«Луҷҷат-ул-асрор» ворид дар ҷавоби Хусрав аст.
«Луҷҷат-ул-асрор» ворид дар ҷавоби Хусрав аст
Кунгури айвони шаҳ, к-аз кохи Кайвон бартар аст, Рахнаҳо дон, к-аш ба девори ҳисори дин дар аст. Чун саломат монд аз тороҷ нақди ин ҳисор? Посбон дар хобу бар ҳар рахна дузде дигар аст. Чист зарри ноб? — Рангин гашта хоке з-офтоб, Ҳар кӣ кард афсар зи зарри ноб, хокаш бар сар аст. Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо, Дар бараш дил баҳри дониш в-ӯ шаҳи баҳру бар аст.
Зан наӣ, мардӣ куну дасти карам бикшо, ки зар Мардро баҳри карам, занро барои зевар аст. Кисахолӣ бош баҳри рафъати явмулҳисоб. Сифр чун холист, з-арқоми адад болотар аст.
Ошиқи ҳамён шудӣ, лоғар миёнаш кун зи базл, Ҳусни маъшуқони раъно дар миёни лоғар аст. Нест сурх аз асли гавҳар тангаи зар гӯиё, Баҳри доғи бухлкешон карда сурх аз озар аст.
Зар бувад дар ҷайб молу майли ӯ дар ҷон вубол, Лаъли оташранг бар каф лаълу дар дил ахгар аст. Бигзар аз вайронаи гетӣ саломат, гарчи ҳаст Ганҷҳо дар вай, ки бар ҳар як тилисме мункар аст.
Ҳар куҷо бинӣ дари ганҷеву бар дар ҳалқае, Ҳалқа-ҳалқа карда море дар даҳони аждар аст. Ҳирс кори мӯр бошад, гар равӣ бо ӯ ба гӯр, Ҳашви гӯри хештан бинӣ, ки мӯри бемар аст.
Шуд даҳони ҳирси Санҷар пур, вале аз хоки Марв Ин сухан бишнав, ки марвӣ аз даҳони Санҷар аст. Маънии зар утрак омад, муқбиле, к-ӯ бурд бӯ, 3-имтисоли амри зар дар тарки дунё Бӯзар аст.
Зар бидеҳ ва аз фаҳш авлоди зиноро лаб бибанд, Дида бошӣ қуфли зар, к-аз баҳри фарҷи астар аст? Гарчи бошад зар хуш, ибро кун зи зар, к-иброст тоҷ, Баҳри Иброҳиму зар наълайни пои Озар аст.
Аз риёпеша маҷӯ ҳоҷат, ки ҷудаш оразист, Мева кай орад дарахти хушк, к-аз борон тар аст? Лаб наёлоянд аҳли ҳиммат аз хони хасон, Дархури дандони анҷум гирдаи моҳу х(в)ар аст.
Томеон аз баҳри луқма пеши ҳар хас сар ниҳанд, Қонеонро ханда бар шоҳу вазири кишвар аст. Мокиён аз баҳри дона мебарад сар зери коҳ, Қаҳқаҳа бар кӯҳу бар дар шеваи кабки нар аст.
Нафъи омма оммаро авлост, оре думми хар Хуш магасро нест, лекин куни харро дарх(в)ар аст. Марди косиб, к-аз машаққат мекунад кафро дурушт, Баҳри ноҳамвории нафси дағал сӯҳонгар аст.
Соғари роҳат бувад аз касб бар каф обила, Вақти он кас хуш, ки роҳатёфта з-ин соғар аст. Фарҷро банд аз гулӯ кун, к-аз занони саътарӣ Фориғ аст он кас, ки қути ӯ зи нону саътар аст.
Ҳар киро сохт шаҳват ним хардил гӯ ба ақл, Худ ба фаҳми хӯрдабинон ним хардил ҳам хар аст. Сифларо манзур натвон сохтан, к-ӯ хубрӯст, Мехро дар дида натвон кӯфтан, к-он аз зар аст.
Шоҳидони зарталабро орази пурхатту хол Дар кафи томеъ ба қасди моли мардум маҳзар аст. Рӯзгорат тира, дастат холиву дил пурҳавас, Шаб дарозу нохунон афтода, аъзо пургар аст.
Даст деҳ бо ростон, дар қатъи пастиҳои табъ Бе асо магзар, ки дар роҳи ту сад ҷӯю ҷар аст. Бош дар дин собит, ар тарсӣ зи қаҳри Ҳақ, ки пой Карда маҳкам дар замин арар зи бими сарсар аст.
Некӣ омӯз аз ҳама, ар кам зи худ, охир чи айб? Ростӣ дар ҷадвали заргар зи чӯбин мистар аст. Нест қадри оливу дун ҷуз ба миқдори ҳунар, Қасри шаҳро посбон бар бому дарбон бар дар аст.
Ҳикмат андар ранҷи тан таҳзиби ақлу ҷони туст, Қасди воиз заҷри асҳобу лагад бар минбар аст. Комилу ноқис на яксонанд дар қатъи умур, Он чи аз шамшер меояд на ҳадди ханҷар аст.
Чун кунанд аҳли ҳасад тӯфон, тариқи ҳилм гир, Гоҳи мавҷ ороми киштиро зи сақли лангар аст. Бо ҳасудон лутф хуш бошад, вале натвон ба об Куштан он оташ, ки андар санги оташмузмар аст.
Гар наӣ ҳамкор бо некон, зи ҳамномӣ чӣ суд? Як Масеҳ иброи акма карду дигар аъвар аст. Хӯи некӯ гирад он, к-аз нек ёбад тарбият, Шири ҳикмат нӯшад он, к-уммулкитобаш модар аст.
Феъли нек аз некхӯён ҷӯ, ки дар тасрифи даҳр Муштақ андар сурату маънӣ ва вифғи масдар аст. Хор-хори шак даруни дил бувад ҷонро чу кар, Маънии «ин» к-аз барои шак бувад з-он рӯ кар аст.
Ҳаст марди тирадил дар сурати аҳли сафо, Он зани ҳинду, ки аз ҷинси сафедаш чодар аст. Ҳар халал, к-андар амал бинӣ, зи нуқсони дил аст, Рахна, к-андар қаср ёбӣ, аз қусури қайсар аст.
Нафси зулматрав ба ҳаблуллаҳ зи ҷунбиш бозмонд, Риштаи хуршед банди боли мурғи шабпар аст. Бегуноҳеро ба ҷурми дигаре аз рӯи ҷаҳл, Сарзаниш кардан на расми оқили донишвар аст.
Кармро, к-аш метавон айни карам хондан чӣ айб, Гар ба рағми мардумаш уммулхабоис духтар аст. Ҳар чӣ меёбӣ зи вай он хосият, к-аш мумкин аст, Таъни ