуда, хазинаи маънавию фарҳангии миллатро бой мегардонад. Рӯҳияву хислати матолиби нашрия низ аз хусусиятҳои умда иборат аст. Таълиму тарбия ҷавҳари аслии ҳар як маводи он ба шумор рафта, дар партави он ҳисси худшиносии миллӣ бедор карда мешавад.
Дуруст аст, ки дар ҷаҳони муосир матбуот дар сабқати дарёфти ахбор имконоти кам дорад, аммо афзалияташ он аст, ки пояи эътимоднокии ахбори матбуот устувортар мебошад. Феълан матбуот бо ВЭА дар рақобати шадид қарор гирифтааст. Ҷои инкор нест, ки имрӯз интихоб васеъ гардида, мавқеи матбуотро маҳдудтар намуд. Дар ин самт як нуқта дилгармиву умеди ҳар як эҷодкору корманди матбуот мебошад, ки ҳунари эҷодкорӣ мақому манзалати худро ҳеҷ гоҳ гум намесозад. ВЭА-ро дар ин маврид як усул ва воситаи иртиботиву расонанда бояд донист, ки ҳунари волоро (аз ҷумла, заҳмати шоистаи рӯзноманигоронро) муаррифӣ мекунад.
Имрӯз журналистикаи чандрасонаӣ рушд дорад ва ҳар як воситаи ахбор дар ин ҷода фаъол будан мехоҳад. Нашрияи “Маорифи Тоҷикистон” се сол қабл сомонаи худро таъсис дода, соҳиби саҳифаи фейсбукии худ мебошад. Ҳамчун як хонанда ба фаъолияти нашрия дар фазои маҷозӣ баҳои баланд медиҳам. Зеро, сомона ва саҳифаи фейсбукии маҷалла ихлосмандону мутолиагарони зиёд дорад ва дар қиёс бо аксар гурӯҳҳо (дар шабакаҳои иҷтимоӣ) аз ҷиҳати мутолиа дастболо низ мебошад. Як бартарияти сомонаву саҳифаҳои шабакаи иҷтимоии нашрия он аст, ки хонандагонаш аксаран аҳли зиёву эҷод мебошанд. Маълум аст, ки матолиби ба аҳли зиёву адаб нигаронидашуда қимату тафовути зиёде дорад. Маърифату маънавиёти баланди кормандони нашрия мебошад, ки дар суру сӯги ҳамқаламу ҳамкасбон (аҳли маориф) сари вақт шарик мебошанд. Чизеро нашр мекунанд, ки орифонаву лоиқи табъи анҷуман мебошанд.
Матолиби сомона хонданӣ мебошад ва хеле кам хосияти хиёбонӣ доранд. Имрӯз навиштаву заҳматҳои Саидаи Фазл, Номвар Қурбонов, Санҷар Амриев, Нурулло Ғафуриён, Шодӣ Раҷабзод, Абдурауф Муродӣ ва дигарон дар саҳифаи маҷалла ҷилои хос доранд. Дар ҷалби матолиби воридшуда, ки аз ҷониби адибону кормандони собиқадор иншо мешаванд, нақши ҳар кадоми онҳо устувор мебошад. Махсусан, Нурулло Ғафуриён ҳамчун ҷавони эҷодкор хосияти фазои иттилоотиро ташхис карда метавонад ва дар робита ба васоити электронӣ (интернет) маҷалларо ҳамқадами замон дидан мехоҳад.
Дар чанд саҳифа бо назари таҳқиқӣ фаро гирифтани тамоми паҳлуҳои фаъолияти нашрия аз имкон берун аст. Ин ҷо иктифо намуда, аҳли кормандони нашрия, тамоми омӯзгорони кишвар ва ҳама алоқамандони маҷалларо ба ҷашни солгард муборак мегӯем. Қаламатон сабз бод!
Бахтиёри ҚУТБИДДИН – дотсент, декани факултети журналистикаи ДМТ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё