Зеҳн

Tаркиби «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Таркиби «Ҳафт авранг»

Абдураҳмони Ҷомӣ натанҳо дар сурудани жанрҳои хурди лирикӣ мартабаи бузург дошт, балки дар эҷод намудани достонҳои ҳаҷман калони ишқӣ, ахлоқӣ маҳорату истеъдоди комилро доро буд. Ӯ дар солҳои охири ҳаёташ дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ 7 достони мустақил гуфтааст. Ба ҳамин тариқ, миқдори достонҳои «Хамса»-ро зиёд намуда, ба 7 расондааст. Ҷомӣ ин ҳафт достони худро ба ҳафт хазинаи пурганҷ, ба ситораҳои «Ҳафт додарон» монанд кардааст. Агар, мегӯяд шоир, ин «Ҳафт додарон» дар осмон шӯҳратманд бошанд, ин ҳафт достони ман дар замин бо номи «Ҳафт авранг» мақоми хоса доранд:

Ин ҳафт сафина дар сухан якранганд вин ҳафт хазина дар гуҳар ҳамсанганд. Чун ҳафт бародаранд бар чархи баланд, Номӣ шуда бар замин ба «Ҳафт авранг»-анд.

Достонҳои Ҷомӣ чи аз ҷиҳати бандубасту композитсия ва чи аз ҷиҳати тасвири воқеаю ҳодисаҳо аз достонҳои Низомӣ ва Амир Хусрав фарқи калон доранд. Шоир ба ин маънӣ ишорат намуда, изҳор менамояд, ки бояд хар кас бо меҳнати ҳалоли худ зиндагӣ кунад, ном барорад. Дар офаридани асар низ бояд ҳамин тавр бошад. Вагарна ба ақидаи шоир, тири мақсуд ҳаргиз ба нишон намерасад:

Гавҳар чу тавон зи кон гирифтан, Сустӣ бувад аз дукон гирифтан. Ҷон аз кафи дасти хеш кардан, Об аз нами ҷӯи хеш хӯрдан. Беҳ з-он ки хӯрӣ ба косаи зар, Аз ҳавзаи соқиёни дигар1.

Ҷомӣ хурсанд аз он аст, ки ба Низомию Амир Хусрав пайравӣ кардааст, вале асарҳои ӯ махсусиятҳои худро доранд:

Ҳар сӯ ҷӯе зи об ронам, Ҳам худ хӯрам об, ҳам хӯронам.

Мусаллам аст, ки маснавиҳои «Силсилатуззаҳаб» ва «Саломон ва Абсол» тозаэҷоданд. Панҷ достони дигар дар ҷавоби панҷ достони «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ ва Хусрави Деҳлавӣ иншо шудаанд. --------------------------- 1. Достонҳои Низомӣ ва Амир Хусравро дар назар дорад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2