Зеҳн

«Дар ишорат ба ишқ»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Дар ишорат ба ишқ, ки шӯри он намаки хони ҷигархӯрон аст ва ҷароҳати он роҳати ҷони дилфигорон

Равнақи айёми ҷавонист ишқ, Мояи коми ду ҷаҳонист ишқ. Майли таҳаррук ба фалак ишқ дод, Завқи таҷарруд ба малак ишқ дод. Чун гули нон бӯи таашшуқ гирифт, Бо гили тан ранги тааллуқ гирифт.

Робитаи ҷону тани мо аз ӯст, Мурдани мо, зистани мо аз ӯст... Ҳар ки на дар оташи ишқ аст ғарқ, Аз дили ӯ то ба санавбар чӣ фарқ? Кори санавбар чу бувад ғофилӣ, Аз ғами ишқ ӯ киву соҳибдилӣ.

Зиндагии дил ба ғами ошиқист, Тораки ҷон бар қадами ошиқист. То нашавад ишқ ба дил пардагӣ, Гармии дил нест ҷуз афсурдагӣ. Эй шуда кори ту бад аз некувон, Ҷуфт сад андӯҳ зи тоқ абрувон.

Холи ту аз холи сиёҳон табоҳ, Рӯзи ту аз мушки узорон сиёҳ. Раҳзани хобат шуда чашмони маст, Тавбаи ту ёфта з-эшон шикаст. Ҳар ки шуд аз сарвқадон сарфароз, Сохт сарат паст ба хоки ниёз...

Гаҳ дам аз андешаи моҳӣ занӣ, Моҳи фалак биниву оҳе занӣ. Гаҳ зи гуле хурраму хандон шавӣ, Нағмасаро булбули бӯстон шавӣ. Гаҳ ба ғизоле дили шайдо диҳӣ, Руй чу девона ба саҳро ниҳӣ.

Ёри ҳамоғӯш ба дар бода нӯш, Ту паси зонуе ғам андар хурӯш. Ёр ҳамовоз ба ҳар ҳила соз, Ту зи таби фурқати ӯ дар гудоз. Ёр ҳамоҳанг ба ҳар сина танг, Ту ба дилаш кӯфта бар сина санг. Зиракие варзу чунон гир ёр, К-аш бувад андар дилу ҷонаш қарор.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2