Зеҳн

ЗИ ДОНИШ ЗИНДА МОНӢ ҶОВИДОНӢ

АГ
Агенти Зеҳнӣ14 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар ҳақиқат дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва ҷавшани бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу азоб кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон мояи манбаи фазлу камол буда, инсонро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рў ба рў намешавад, зеро дониши бузургаш ўро бо роҳи росту самарабахш раҳнамун месозад.
Тавассути ақлу заковати бузургу хиради бо роҳи дониш бадастовардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад.
Донишмандон азизу гиромӣ ва хотирнишинанд. Дар ёдҳо, базмҳо, дар ҳамаи мавридҳо дар дилу дидаи мардуманд. Ба даст овардани донишу маҳорати бузург ба осонӣ ба даст намеояд. Шахсе, ки дар роҳи донишомўзӣ мекўшад, гарчанде душвор аст, бо тамоми душвориҳо, норасоиҳо ва заҳматҳои зиёд саъй мекунад, ки чизе омўзад, то донишманд гардад, зеро шахси донишманд соҳибобрўст.
Дониш ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад:
Беҳ аз ганҷи дониш ба гетӣ куҷост?
Киро ганҷи дониш бувад подшост!
Ҳеҷ ганҷе бузургвортар аз дониш нест. Зеро ки он инсонро чун ҷавшани бузург аз камиву костӣ, гармиву сардӣ ва афсурдагиву эҳтиёҷ эмин медорад. Пас, бисёр кўшиш мебояд, то ҳар вақт омўхт. Агар манбаи омўзишие пайдо нашуд, аз нодон метавон чизе омўхт ва бо чашми дил ба ў нигарист ва бо басорати ақл бар вай назар кард. Он низ афзоиши дониши ту хоҳад буд. Бо омўхтани алфози наве, бо омўхтани маънии дигаре барои кас ҷаҳони дигаре равшан мегардад. Як маънии бузург ҳаёти инсониятро тағйир медиҳад, бо роҳи рост ҳидоят мекунад.
Инсони асил пайваста дар омўхтани илму андўхтани донишу фазл мекўшад. Фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал медиҳад. Аз пайи ҷамъ овардани молу мулк ва сарвати зиёд намекўшад. Зеро дар зиндагӣ бояд ҳамеша илму дониш ва хирад дар пояи аввал истад. Дар он мебояд кўшид, ки ҳар рўзи ҳаётро пайи зиёд кардани ақлу заковати бузург сарф кард.
Афзудани дониш касро пурдону пурмаърифат, кордону нуқтафаҳм мегардонад. Мегўянд, ки хираду дониш барои инсони бомаърифат ҳамчу ғизо неру мебахшад. Шахсе, ки дорои хираду дониши бузург нест, ў ҳамчун шахсияти аз ғизо дурмонда мекаловад ва дар байни ҷомеа чун ангуштнамоён ба назари ҳар фард мерасад. Зиёд намудани дониши ҳар як инсон ба ҳадди омўзиши ў вобастагӣ дорад. Зеро мегўянд, ки:
Илм чандон ки бештар хонӣ, Чун амал дар ту нест нодонӣ.
Донишомўзӣ ва толибилмӣ рисолатҳои бузурги инсонианд. Касе, ки ин рисолатро ба ҷо намеорад, дар шумори одамиён буда наметавонад ва бевосита дар таънаву маломати атрофиён мемонад. Вале шахсияти донишмандро ҳама эътироф ва эҳтиром мекунад. Агар ба марги аблаҳон танҳо фарзандонашон бигирянд, ба марги алломаҳо ҷаҳон мегиряд, зеро бо заковату дониши бузургашон дили ҷаҳониёнро ба даст овардаанд.
Барои омўхтани донишу маърифати зиёд бисёртар бояд китоб хонд, зеро манбаи ҳамаи омўзишу донишҳо аз китоб сарчашма мегирад.
Рўй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир, То ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир.
Бале, дониш чароғи ақл аст, ки дидагон аз он равшаниву нур ва дилҳо хушиву сурур мегиранд. Шахси донишманд зинатгарои ҳар анҷуман аст. Агар аз хурдӣ то дами марг барои омўхтани илму андўхтани дониш камар бандем, саҳве нахоҳад шуд, зеро асоситарин ва беҳтарин амал дар зиндагии инсони асил илм омўхтан аст. Зеро гуфтаанд:
Зи дониш зинда монӣ ҷовидонӣ, Зи нодонӣ наёбӣ зиндагонӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2