Зеҳн

ХАТИ АМОНӢ

АГ
Агенти Зеҳнӣ19 октябри 2026 · 9 дақиқа хондан

ҶЎРА ҲОШИМӢ

ХАТИ АМОНӢ
АСКАР
Аз ўҳдаи ҳама кор
Осон барояд аскар,
Лозим шавад, ба оташ
Тозон дарояд аскар.

Аскар наҷўяд асло
Болин куҷою бистар,
Дар рўи сангу оҳан
Осуда хобад аскар.

Чизе расад барояш,
Бошад варо кифоят,
Аскар надорад асло
Аз бешу кам шикоят.

Сахтӣ расад, ба сахтӣ
Одат кунад ҳамоно,
Аскар бувад фидокор,
Аскар бувад тавоно.

Ин гуна кас набошад,
Бошад чӣ гуна ў кас?
Пас ў набошад аскар,
Аскар набошад ў пас!
АСКАР БУДАН БОЗӢ НЕСТ
Фардо, ки навбат ояд,
Дар саф чу аскар оӣ.
Монанди марди майдон
Дар пеши лашкар оӣ.
Дар рўзгори ҳарбӣ
Одат кунӣ аз ин пас.
Душвор агар биёяд,
Тоқат кунӣ аз ин пас.
Ин ҷо дигар низом аст,
Кору гап аст дигар.
Бисёр машқу санҷиш
Дар ўҳда дорад аскар.
Ин ҷо на кори осон,
Не шуғли нарму чарб аст,
Душворнописандӣ
Қонуни ҳарбу зарб аст.
Ранҷад зи хеш, агар кас
Розӣ набошад ин бор.
Бояд ки нағз донист:
Бозӣ набошад ин кор!
Аскар ки гашта бошӣ,
Ҳамранги аскарон бош!
Ҳамранг буданат чист?
Ҳамсанги аскарон бош!
Дар байни аскарон аст
Ин гуна байти фарде:

Аскар набуда бошад,
Марде чӣ гуна марде?!

АСКАР ЧӢ КОР ДОРАД?
Кишвар, ки тинҷ бошад,
Аскар чӣ кор дорад?
Аскар, агар наҷангад,
Дигар чӣ кор дорад?
Аскар бино бисозад,
Ё раҳ кушояд аскар.
Аскар ба илм кўшад,
Ё озмояд аскар.
Вай ҳарбу зарб дорад
Ғелидаву хазида,
Аз бораву ялангӣ,
Истодаву давида.
Вай машқи тир дорад
Рўзонаву шабона,
То тири худ нишонад
Дар синаи нишона.
Ин боғу ин чаманро
Аскар кунад ҳимоят.
Сар то сари Ватанро
Аскар кунад ҳимоят.
Бошад Ватан барояш
Монанди модари ҷон,
Меҳри Ватан фурўзад
Дар ҷони аскари ҷон.
Осуда чун нишинад,
Аскар, ки нанг дорад? –
Ё ҷанг дорад артиш,
Ё машқи ҷанг дорад!

АСКАР ЧӢ МЕНАВИСАД?
Пайғоми дўстонро
Аскар ки интизор аст,
Пайғоми дўст онро
Бахшандаиқарор аст.
Аз нома барқи шодӣ
Дар ҷони ў дурахшад.
Не, балки номаи дўст
Як ҷони тоза бахшад.
Дар номаи ҷавобӣ
Аскар чӣ менависад?
Ҳаргиз гумон мадоред,
Вай ҳар чӣ менависад!
Бинвисад ў, ки «Ҳастам,
Шукри худо, саломат,
То хидмати Ватанро
Сидқан диҳам давомат».
Ҷои шикоят ояд,
Вай лаб фурў бубандад,
Мардони ҳарзагўро
Аскар намеписандад.
Бемор ҳам ки бошад,

«Ҳастам сиҳат» – нависад:
Андешад аввал аскар,
В-он гоҳ хат нависед.

ДАР МАКТАБИ АСКАРӢ
Дар аскарӣ ба ҳар кор
Ёбӣ равишу роҳе:
Донӣ, агар надонӣ,
Хоҳӣ, агар нахоҳӣ.

