«Хирадномаи Искандар»-и Ҷомӣ (расидани Искандар ба шаҳре).
ДОСТОНИ РАСИДАНИ ИСКАНДАР БА ШАҲРЕ КИ ҲАМАИ МАРДУМ ПОКИЗАРӮЗГОР БУДАНД ВА САВОЛУ ҶАВОБИ ЭШОН
Сикандар чу мегашт гирди ҷаҳон, Хабарпурси ҳар ошкору ниҳон. Дар аснои рафтан ба шаҳре расид, Дар он шаҳр қавме писандида дид.
Зи гуфтори беҳуда лабҳо хамӯш, Фурӯбаста аз носазо чашму гӯш. Наҷуста ба бад ҳаргиз озори ҳам, Ба ҳар кори некӯ мададгори ҳам.
На з-эшон тавонгар касе, не фақир, Бар эшон на султон касе, не амир. Баробар ба ҳам қисмати молашон, Мувофиқ ба ҳам сурати ҳолашон.
На аз меҳнати қаҳташон сол танг, На бар сафҳаи сулҳашон ҳарфи ҷанг. Зи як хона ҳар як шуда баҳраманд, На дар бар дари хонаҳошон, на банд.
На ҳар дар фурӯ бурда гӯре мағок, Ки бинандаро з-он шудӣ сина чок. Сикандар чу шуд воқифи таврашон, Шуд аз гуфтугӯ толиби ғаврашон.
Бигуфто зи аввал, ки «дар вақти зист. Фурӯ бурдани гӯр аз баҳри чист? Бигуфтанд, к - «аз баҳри он кандаем, Ки то дар фазои ҷаҳон зиндаем, Набандад лаби худ зи иршоди мо, Диҳад ҳар дам аз мурдагӣ ёди мо.
Кушода бад-ин нукта доим даҳон, Ки мову туем он даҳонро забон. Зи ҳар ком барканда дандон дар ӯ, Забонвор афтем урён дар ӯ.
Забонворамон чун ба зиндон кунанд, Зи дандонаи хишт дандон кунанд». Дигар гуфт: «Чун хонаҳо бе дар аст? Дари боз ҳар дуздро раҳбар аст».
Бигуфтанд: «Дар шаҳри мо нест дузд, Ки аз касби дуздӣ хӯрад дастмузд. Ҳама мардуми содиқанду амин, Чу хоканд аминони рӯи замин.
Ба хок ар супорӣ яке дона ҷав, Диҳад ҳафсадат боз вақти дарав». Дигар гуфт: «Чун баҳри молу матоъ Миёни шумо нест ҷангу низоъ?»
Бигуфтанд: «Мо бандаи сонеъем, Ба қуту либосе зи вай қонеъем. Расад бе низоъ он чӣ бошад кифоф, Аз он дар ғилоф асг теғи хилоф».
Дигар гуфт: «Чун шоҳи фармонравой Дар ин шаҳри бе шӯр нагрифта ҷой?» «Паи дафъи зулм аст, — гуфтанд,— шоҳ, Зи зулм ин вилоят бувад дар паноҳ.
Зари адл аз зулм гирад иёр, Чу золим набошад, ба одил чӣ кор?!» Дигар гуфт: «Чун дар диёри шумо Ғанӣ нест кас дар шумори шумо?»
Бигуфтанд: «Н-ояд зи табъи карим, Ҳарисӣ намудан паи зарру сим. Насозад дар ин тангнои маҷоз, Зару симро ҷамъ ҷуз ҳирсу оз».
Дигар гуфт: «Чун аз суруфи замон, Зи маҳрумии қаҳт доред амон?» Бигуфтанд: «Бегоҳу гоҳе, ки ҳаст, Дар омурзишем аз гуноҳе, ки ҳаст.
Шавад одамиро дар ин девлох, Зи омурзиш асбоби рӯзӣ фарох». Дигар гуфт, к-ин шева хоси шумост, Ки сармоябахши халоси шумост.
Ва ё аз падар бар падар омадаст? Гуҳарвор аз кон бадар омадаст? Бигуфтанд, к-ин хоса аз мо нахост, Або ан ҷад ин гашта мероси мост.
Надорам аз нахлкорӣ хабар, Зи нахли падар чидаем ин самар. Сикандар чу пардохт ин гуфтугӯй, Ба оҳанги баргаштан овард рӯй.
Ба дӯкончаи дарзие баргузашт, Ки чашм аз фурӯғи ваяш хира гашт. Ба миқрози таҷрид бубрида дил, Зи пайванди ин олами обу гил.
Фурӯ бурда сар ҳамчу сӯзан ба кор, Гузашта зи дурроаи айбу ор. Чу ришта сар аз ҷоҳилон тофта, Сари риштаи маърифат ёфта.
Сикандар бад-ӯ гуфт, к-эй хирасар, Чу омад ба гӯши ту аз мо хабар. Чу ришта сар аз мо чаро тофтӣ? Чу сӯзан ба сар тез наштофтӣ? Бигуфто, ки ман марди озодаам, Ба роҳи ҳавас пой нанҳодаам.
Наёяд хушам фарру иқболи ту, Чӣ созам сари хеш помоли ту! Надорам тамаъ ганҷи симу зарат, Чу мор аз чӣ ҳалқа занам бар дарат?
Аз ин пеш дар шаҳри мо як-ду кас, Бипарридашон мурғи ҷон аз қафас. Бурид он умеди худ аз тоҷу рахт, Кашид ин зи пайғулаи фақр рахт.
Кафан бар тани он зи хаззу ҳарир, Бар ин аз куҳан далқи дилнопазир. Аз ин бевафо кохи нопойдор, Ниҳодандашон дар яке кунҷи ғор.
Бар эшон чу бугзашт якчанд рӯз? Гузаштам бар он ғор бо дарду сӯз. Зи ҳам дидам он ҳар дуро рехта, Ба ҳам устухонҳо даромехта.
Нашуд равшанам баъди сад эҳтимом, Ки он як кадом асту ин як кадом. Ҳавои ҷаҳон бар дилам сард шуд, Зи пайванди он хотирам фард шуд.
Бад-ӯ гуфт шаҳ, к-эй ба донишварӣ Туро аз ҳама пояе бартарӣ, Зи ҳар кор мебинам огаҳ туро, Биё, то бар инон кунам шаҳ туро.
Бигуфто, ки шоҳо, ман он дарзиям, Ки бошад паи худ амалварзиям. Паи хеш далқи бақо дӯхтан, Беҳ аз атласи фонӣ андӯхтан!
Намехоҳам ин хилъати мустаор, Ба ури дигар кун ато ин шиор... Биё, соқиё, з-он маи ровакӣ, Ки сайди тарабро кунад новакӣ.
Бидеҳ, то дар ин доми дилношикеб, Бубандем гӯш аз сафири фиреб. Биё, мутрибо ва он наи форсӣ, Ки бар рахти ишрат кунад форисӣ, Бизан то ба ҳамроҳии он савор Кунем аз биёбони меҳнат гузор.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё