Симои Зулайхо.
Зулайхо низ образи мусбат ва намунавист, ки қиёс надорад. Ӯ ҳанӯз Юсуфро(а) дар хоб дида ошиқ мешавад ва аз пайи ана ҳамин орзуяш ҳастии худро ба гарав мегузорад. Вайро ғайри хоҳиш ба Азизи Миср хонадор мекунанд, вале ӯ устувориро якумрӣ нигоҳ медорад. Албатта, аз рӯи хоби дидааш Азизи Мисрро Юсуф (а) мепиндораду розӣ мешавад. Чун мебинад, ки ӯ нест, оммаро аз назар гузаронида (аҳли Мисрро) Юсуфро (а) пайдо карда наметавонад. Ӯ Азизи Мисрро аз он ҷиҳат эҳтиром мекунад, ки орзӯяш танҳо ба воситаи ӯ метавонист амалӣ шавад:
Даромад мурғи бахшоиш ба парвоз, Сурӯши ғайб додаш ногаҳ овоз. Азизи Миср мақсуди дилат нест, Вале мақсуд бе ӯ ҳосилат нест. Аз ӯ хоҳӣ ҷамоли дӯст дидан ваз ӯ хоҳӣ ба мақсудат расидан.
Вакте ки Зулайхо барои харидории ғулом меравад, ба нохост ғуломро дида, шахси дар хоб дидаашро мешиносад ва нерӯи ишқ ӯро аз ёд мерабояд:
Баромад аз дилаш бехост фарёд, Зи фарёде, ки зад бехуд бифтод.
Сонӣ, ӯ худро хушбахттарини ҷаҳон мешуморид, зеро мақсудашро пайдо кард. Юсуф (а) худро ғуломи хонадон дониста одоби исломии ғуломиро бо тамоми ҷузъиёт нигоҳ медорад ва риоя мекунад. Онҳо аз нигоҳи дин низ наздик буда наметавонистанд, зеро Юсуф (а) рисолати нубувватӣ дорад, вале Зулайхо бутпараст аст ва дар ин ҷо дар интиҳои достон Зулайхо бутро шикаст ва мушкилаш кушода шуд. Ба қавли ҳазрати Ҷомӣ хақиақти ислом маҳз ин аст, ки заволнопазир дониста мешавад. Зулайхо духтари фаъол аст ва барои мақсади худ бо тамоми ҳастиаш мубориза мебарад. Ӯ дар ин роҳ аз воситаҳои «…дар зарурат раво бувад…»-ро истифода карда, ҳатто боиси бисёр кулфатҳову мусибатҳо, ранҷу азобҳо, печидагиҳои зиндагии Юсуф (а) шуд, вале дар охир пушаймон мешавад ва худро дар ҳузури омма гуннаҳкор дониста ба ҳимояи Юсуф (а) мехезад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё