Зеҳн

Саҳми муаллим дар азхудкунии хонандагон.

ЗЕ
Зеҳн16 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар мактаб ва синфхонае ҷои роҳбари синфро, ки ба рухсатии ҳомиладорӣ рафта буд, муаллимаи нав гирифт.

Рӯзе муаллима ба фаҳмондани дарс шурӯъ кард, сипас яке аз шогирдонро аз ҷояш хезонд ва савол дод, дигар талабагон хандиданд.

Муаллима дар ҳайрат монд, аз шогирдон пурсид:

- Чаро Шумо бесабаб механдед?

Аз нигоҳи талабагон муаллима сирри хандаро фаҳмид. Талабагон, ин ҳамсинфи худро ба бесаводӣ ва беақлӣ мешинохтанд.

Аммо, ин талаба беақл набуд, балки худро доим дар ин муҳит нороҳат, бегона ҳис мекард, зеро талабагон аз сабаби он, ки ӯ аз оилаи камбизоат буд, механдиданд.

Дарс ба итмом расид. Муаллима шогирди худро ба наздаш хост ва дар рӯи коғаз ду мисра шеър навишт ва ба ӯ дода гуфт:

- Ин мисраҳоро аз ёд кун, аммо ба касе чизе нагӯйӣ.

Рӯзи дигар муаллима дар тахтаи синф ду мисра шеър навишт ва маънидод кард, тарзи хондани мисраро нишон дод.

Сипас муаллима гуфт:

- Ду мисра шеърро се маротиба хонед.

Вақте талабагон мисраҳои шеъриро се маротиба хонданд, он гоҳ муаллима тахтаи синфро пок намуд ва ба шогирдон гуфт:

- Кадоме аз Шумо, ин ду мисраро аз худ кард, дасти худро бардорад?

Касе аз талабагон даст набардошт, ба ҷуз як нафар, ки шармгинона даст бардошт, аммо дудила буд.

Ин шогирд бо як садои зебо мисраҳои шеъриро қироат намуд. Дарҳол муаллима ӯро таърифу тавсиф кард, ба шогирдон фармуд, ки барояш кафкӯбӣ кунанд.

Талаба ҳайратзада шуд ва ҳайрон - ҳайрон менигарист.

Чунин саҳнаҳо дар давоми ҳафта бо роҳҳои гуногун такрор мешуд, таърифҳои такрории муаллима, кафкӯбиҳои пурмавҷи хонандагон. Назари талабаро ба мактаб ва ҷомеа тағйир дод. Психологияи талаба ба сӯи беҳтар тағйир ёфт.

Ӯ ба худ боварӣ пайдо кард, бидид, ки беақл нест, нодон нест, чунон ки муаллимаи собиқ ӯро таҳқир мекард, чунон нест.

Ӯ қобилияти худро ҳис кард, бо ҳамсинфонаш мусобиқа мекард, ҳатто дар баҳсҳо аз беҳтаринҳои синф пеш мегузашт.

Эътимод ба худ ӯро водор мекард, ки меҳнатдӯст, суботкор, рақобатпазир ва худбовар бошад.

Рӯзи хатми мактаб наздик шуд, саъю кӯшиш, суботкорие, ки ба худ дошт, аз ҳамаи фанҳо баҳои аъло гирифт.

Дар мактаби миёна соҳиби боварии бештар ва шӯҳрати бештар гардид. Бартарии ӯ афзуд.

Ба донишгоҳ дохил шуд. Донишгоҳро бо баҳои аъло хатм кард, аммо боз таҳсилашро давом дод.

Ин қиссаи муваффақияте, ки худи донишҷӯ дар рӯзнома навишт, дар ҳаққи мактаб, муаллимае, ки дасти ӯро гирифт ба некӣ ёд мекунад ва сипосгузор аст!...

Дар олам ду тоифа муаллимон ҳастанд:

1. Муаллимоне ки калидҳои некӣ доранд:

Ҳавасманд мекунанд...

Ташвиқ мекунанд...

Аз дасти ту мегиранд...

Дар вуҷуди ту умед, некбиниро ба вуҷуд меоранд...

Эҳсосоти шогирдонро эҳсос мекунанд...

Ташаббускор ва баробари ту меҷанганд, то муваффақ шавӣ...

Бурди туро, бурди худ, бохти туро, бохти худ медонанд.

2. Муаллимоне ки калидҳои бадӣ доранд:

Туро рӯҳафтода месозанд...

Ба дилат гиреҳ мезананд...

Чунин вазифа доранд, ки дар сари ҳар як одами ҷиддӣ монеа гузоранд...

Аз ту ба дигарон шикоят карданро дӯст медоранд...

Туро гирён мекунанд...

Умед, боварӣ, некбиниро аз ту мегиранд...

Устодон, Муаллимони гиромӣ диққат диҳед, пас эҳтиёт шавед, Шумо намунаи ибрат ҳастед.

Кори худатонро аввал тарбиявӣ кунед, баъд илм омӯзонед!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2