Зеҳн

«Хирадномаи Искандар»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

ХИРАДНОМАИ ИСКАНДАР

Сикандар, ки ганҷинаи роз буд, Дари ганҷи ҳикмат бад ӯ боз буд. Зи ҳикмат басо гавҳари шабфурӯз, К-аз ӯ монда пайдост бар рӯи рӯз.

Биё, гӯшро қоиди ҳуш кун, вз он гавҳар овезаи гӯш кун. Чу дорӣ дилу ҳуши ҳикматгарав, Бикаш пунба аз гӯшу ҳикмат шунав.

Арасту, к-аш устоди таълим буд, Бад-ӯ нақди худ карда таслим буд. Бад-ӯ гуфт рӯзе, ки эй хурдаҷӯй, Ба дониш зи ақрони худ бурда гӯй.

Чу мулки ҷаҳонат мусаллам шавад, Дар он поя пои ту маҳкам шавад. Чӣ бошад ба пеши ту миқдори ман, Чӣ равнақ пазирад зи ту кори ман?

Бигуфто, ки бошад туро бартарӣ, Бари ман ба миқдори фармонбарӣ. Ба тоат туро то қадам пештар, Бувад қадри ту пеши ман бештар.

Арасту чу аз вай шунид ин ҷавоб, Ба меъёри ҳикмат намудаш савоб. Бигуфто: «Шуд акнун яқинам дуруст, Ки ин ҷома бар қомати туст чуст.

Ба тоҷи каёнӣ шавӣ сарбаланд, Зи тахти Ҷаму мулки ӯ баҳраманд». Ҳаме буд доим ба фарҳангу рой, Ба таъзими устод кӯшишнамой.

Касе гуфт: Чунӣ, чунин ранҷбар, Ба таълими устод беш аз падар? Бигуфто: Зад ин нақши обу гилам, ва аз он тарбият ёфт ҷону дилам.

Аз ин шуд тани ман пазирои ҷон ва аз он омадам зиндаи ҷовидон. Аз ин ёфтам як-ду рӯза вуҷуд ва аз он як шудам баҳри афзолу ҷуд.

Аз ин баҳри гуфтан забонвар шудам ва аз он дар сухан кони гавҳар шудам. Зи шаҳват шуд ин як замон комёб, Паи тухми ман рехт як қатра об.

Зи фикрат шуд он солҳо сеҳркор, Ки дар илми ҳикмат шудам номдор. Аз ин по кушодам зи қайди адам ва аз он рӯ ниҳодам ба мулки қидам.

Яке рӯз бар тахти шоҳӣ басе Ба сар бурду бегона н-омад касе. Бигуфто, ки имрӯзро, к-аз дарам Наёяд кас, аз умри худ нашмарам.

Дар он рӯз шаҳро чӣ осоиш аст, Ки аз вай на бахшиш, на бахшоиш аст, Нарезад ба домони хоҳанда сим, Нашӯяд зи ҷони паноҳанда бим.

Иноят набинад накӯкор аз ӯ, Сиёсат наёбад дилозор аз ӯ?! Чӣ хуш гуфт рӯзе, ки қавли ҳаким Бувад оина пеши марди карим.

Ки бинад дар ӯ сирату хӯйро, Бад-он сон ки дар оина рӯйро. Хирадро асар дар дили оқилон, Фузун бошад аз теғ бар ҷоҳилон.

Бимонад мудом он асар дар замир, Шавад ин ба якчанд дармонпазир. Камони аҷал гар хадангафган аст, Маёзор, к-озор аз он бар тан аст.

Чу солим зияд мурғи шириннафас, Чӣ ғам, гар шикасте расад бар қафас? Чу муҷрим шавад аз гунаҳ узрхоҳ, Гунаҳ дон тағофул зи узри гуноҳ.

Битарс аз иқоби шадид-ул-иқоб, Макун дар уқубатгироӣ шитоб. Тавон зиндагонро фигандан зи пой, Вале кушта ҳаргиз нахезад зи ҷой.

Фаровон ҳаме бахшу кам мешумор, Зи миннат ниҳодан ҳаме кун канор. Ҳаме гир кам, лек мебин басе, К-аз ин шукр пайванд гардад гусӣ.

Чу Доро ба он рою фарҳанги хеш Шуд озурдаи теғи сарҳанги хеш. Аз он захм дар хоку хун уфтод, Зи мулки саломат бурун уфтод.

Паси парда будаш яке турфа духт, Зи покизагӣ меваи сояпухт. Васият чунин кард, к-он дурри пок Зи фарри Сикандар шавад тобнок.

Нагардад ҷуз ӯ ҳеч кас ҷуфти ӯ, Кушояндаи дурҷи носуфти ӯ. Сикандар чу кард он васият қабул, Вале аз қабули васият малул.

Бад-ӯ гуфт кас, к-ин маломат зи чист, Аз ӯ беҳтарат дар ҷаҳон ҷуфт кист? Бигуфто: Аз он бошад андешаам, Ки бар по занад ишқи ӯ тешаам, Зи савдои ишқаш дарафтам зи пой, Шавад бар сарам шоҳи фармонравой.
Наёрам зи кас кардан онро ниҳон, Бигӯянд фарзонагони чаҳон: «Сикандар зи Доро ҷаҳонро гирифт, Вале духтараш аз вай онро гирифт.

Забунсози мардони соҳибнигин, Забун шуд занеро, на ақлу на дин!» Бад-ӯ хотираш майли бисёр дошт, Вале зоҷири ақл бар кор дошт.

Ба вай маҳраме гуфт, к-эй комгор, Аз ин нӯшлаб коми хотир барор. Бигуфто, ки тоҷи хилофат ба фарқ, Ҳама зери фармони ман Ғарбу Шарқ, Нашояд, ки дар пеши ин ишвасоз, Дароям ба зонуи аҷзу ниёз.

Зи тифле ҳамоғӯш бистар кунам, Ба вай хештанро баробар кунам?! Биё, соқӣ, он талқи маҳлулро, Ки зирак кунад ғофилу гӯлро, Бидеҳ, то нишинам зи ҳар ҷуфт тоқ, Диҳам ҷуфту тоқи ҷаҳонро талоқ.

Биё, мутрибу тоб деҳ гӯши уд, Ба гӯши ҳарифон расон ин суруд, Ки риндони озодаро дар никоҳ, Набошад ба ҷуз духтари раз мубоҳ!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2