Хишти аввал
Кӯдакӣ замонест, ки тафаккури инсон дар он майл ба бедорӣ мекунад, яъне ҳар он рафтору амале, ки кӯдак дар гирду атрофи худ мебинаду мушоҳида мекунад кӯшиши пайравӣ ба онро месозад.
Ҳангоми анҷом додани ягон амал боре дар бораи зарар ё фоидаи он фикр намекунад.
Барои ҳамин бузургон таъкид мекунанд, ки дар назди кӯдак набояд дағалӣ намуд, чунки кӯдак мисли оинаест, ки тамоми кори калонсолонро инъикос менамояд.
Барои боз ҳам пурмасъултар шудани волидайн ҳангоми тарбияи фарзанд ҳукумати кишвар тадбирҳо ҷуста ба хулосае омаданд, ки қонуни алоҳидаеро дар ин маврид қабул намоянд ва ҳамин гуна дастури вижае бо номи Қонуни Давлат “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рӯи кор омад. Тибқи ин санад тарбияи фарзанд пурра ба рафтору муносибати волидон вобастагӣ дошта, омӯзгор танҳо барои мустаҳкам намудани ин тарбия нақш мебозад. Дуруст аст, ки тарбияи кӯдак нахуст аз оила маншаъ мегирад, чунки то синни ҳафтсолагӣ кӯдак пурра таҳти тарбияи волидайн қарор дорад. Равоншиносон ҳангоми пажӯҳиши давраи кӯдакӣ ба натиҷае расиданд, ки кӯдак то синни шашсолагӣ рафтору равиши махсус дорад. Ҳар як ҳаракату рафтореро, ки дар гирду атрофаш мебинаду ҳар як суханеро, ки аз бузургон мешунавад, чун тӯтӣ ҳатман такрор мекунад. Барои ҳамин онҳо тавсия медиҳанд, ки дар ин даврон кӯшиш бояд кард, то ки бо кӯдак муносибати хуб намуд ва ба ҳар як саволи додааш пурра ва мувофиқ ба ҷаҳонбинии ӯ ҷавоб бояд дод.
Бояд кайд намуд, ки маҳаки асосии кӯдак оила аст. Агар лаҳзае ба адабиёти худ назар андозем мебинем, ки шоир бо шеъри, нависанда бо наср ва олим бо илми худ кӯшиш намудаанд, ки бо таълифи худ фарзандонашонро ба роҳи рости зиндагӣ хидоят намоянд. Яке аз бузургтарин асари насиҳатӣ “Қобуснома”- и Унсурмаолии Кайковус аст, ки то имрӯз миёни дигар осор мавқеи сазовор дорад. Воқеан, тарбия аз зинаи аввал, яъне кӯдакӣ оғоз меёбад ва то дами марг идома мекунад. Ҳатто Муҳаммад Ғазолӣ ҷое фармудааст, ки “Одамият то даврае, ки ҳаст ба тарбия ниёз дорад”.
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад, девор каҷ.
Болотар зикр намудем, ки рисолати омӯзгор танҳо аз мустаҳкам намудани тарбияи волидон дар рӯхияи кӯдак ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмии ӯ вобаста аст. Дар ин раванд дар дили кӯчаки кӯдак муҳаббатро нисбати илму дониш ва меҳру садоқатро нисбати модару падар ва халқу Ванат бедор менамояд. Албатта, омӯзгор кӯшиш ба харҷ медиҳанд то ки шогирди худро чун фарзандаш тарбия намуда, ба камол расонад.
Дар ҷомеаи муосир падару модареро вохӯрдан мумкин аст, нисбати таълиму тарбияи кӯдакони худ аз ҳад зиёд бепарвоӣ зохир менамоянд. Кӯдакони даврони нав, ки бастагӣ аз технологияи иртиботиву интернетсаҳифаҳо доранд, аз ин муносибати сарди волидон сӯистифода намуда ба аъмоли беҳудаву беманфиат даст мезананд, ки ин ба генофонди миллат зарбаи ҳалокатоварест. Чунин кӯдакон аз хона бо мақсади таълим берун мешаванд, вале ҷодаи худро иваз намуда, ба дигар ҷониб мераванд: интернеткафе, бозихона ва монанди ин.
Баъди тамом шудани як рӯзи дарсӣ хонандагон ду-се соатро дар берун ба шӯхиҳои бемаъниву корҳои ношоиста мегузаронанду бо ҳамин рӯзашонро “кӯр” мекунанд. Падару модари чунин атфол боре намепурсанд, ки ин муддат фарзандаш дар куҷо ва бо киҳо буду чӣ кор мекард? Чаро дер омад? Ин саволҳо метавонанд дар рӯҳияи кӯдак маъсулиятро нисбати вақт бедор намоянд. Имрӯзҳо кам волидоне пайдо мешаванд, ки бо мактаб робита дошта бошанду аз роҳбари синф оид ба соати дарсиву доир ба тахсили фарзандашон суҳбат кунанд, ба истиснои чанд зиёӣ.
Волидон бояд дарк кунанд, ки фарзанди онҳо идомадиҳандаи насли башар аст ва бо тарбияи нодурусти худ онҳо ба ояндаи кишвару миллат хиёнати нобахшиданӣ мекунанд. Пас, алҳазар!!!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё