ТАЪСИРИ НУРИҲОИ МИНЕРАЛӢ БА МАҲСУЛНОКИИ НАВЪҲОИ ШОЛӢ ДАР ШАРОИТИ ИҚЛИМИИ ВОДИИ ҲИСОР
Шолӣ яке аз зироатҳои ғалладонагии муҳим ва асосии нонӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳим дорад. Баланд бардоштани ҳосилгнокии он дар шароити тағйирёбии иқлим ва маҳдудияти захираҳои табиӣ аз истифодаи самароноки нуриҳои минералӣ вобастагии зич дорад. Дар ин замина омӯзиши нишондодҳои фитометрӣ, ҳамчун нишондиҳандаҳои асосии ҳолати физиологӣ ва биологии растанӣ аҳаммияти илмӣ ва амалиро доро мебошад.
Дар Тоҷикистон ҳалли масъалаи ба таври зиёд истифода шудани қувваи офтоб, гармӣ ба гирифтани ҳосили баланди зироатҳои ғалладонагӣ бояд бо роҳи пурра истифода бурдани давраи нашъунамо аз ҳисоби гирифтани ду ҳосили дон, се ҳосили баргу пояи сабз, татбиқи васеи киштҳои ангорӣ, фосилавӣ ва кишти зироатҳои дар зимистон рўянда ба роҳмонда шавад. Дар ин самт истифода бурдани навъҳо ва дурагаҳои ноҳиябандишудаи серҳосили зироатҳои ғалладонагӣ метавонанд то 5%-и нурафкании офтобро аз худ кунанд.
Шолӣ ҳамчун зироати гармидўст дар ноҳияҳои водигии ҷумҳурӣ дар шароити ғарқобӣ парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон имконияти васеи зиёд кардани масоҳати майдонҳои кишти шолӣ аз ҳисоби заминҳои назди соҳилӣ мавҷуд аст, зеро ин заминҳо ё дорои алафҳои худрўи камҳосиланд, ё дар онҳо зироатҳои камҳосил кошта шудаанд ва ё аз сабаби шўрхоку ботлоқ буданашон тамоман истифода бурда намешаванд. Азхудкунии ин заминҳо имконият медиҳад, ки истеҳсоли шолӣ дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас зиёд карда шавад.
Нишондодҳои фитометрии растанӣ имконият медиҳад, ки таъсири нуриҳои минералӣ ба рушди нашвӣ ва ташаккули ҳосили шолӣ ба таври комплексӣ муайян карда шавад. Таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки нитроген ва фосфор унсурҳои асосии моддаҳои ғизоӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули масоҳати барг, фаъолияти фаъолнокии фотосинтез ва ҷамъшавии моддаҳои хушк нақши ҳалкунанда доранд. Мақсади асосии роҳандозӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ин муқаррар намудани маҳсулнокии нисбии навъҳои шолӣ дар шароити иқлимии хоҷагии КВТТ “Ҳисор” -и шаҳри Ҳисор барои ба даст овардани ҳосилнокии баланд ба шумор меравад.
Ҳадафи асосии таҳқиқоти мазкур омӯзиши таъсири меъёрҳои гуногуни нуриҳои минералӣ ба нишондодҳои фитометрӣ ва ҳосилнокии навъҳои шолӣ дар шароити истеҳсолӣ мебошад.
Мавод ва усули таҳқиқот. Таҷрибаҳои саҳроӣ дар навъҳои “Лазурӣ” ва “Қароқал- поқистонӣ” давоми солҳои 2021-2023 бо чунин вариантҳо ба роҳ монда шуданд: 1. назоратӣ; 2. N80 Р60 к/га м.т; 3. N120 Р90 к/га м.т. Дар давомоти инкишофёбии навъҳои шолӣ бо фарорасии давраҳои нашъунамо мушоҳидаҳои фенологӣ (майсазанӣ, панҷаронӣ, пайдошавии ҷорӯбак, гулкунӣ ва пухтарасӣ) гузаронида шуд.
Майдони сатҳи барги растаниҳо дар давраҳои алоҳидаи нашъунамо бо усули ҳалқагӣ ва маҳсулоти тозаи фотосинтез бо истифода аз формулаи пешниҳоднамудаи Кидда, Веста ва Бригса бо нишондоди ҷамъшавии вазни хушки растаниҳо ба сатҳи ассимилятсионӣ ҳисоб карда шуд. Ҳосили дони навъҳои шолӣ бо истифода аз усули пешниҳоднамудаи Доспехов Б.А. (1985 с) баҳогузорӣ карда шуд.
Нишондодҳои биометрии растанӣ вобаста ба шароити тараққиёти растанӣ ба вуҷуд омада, зинаи рушд аз хусусиятҳои навъ, агротехникаи парвариш ва шароити минтақа вобаста аст. Ҳар қадаре, ки бештар омилҳои ҳаётӣ ба киштзор дастрас бошанд, ҳамон қадар нишондодҳои биометрии беҳтар ва вуҷуд меояд.
Натиҷаҳо. Давомоти давраҳои нашъунамои навъҳои шолӣ вобаста аз истифодаи нуриҳои минералӣ гуногун буда, он дар варианти назоратӣ дар навъи “Лазурӣ” ба 111 рӯз ва дар навъи “Қарақалплоқистонӣ” ба 112 рӯз баробар шуда, фарқияти байни навъҳо ҳамагӣ як рӯзро ташкил дод. Дар навъи “Лазурӣ” ҳангоми истифодаи нуриҳо бо меъёри N80 Р60 ба 115 рӯз ва варианти N120Р90 ба 118 рӯз ва дар навъи “Қароқалпоқистонӣ” дар варинати N80 Р60 ба 116 рӯз ва N120Р90 ба 120 рӯз баробар шуд. Аз ҳама давомоти дарозтарини байни давраҳои нашъунамо дар навъи “Қароқалпоқистонӣ” ва меъёри N120Р90 ба мушоҳида расид, ки 120 рӯзро ташкил дода, фарқияти байни навъҳо ба 2 рӯз баробар гардид. Зичии киштзори шолӣ дар навъи “Лазурӣ” дар вараинти назоратӣ ба 279 адад дар 1м2, варианти N80Р60 ба 283 адад 1м2 ва N120Р90 ба 298 адад дар 1м2 ба қайд гирифта шуд.Ин нишондодҳо дар навъи “Қарақалпоқистонӣ” дар варианти назоратӣ ба 276 адад дар 1м2, N80 Р60 ба 284 адад дар 1 м2 ва N120Р90 ба 315 адад дар 1м2 ба мушоҳида расид.
Баландии пояи навъҳои шолӣ вобаста аз истифодаи нуриҳои минералӣ гуногун буда, дар оғози давраҳои нашъунамо байни навъҳои омӯзишӣ начандон фарқият зиёд шуда, баландшавии бошиддати он дар байни давраҳои пайдошавии ҷорӯбак-гулкунӣ ба мушоҳида расид.
Дар варианти назоратӣ баландии пояи навъи “Лазурӣ ба 63,20 см; N80 Р60 ба 62,99 см; N120Р90 ба 74,13 см баробар шуда, дар навъи “Қароқалпоқистонӣ” мутаносибан (назоратӣ) 63,28 см, (N80 Р60) 65,47см, (N120Р90) 70,34 см-ро ташкил дод.
