Зеҳн

Тавзеҳи «Муқаттаот»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Муқаттаоти Ҷомӣ.

Дар сурудани қитъа низ ҳазрати Ҷомӣ яке аз тозакорони таърихи адабиёти форс-тоҷик аст. Албатта, дар жанри қитъа низ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик шоирони махсуси қитъасаро буданд (Ибни Ямини Фарюмади), вале ин жанр кӯҳантаърих буда, ҳанӯз дар оғози шеъри порсии дари ба назар мерасад ва ҳатто аз адабиёти тоисломӣ низ намунаҳои хуби навъи адабии мазкур ба ёдгор аст. Мавқеи қитъа дар ҳар се девони Мавлоно Ҷомӣ андаке тафовут дорад, зеро шоир дар эҷоди ин навъи адабӣ хеле қавипанҷа аст. Таносуби қитъа дар эҷодиёти Ҷомӣ, дар девони якум 44-то, девони дуюм 53-то ва девони сеюм 40-то буда, ҷамъулҷамъ дар ҳар се девон 137-тост. Умуман қитъа дар эҷодиёти Ҷомӣ ҷои чаҳорумро (пас аз ғазал, қасида ва рубоӣ) ишғол менамояд. Мавзӯи марказии қитъаҳои Ҷомӣ чун анъана панду ахлоқ, андарзу хикмат, мавъизату тарбият ва албатта, таърих, ҳаводису вокеоти таърихӣ, ҳасби ҳол, инчунин баъзе қитъаҳои шоир бештар ҷанбаи ҳаҷвӣ-танқидӣ ва ё ин ки ҳазлу шӯхӣ ва зарофат доранд. Вале дар ҳама ҳолат панду андарз бунёди тематикии муқаттаоти ӯро фароҳам овардааст. Чунончӣ:

Дар ин нишемани идбор, Ҷомиё, коре Агар кунӣ, на чунон кун, ки шармсор шавӣ. Ниҳоди чархи фалак чун зумуррадин кӯҳест, Ки ҳар садо, ки бад ӯ дардиҳӣ, ҳамон шунавӣ. Басити рӯи замин мазраи мукофот аст. Ки донае, ки дар ӯ афканӣ, ҳамон даравӣ.

Дар қитъаи мазкур, ки панду ахлоқист, асоси мавзӯи он бар болои мукофоти амал, подоши зиндагӣ устувор гузошта шудааст. Ҷомӣ бо лафзи ҳакимона ва ҳамчун мутафаккири ҷаҳондида хусусан ба ҷавонон таъкидан мегӯяд, ки набояд аз номи падару аз мансаби ӯ фахр кард, балки чунон бояд рафтор намуд, ки боиси ифтихори волидайн шавӣ. Ба ин маънӣ ӯ мегӯяд:

Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар, Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст. Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор, Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

Маҳз дар қитъаҳо (дар муқоиса нисбат ба навъҳои дигари шеърӣ) мо бештар афкори тарбиявӣ-ахлоқии Ҷомиро дучор мешавем, зеро мавзӯи марказии навъи адабии мазкур панду андарз ва насиҳату мавъизат мебошад. Модоме ки китъаҳо асосан афкору андешаҳои ахлоқии мутафаккирро фаро гирифтаанд, пас мо дар навъи адабии зикршудаи таркиби девонҳои шоир ақидаҳои фалсафӣ, таълимоти фалсафӣ-ахлоқӣ ва дақиқан фалсафаи амалии Мавлоно Ҷомиро мебинем. Аз ин рӯ, барои муайян намудани фалсафаи амалии Ҷомӣ, барои омӯхтани андешаҳои тарбиявӣ-ахлоқии мутафаккир муқаттаоти ӯ хеле ҳам кӯмаки фаровон менамоянд. Аз тарафи дигар, Мавлоно Ҷомӣ дар ташаккули навъи қитъа хидмат кардааст. Аз нигоҳи ҳунари шоирӣ, санъати эҷод, шеваи баён, сабки таълиф, услуби ифода, адои суханпардозӣ, тарзи маъниофаринӣ, ҷавлони андешаву парвози тахайюл шояд кам шоире бошад, ки дар ин навъи шеърӣ ба ҳазрати Ҷомӣ ҳампанҷагӣ бикунад. Ин аст, ки ӯ андешаи худро оид ба ҳунари суханварии хеш дар як қитъаи худ чунин ифода кардааст:

Дар фунуни шоирӣ, Ҷомӣ зи ҳад бурдӣ сухан, Вақти он омад, ки дар кунҷи хамӯшӣ ҷо кунӣ. Пир гаштӣ дар саводи шеър бурдан бо баёз, Чун қалам тарсам, ки рӯзе сар дар ин савдо кунӣ

ва ғайра.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2