Зеҳн

Ғазали «Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Покбозон ҳама наззораи он рӯй кунанд,
Ростон майл бад-он қомати дилҷӯй кунанд.
Ғамзаҳоро макун ангез паи ғорати дин,
Кофиронанд, мабодо, ки бад-ин хӯй кунанд,
Чун хати сабзи ту нозук натавонанд навишт,
Хушнависон ба масал гар қалам аз мӯй кунанд.

Чун шавад хок сарам, бар сари кӯяш фиганед,
Бошад, ин коса сафоли саги он кӯй кунанд.
Соликон бе кашиши дӯст ба ҷое нарасанд,
Солҳо гарчӣ дар ин роҳ такопӯй кунанд.
Ман кию қибла? — Чу дар хок барандам, зинҳор,
Ҳар куҷо манзили ӯ, рӯи ман он сӯй кунанд.
Васфи он рӯй чу гул гӯ ба гулистон, Ҷомӣ,
Булбулон чанд ҳадиси гули худрӯй кунанд?

«Оташ андар хирмани мо зад»
Оташ андар хирмани мо зад рухат ва ин равшан аст,
Холи мушкини ту бар рух донае з-ин хирман аст.
Он рухи нозук чу об аз дида рафт, аммо ҳанӯз,
Нақши холаш чун сиёҳӣ монда дар чашми ман аст.

Ту маро чашмиву то бар бому равзан омадӣ,
Чашми ман гаҳ бар канори бому гаҳ бар равзан аст.
Шаб ниҳонӣ рух ба поят судаам, инак нишон
— Қатраҳои хуни ашки ман туро дар доман аст.
Дил асири дому ҷон мурғи ҳарими боми туст,
Доғи ҳирмону ғами ҳиҷрон саросар бар тан аст.
Бе рухат гуфтам: накӯ пур мекунам доман за ашк,
Гуфт: «Ҷомӣ, кори некӯ кардан аз пур кардан аст!»

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2