Дар аскарӣ шавад кас
Ҳушёру зираку зўр,
Ноҷўр агар бувад кас,
Маҷбур, ки шавад ҷўр.
Доно агар набошад,
Доно шавад дар ин ҷо,
Сарчашмаи муродаш
Дарё шавад дар ин ҷо.

Сад беҳунар ки бошад,
Соҳибҳунар шавад кас,
Дар аскарӣ, бародар,
Чизи дигар шавад кас!

БОНГИ ХАТАР
Ними шаб асту ногоҳ
Бонги хатар ситезад,
Аз ҷогаҳаш ту тире
Аскар парида хезад.

Чуст ў либоси худро
Дар як нафас бипўшад,
Дар корбасти фармон
Бо ҷону дил бикўшад.

Рўзона ё шабона,
Гармост ё ки сармост,
Аскар ҳамеша тайёр,
Аскар ҳамеша барпост.

Ҳар гаҳ зи ҳар куҷое
Бонги хатар барояд,
Чун чора бар сари кор
Дарвақт аскар ояд.

САХТ АСТ МАШҚИ ҲАРБӢ…
Аскар ба машқи ҳарбӣ
Мардона рў ниҳодаст,
Аз роҳи худ нагардад,
Гар ранҷи ў зиёд аст.

Сад роҳи касмаравро
Тай мекунад дигар вай,
Парвои худ дар ин роҳ

Кай мекунад дигар вай?!

Дар рў ба рўи аскар
Сад банди мушкил ояд,
Дар рафъи мушкилот ў
Чун фарди пурдил ояд.

Ин ҳикматаш физояд
Як ҷони тоза дар ҷон:
Сахт аст машқи ҳарбӣ –
Саҳл аст рўзи майдон!

ДАР ПОСГОҲ
Дар посгоҳ аскар
Бошад ҳамеша ҳушёр,
Омодаасту ҳозир
Чун чорагар ба ҳар кор.

Як мўраке хазад ҳам,
Аскар хабар биёбад,
Ё бодаке вазад ҳам,
Аскар хабар биёбад.

Аз чашми тезбинаш
Чизе ниҳон набошад,
Чизе набошад ин ҷо,
К-онро нишон набошад.
Аз баски бар Ватан ў
Меҳру сипос дорад,
Ҳар гўшаи Ватанро
Мардона пос дорад!

ХАТИ АМОНӢ
Дар шоми торик,
Дар рўзи равшан,
Ин роҳ бошад
Роҳи муайян.
Дар вай равона
Аскар пасу пеш,
Ҳар як ваҷабро
Бинмуда тафтиш.
Автомат ўро
Доим ба дўш аст,
Ин ҷо саропо
Ӯ чашму гўш аст.
Хушк аст ё тар,
Гарм аст ё сард,
Биме надорад
Ҳаргиз ҷавонмард.
Гўё ки бошад
Вай банди ин роҳ,
Чашму дилу ҷон –
Пайванди ин роҳ.
Ин роҳ бошад
Чун рўҳи мо пок,

Нагзорад ин ҷо
Кас пои нопок.
Ин роҳи сарҳад –
Хатти амонӣ,
Як дам намонад
Бедидбонӣ!

ФАРМОНДЕҲ
Ҳангоми машқу хидмат
Фармондеҳ асту афсар:
Фармояду бисанҷад
Зўру тавони аскар.

Ҳангоми истироҳат
Донӣ, чӣ гуна бошад?
Ҳеҷ ошно, ту гўӣ,
Монанди ў набошад.

Ӯ ҳозир асту нозир
Дар ҷумла кори аскар,
Худ бигзарад ҳаёташ
Ҳамроҳи аскар аксар.

Фармондеҳ аскаронро
Устоди меҳрубон аст,
Иҷрои гуфтаҳояш
Қонуни аскарон аст.
БОВАРӢ
Лашкаркаше се танро
Наздики хеш хонад.
Махфӣ супоришеро
Дар пеши ҳар се монад.

– Кӣ меравад ба ин кор?
Аз рўи сидқу бовар?
– Мо меравем! – Гўяд Ҳар се нафар баробар.

– Не, – гўяд ў, – ба ин кор Як тан шавад сафарбар!
– Ман!
– Ман!
– Ман! – Ин сафар ҳам Гўяд се тан баробар…

Аскар бақудрати худ
Дорад ҳамеша бовар,
Худбоварӣ силоҳест
Дар ҷони ҳар диловар.

ПАРЧАМИҚИСМ
Парчам бувад муқаддас
Чун шаъну шони аскар,

Ҳамранги хуни аскар,
Ҳамсанги ҷони аскар.

Илҳомбахши аскар
Ҳангоми ҷанг – парчам,
Ҳодии фатҳу нусрат,
Номусу нанг – парчам.

Парчам, ки пар фишонад,
Нури зафар фишонад,
Зўру тавон бубахшад,
Бар фатҳи нав бихонад.

Аскар барои парчам
Ҷонро ба каф бигирад,
Нагзорад ин, ки душман
Онро ҳадаф бигирад.

Парчам бувад муқаддас
Чун шаъну шони аскар,
Ҳамранги хуни аскар,
Ҳамсанги ҷони аскар!

СНАЙПЕР
Даврон – снайпер,
Яъне нишонгир.

Якқисм донад:
Гар вай паронад.
Монад гумонро,
Гирад нишонро.
Бо ин ҳунарвар
Гаштан баробар.
Асло ниҳон нест,
Душвор корест.
Аммо зи як сар
Бояд ки лашкар –
Бошад нишонгир,
Бошад снайпер.

В-арна зи сад ҷанг,
Аз тўпу аз танк.

Аз ҷаҳду тартиш,
Аз лашкари беш.

ҚИМАТИ ВАҚТ
Вақт аз барои мардум
Ҳарчанд бас гарон аст,
Аммо гаронтар аз он
Дар пеши аскарон аст.
Бояд ки бар сари кор
Дар вақташ ояд аскар,
Ҳар бандро ба вақташ
Бояд кушояд аскар.
Ҳангоми хидмат аскар
Пайваста дар шитоб аст,
Дар гиру дори ҳарбӣ
Ҳар лаҳза дар ҳисоб аст.
Фурсат ба рўзи майдон
Зеро гаронтар ояд,
Ҳар лаҳзаиғанимат
Бо ҷон баробар ояд.
Чун маргу зист ин ҷо

Дар рў ба рў ситодаст,
Дар доду бурди ин ду
Як лаҳза ҳам зиёд аст.
Вақт аз барои мардум
Ҳарчанд бас гарон аст,
Аммо гаронтар аз он
Дар пеши аскарон аст.

БА КӢ ОСОНУ БА КӢ ДУШВОР?
Хидмат ба кист душвор?
Хидмат ба кист осон?
Аввал ба ман бигўед:
Аскар чӣ гуна инсон?
Хидмат ба кист душвор?
Хидмат ба кист осон? –
Гар тарсакест, душвор!
Гар шеракест, осон!
Коно бувад агар кас,
Хидмат ба ўст душвор!
Душвори ў бигардад
Бар дўши ҳамсафон бор.
Доно бувад агар кас,
Хидмат ба ўст осон!
Ҳатто ба дигарон ў
Ёрӣ расонад аз ҷон.
Хидмат ба ўст душвор,
Гар бесар асту сомон,
Ба одаме ки хоҳад,
Хидмат тамоман осон.
Оё дигар чӣ гўям
Аз хидмати сипоҳон? –
Хидмат ба кист душвор?
Хидмат ба кист осон?

ҲАМХИДМАТОН
Ин – аз вилояти дур,
Онаш – зи шаҳри наздик,
Ҳар гунақавму миллат –
Фарзанди мулки тоҷик.

Бошад агарчи садранг

Рафтору хулқу хўшон,
Яксон хуранду пўшанд,
Якдил зиянду якҷон.

Аҳланду иттифоқанд,
Ёру бародар онҳо,
Хидмат кунанду роҳат
Бо ҳам баробар онҳо.

Қарзе бувад ягона
Бар аскару ба афсар:
Мардона кору хидмат
Дар ҳифзи халқу кишвар.
Ҳамхидматон, ки рўзе
Рў сўи манзил оранд,
Меҳру сафои ёрон
Дар ҷону дар дил оранд.

ЗИНДА БОШӢ!
Эй аскар, эй бародар,
Як марди ҷонфидоӣ!
Пушту паноҳи кишвар,
Пушту паноҳи моӣ!

То посбони сулҳӣ,
Мо дар амони сулҳем.
То дар ҷаҳон ту бошӣ,
Мо дар ҷаҳони сулҳем.

Душман агар бихезад,
Боқасди ҷонситонӣ,
Онӣ, ки душманонро
Дар ҷояшон нишонӣ.

Бо нағзҳо, ки нағзӣ,
Бо ганда ганда бошӣ.
Ҳомии мо, ки ҳастӣ,
Пирўзу зинда бошӣ!
БОШАД, КИ!..
Хуш аскаре, ки ин сон
Инсони пуртавон аст.
Озода асту пуркор,
Ҷиддиву меҳрубон аст.

Ҳампешаро бубинад,
Хуш медиҳад саломаш:
Болои дида монад
Ангушти эҳтиромаш.

Чун аскаре ба аскар
Хоҳам, диҳам саломе,
Хоҳам, ки по гузорам

Ин гуна чун низомӣ.

Ҳар бор агар бубинад,
Бар вай барад ҳасад кас.
То синну соли аскар
Бошад, ки худ расад кас!

ГУСЕЛ ВА ПЕШВОЗ
Модар гусел чун кард
Фарзанди худ ба артиш,
Шодиюғам фузун кард
Дар дил талошу тартиш.

Шодон аз он ки дорад
Ин гуна гулписар вай,
Лозим бишуд Ватанро
Имрўз чун сипар вай.

Ғамгин аз он ки акнун
Ӯро чӣ ояд аз пеш?
Оё тавонад ў зист
Бо зўруқудрати хеш?

Як лаҳза ханда дар лаб,
Як лаҳза дидааш тар,
Дилшод чун Ватандор,
Дилреш ҳамчу модар.
Бо гиря шаҳд хандид,
Бо ханда талх бигрист.
Донист модари зор:
Ҷуз сабр чорааш нест!

Як рўз нома омад
Бар номи модари ҷон,
Бинҳод аз сари меҳр
Ӯ нома дар бари ҷон…

Пайваста нома бинвишт
Аскар ба номи модар,
Равшан чу рўз медошт
Бо нома шоми модар.

Рўзе расиду аскар
Қарзи Ватан адо кард,
Баргашту модарашро
Аз бандиғам раҳо кард.

Чашмони модар аз нав
Чун абри навбаҳорон:
Дирўза баччаи ў
Баргашта марди майдон!

МАН АСКАРАМ ВА Ё МАН?
Баъд аз адои хидмат
Омад акои Баҳман,
Пўшоки аскариро
Вай ҳадя кард бар ман.

Чун аскарон либосаш
Як-як ба бар кашидам.
Ҳам каллапўши сабзаш
То ними сар кашидам.

Бо тасмаи базебаш Маҳкам камар бубастам.
Оинаро гирифтам, Бар худ назар бубастам.
Бинам, ки ман худам не, Ман дигарам тамоман!
– Эй ошно, маро бин:
Ман аскарам ва ё ман?

СУРУДИ НАВАСКАРОН
Мо, аскарони навҷавон,
Як радда чун як тан равон,
Дар машқи ҳарбӣ мешавем
Ҳар як далеру паҳлавон.

Нақарот:
Бигзор, бошанд одамон
Осудаҳолу дар амон!
Кору гапи сулҳу ризо
Бошад гапу кори ҷаҳон!

То пуштибони халқи хеш,
То бораи кишвар шавем.
Устоди касби аскарӣ
Сар то сари лашкар шавем.

Нақарот.

Дар машқ доно мешавем,
Зўру тавоно мешавем,
Ҳомии марзу буми хеш

Дар рўи дунё мешавем.

Нақарот.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2