Сатҳи майдони барг, яке аз нишондодҳои асосии фаъолияти фотосинтетикии киштзор ба ҳисоб рафта, он амалан маҳсулнокии ҳар як зироатро муайян менамояд. Ҳар як барги ташаккулёфта дар растанӣ дорои хусусиятҳои хоси морфологӣ, физиологӣ ва анатомӣ буда, то андозае тағйирёбии онҳо аз усулҳои кишти зироат вобастагӣ доранд. Шумораи баргҳо дар навъҳои омӯхташаванда вобаста аз истифодаи нуриҳо начандон байни ҳамдигар фарқият доштанд. Шумораи бештари баргҳоро навъи “Қароқалпоқистонӣ” таъмин намуд, ки он ба 14,54 адад баробар гардид ва ин нишондод дар навъи “Лазурӣ” ба 14,19 адад расидааст.
Сатҳи майдони барги як растанӣ вобаста аз навъҳо ва истифодаи нуриҳои минералӣ нишондодҳои гуногунро соҳиб шуданд. Дар варианти назоратӣ масоҳати барги як растанӣ дар навъи “Лазурӣ” 225,64 см2; истифодаи N80Р60-239,47 см2 ва истифодаи N120Р90-256,21 см2- ро ташкил намуд. Сатҳи майдони барги шолии навъи “Қароқалпоқистонӣ” дар варианти назоратӣ мутаносибан ба 226,37, (N80Р60) 238,83 см2 ва (N120Р90) 256,21 см2 баробар шуд. Нишондоди нисбатан баланди сатҳи баргро навъи “Лазурӣ” дар варинти N120Р90 таъмин намуд, ки он ба 256,21 см2 баробар буда, он нисбат ба навъи “Қарақалпоқистонӣ” (N120Р90) то 10 см2 бештар аст.
Ҷамъи омилҳои шароити хоку иқлим дар минтақаи муайян, ки ба нашъунамои зироат таъсир мерасонад, аз ҳисоби ҳосилпайдокунии онҳо баҳо дода мешавад. Бо роҳи ба танзим даровардани меъёри ғизогирӣ аз ҳисоби нуриҳои нитрогению фосфорӣ, дар ҳолати зиёд будани миқдори калий дар қабати хок, риоя намудани агротехникаи парвариши зироат, нишондодҳои ҳосили зироат ба даст оварда мешавад. Чуноне, ки аз нишондодҳои фитометрии навъҳои шолӣ бармеояд, шумораи барг ва масоҳати барги як растанӣ бо дараҷаи истифодаи нуриҳои минералӣ аз якдигар фарқ менамоянд. Шумораи барг дар навъи “Лазурӣ” бо истифодаи N80 Р60 ва N120Р90 нуриҳои минералӣ нисбати варианти назоратӣ мутаносибан 0,45-0,65 адад зиёд шудааст.
Масоҳати барги як растанӣ нисбат ба варианти назоратӣ мутаносибан 13,83-30,57 см2 бештар гардидааст. Нишондодҳои фитометрии навъи “Қароқалпоқистонӣ” нисбати варианти назоратӣ зиёд шуд.
Ҳосилннокии навъҳои шолӣ вобаста аз истифодаи нуриҳои минералӣ дар навъи “Лазурӣ” ба 3,33-3,90 т/га ва дар навъи “Қарақалпоқистонӣ” 3,51-4,22 т/га баробар шуд. Ҳосилнокии бештари дони шолӣ дар навъи “Қароқалпоқистонӣ” ва варианти N120Р90 ба мушоҳида расид, ки он ба 4,22 т/га баробар шуда, нисбат ба навъи “Лазурӣ” то 0,18-0,32 т/га бештар мебошад.
Хулоса. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки ҳангоми истифодаи нуриҳои минералӣ ҳосилнокии навъҳои шолӣ бо истифодаи нуриҳои минералӣ (N120Р90) аз 3,33 то 4,22 с/га афзудааст.
Дар тамоми варинтҳои омӯзишӣ навъи “Қароқалпоқистонӣ” нисбат ба навъи “Лазурӣ” нишондоди баландро соҳиб шудааст. Истифодаи меъёри оптималии нуриҳои минералӣ яке аз омили муҳимми баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии иқтисодии шолӣ ба шумор меравад
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё