Зеҳн

Мураббии сол

КИ
Китобдор31 октябри 2024 · 8 дақиқа хондан

Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии кормандони такмили ихтисос ва бозомўзии соҳаи маориф даври ниҳоии озмуни «Мураббии сол» баргузор гардид, ки дар он 5 нафар довталаб аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Данғараи вилояти Хатлон, Рўшони ВМКБ, Синои шаҳри Душанбе ва шаҳри Ҳисор иштирок ва сабқат намуданд. Озмунро вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Маҳмадюсуф Имомзода ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинаи таҳсилоти томактабиро ҳамчун бахши афзалиятноки соҳаи маориф баҳогузорӣ кардаанд. Тайи солҳои охир ба ин зинаи таҳсилот аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, баҳри рушди таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ стандарту барномаҳои нави таълимӣ қабул карда шуданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки сатҳи баргузории озмуни «Мураббии сол» дар шаҳру навоҳии кишвар бамаротиб боло рафта, истеъдодҳои наву умедбахш ба майдони фаъолият гомҳои устуворона гузоштанд.

Сипас, муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ дар хусуси ислоҳоту дигаргуниҳое, ки дар соҳаи маориф, ба хусус, зинаи таҳсилоти ибтидоӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба амал омадааст, ҳарф зад. Дар шарти аввали озмун аз довталабон муаррифии эҷодии фаъолияти педагогӣ бо такя бо назарияҳои педагогӣпсихологӣ ва адабиёти методӣ тақозо мешуд. Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии No6-и ноҳияи Данғара Гулнора Оймадова бо истифода аз тахтаи электронӣ лаҳзаҳои хотирмонро аз машғулиятҳои баргузорнамудааш ба намоиш гузошт.

Ба гуфти Гулнора, дар кўдакистоне, ки кор мекунад, китобхонаи замонавӣ мавҷуд аст, ки ба кўдакон барои мутолиаи асарҳои бадеӣ тавсия ва пешниҳод мегардад. Довталаб муаллифи дастури «Намунаи машғулиятҳои фаъолияти таълимӣ» буда, ҳамчунин, маърўзаву мақолаҳои методии худро бо номи «Тарбияҷавҳари худшиносӣ» пешниҳод намуд. Мутаассифона, чунонки аъзои ҳакамон хотирнишин карданд, довталаб гоҳо аз асли мавзўъ дур рафта, ба нақли батафсил, ки ба шарти озмун мутобиқат намекард, саргарм мешуд. Ҳол он ки дар шарти озмун, дар баробари муаррифии эҷодии фаъолияти педагогӣ, дастовардҳо ва таҳлили натиҷаи таҷрибаи касбӣ, намунаи машғулиятҳои кушод ва ғайра низ бояд рақамзанӣ мешуд. Дар умум, аз суханронии Г.Оймадова маълум шуд, ки вай таҷрибаи ғании кор дар гурўҳи омодагӣ ба мактабро доро буда, соҳиби донишу фаҳмиши хуб ва ҳунару маҳорат дар гузаронидани машғулиятҳо мебошад. Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии No152-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Неъматзода Шаҳло Нуралихон зимни муаррифи фаъолияти педагогии хеш иброз дошт, ки баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳо ва донишандўзии тарбиятгирандагон бо волидон ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки тарбиятгирандагони кўдакистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Донояк» иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ш.Неъматзода таъкид кард, ки аз бозиҳои дидактикӣ истифода карда, ҳамзамон, ба ғанӣ гардонидани захираи луғавии тарбиятгирандагон таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Ҳангоми муаррифии фаъолияти худ довталаб маърўзаҳояшро пешниҳод кард.

Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии No3-и ноҳияи Рўшон Наргис Шарипова низ монанди ҳампешагони худ доир ба фаъолияти мураббиягӣ, таҳсил дар донишкада ва оғози кораш ба тафсил маълумот дод.

Муаррифии фаъолияти довталаб воқеан пурмоҳият ва серпаҳлую доманадор буд. Аммо нақли тарҷумаи ҳол тўлонӣ буд, суханҳои умумӣ низ вақти зиёдро гирифтанд. Бояд гуфт, ки дар байни довталабон дар муаррифии фаъолияти педагогии мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии No8-и ноҳияи Б.Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибекова паҳлуҳои тоза ва нуктаҳои диққатҷалбкунанда ба мушоҳида расид, ки аз заҳмату омўзиши бардавоми номбурда шаҳодат медиҳад. Таҳмина тавассути навор дар бораи машғулиятҳои гузаронидааш маълумот дода, иброз дошт, ки ба ғайр аз васоити техникии муосир, дар дарсҳояш аз асбобҳои аёнии худсохт самаранок истифода мекунад. Дар раванди машғулиятҳо ба омилҳои рўҳию равонии кўдакон низ диққат медиҳад. Дар машғулиятҳои адабиёти бадеӣ ба рушди инкишофи нутқи шифоҳии тарбиятгирандагон ва захираи луғавии онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар баробари забони тоҷикӣ, омўзиши забонҳои русӣ ва англисиро ҳам ба роҳ мондааст. Аз иқдомоти дигари довталаб он аст, ки дар кўдакистон гурўҳи хорсароёнро таъсис додааст.

Мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии No7-и шаҳри Ҳисор Шаҳноза Раҳимова зикр намуд, ки таълиму тарбияи кўдаконро дар гурўҳи синни миёна ба уҳда дорад. Мавсуф перомуни машғулиятҳои худ, методу шеваҳои таълимӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ маълумоти ботафсил ироа намуд. Шарти дувуми озмун ҷавоби амиқ ва дуруст додан ба 5 савол оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълимиву тарбиявӣ ба шумор мерафт. Тавре ки узви ҳайати ҳакамон, мактабшинос Т.Девоншоева изҳор дошт, аслан довталабон дар қиёс бо иштирокдорони соли гузашта дониши хуб нишон дода, ба саволҳо асосан посухҳои саҳеҳу муътамад доданд. Вале як нуктаро бояд тавзеҳ дод, ки иштирокдорон дар бораи асноди меъёрии ҳуқуқӣ (стандарту барномаҳо, консепсияҳои марбути соҳа ва ғ.) маълумоти сатҳӣ доранд. Дар баргузор намудани шарти сеюми озмун, ки ташкил ва гузаронидани мизи мудаввар ба ҳисоб мерафт, ҷиҳати фарқкунанда дар фаъолияти довталабон он буд, ки онҳо ба мизи мудаввар коршиносонро даъват карда буданд. Довталабон Таҳмина Ҳоҷибоева, Шаҳло Неъматзода, Гулнора Оймадова, Наргис Шарипова ва Шаҳноза Раҳмонова бо ҷўшу хурўш ва эҳсоси баланд дар мизҳои мудаввари гузаронидаашон то андозае фазои озоди баёни андеша ва баҳси судмандро ба амал оварда тавонистанд. Вале, аз нигоҳи аъзои ҳакамон, тарзу шеваи роҳандозии мизҳои мудаввар то ҳадде ба баргузории машғулиятҳо шабоҳат дошт. Чунонки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар ҳамаи озмунҳое, ки ҳамасола гузаронида мешавад, довталабон дар иҷрои шарти номбурда мушкилӣ мекашанд. Дар шарти озмун таъкид шудааст: ба иштирокчиёни мизи мудаввар пешниҳод карда тавонистани моҳияти илмию амалӣ ва таълимию тарбиявии мавзўи муҳокимашаванда, маҳорати эҷодӣ, ташкил карда тавонистани мубоҳиса оид ба мавзўъ, ҷалб кардани онҳо ба баҳсу хулосабарорӣ, маҳорати гўш кардан, шунидан ва дарк кардани мавқеи иштирокчиён, эҳтироми якдигар ва таҳаммулпазирӣ зарур аст.

Мутаассифона, чи аз назари педагогӣ ва чи психологӣ, омилҳои дар боло зикршуда дар мизҳои мудаввари давталабон ба таври пурра таҳлилу баррасӣ ва мавриди иҷро қарор нагирифтанд. Дар рўзи дуюми озмун довталабон ба иҷрои шарти муҳим баргузории машғулияти таълимӣ шурўъ карданд. Атрофи то чӣ андоза дар иҷрои ин шарт комёб гардидани довталабон, узви ҳайати доварон, профессор Бибиҳафиза Маҷидова иброз дошт, ки довталаб Шаҳноза Раҳмонова аз шаҳри Ҳисор дар мавзўи «Тоҷикистон Ватанам, ифтихорам» дар гурўҳи синни миёна машғулият гузаронида, тавонист аз васоити аёнӣ истифода карда, диққати гурўҳро ба худ ҷалб намояд. Машғулият 23 дақиқа давом кард. Довталаб Шаҳло Неъматзода аз шаҳри Душанбе дар машғулияти инкишофи нутқ муназзамии раванди дарсро таъмин карда, аз васоити технологияи муосир истифода намуд. Ҷиҳати ҷолиби машғулият он буд, ки хусусияти фарогир (комплексӣ) дошт. Хуб мешуд, ки баъзе калимаҳо на бо забони русӣ, балки тоҷикӣ талаффуз мешуданд (таври мисол, сок афшура, варений мураббо ва ғ.) Таҳмина Ҳоҷибекова, аз ноҳияи Б. Ғафуров дар машғулияташ аз васоити техникӣ самаранок истифода кард. Кўдаконро ба гурўҳҳо ҷудо кард ва онҳо амалҳои вижаро иҷро намуданд. Аз ҷумла, ба аҳли гурўҳ тарзи дурусти талаффузи овозҳоро хотиррасон карда, бештар ба самти рушди инкишофи нутқ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҷиҳати хотирмони машғулияти гузаронидаи довталаб Н. Шарипова аз ноҳияи Рўшон дар он буд, ки вай дар машғулияти хониши бадеӣ кўдаконро дар рўйи гилем шинонда, мавзўъро ба қисмҳо ҷудо намуда фаҳмонд. Дар рўйи гилем расми ҳайвонҳо густурда шуда буд. Агар довталаб ҳамаи тарбиятгирандагонро ба дарс фаро мегирифт, сифати машғулият баланд мегардид.

Дар шарти 5-уми озмун довталабон ҳолатҳои психологӣпедагогиро таҳлил намуданд. Дар раванди лаҳзаҳои гуногуни педагогӣ равонии ба мураббиён пешниҳодшуда, бояд ба фаъолиятҳои гуногун ба пайдоиши «навовариҳои» синнусолӣ аҳамият дода, ҷавобҳои асоснок медоданд. Дар ин маврид донистани маълумот дар барои хусусиятҳои равонӣ педагогӣ, дар бораи фаъолияти психикӣ ва ҷисмонии кўдак ҳатмӣ мебошад. Ҷавобҳои пешниҳодшудаи довталабон таҳлил гардида, методу усулҳои дар ин лаҳзаҳо истифодашаванда барои аъзои ҳакамон муаррифӣ шуданд.

Шарти 6-уми озмун аз тасвири манзара дар алоқамандӣ бо чорабиниҳои давлатӣ, идҳо ва мавзўъҳои таълимӣ иборат буд.

Дар рафти озмун муайян гардид, ки то кадом андоза мураббия аз шаклҳои гуногуни санъати тасвирӣ бохабар мебошад, қобилияти дарки онҳоро дорад ва дар ў қобилияти расмкашӣ, сохтан, гулмонӣ, суробсозӣ ташаккул ёфтааст ва онро мавриди истифода қарор медиҳад. Довталабон Ҳоҷибекова Таҳмина, Оймадова Гулнора, Неъматзода Шаҳло, Раҳимова Шаҳноза, Шарипова Наргис бо истифода аз маводи гуногун дар вақти муайяншуда манзараро вобаста ба маҳорату малакаашон сохта, муаррифӣ намуданд.

Таклифу пешниҳодҳо:

1.Кормандони соҳаи таҳсилоти томактабӣ бояд ҳуҷҷатҳои меъёрӣҳуқуқии соҳаро ҳамаҷониба омўхта, вобаста ба мазмуну муҳтавои онҳо фаъолияти касбии худро сайқал диҳанд.

2. Инчунин, бештар адабиёти педагогию равониро таҳлил намуда, аз онҳо бархўрдор гардида, дар амалия, махсусан, ҳангоми иштирок дар озмунҳо мавриди истифода қарор диҳанд.

3. Мушовирони соҳаи таҳсилоти томактабии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва раёсатҳои шаҳру вилоятҳо бояд ба иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои аз худ намудани донишҳои нави замонавӣ роҳнамоӣ намоянд, методикаи гузаронидани машғулиятҳоро дар гурўҳҳои синнусолӣ назорат намоянд, донистани забони русиву англисӣ, истифодаи воситаҳои техникӣ ва усулҳои нави таълимиро талқин намоянд.

4.Муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ ва марказҳои инкишофи кўдакон барои ширкат дар озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии сол» тибқи муқаррароти умумии Низомномаи озмуни «Мураббии сол» ширкат варзанд.

5. Низомномаи озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» тибқи талаботи замони муосир мавриди таҷдид қарор дода шавад.

6. Дар гузаронидани озмунҳо ба раванди таълим, яъне тартиби нақшаи корӣ, ҷузвдонҳо, навиштани рафти машғулият, омода кардани реферат, тавсияҳои педагогӣ ва дастурҳои методӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» риоя карда шавад.

Ҳамин тавр, озмуни «Мураббияи сол2020» ҷамъбаст гардид, ки дар он довталаб Таҳмина Ҳоҷибекова, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии No8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Неъматзода Шаҳло Нуралихон, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии No152-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ғолиб дониста шуда, сазовори шоҳҷоиза ва мукофоти пулӣ гардиданд. Дигар довталабон низ бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм ва мукофотҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба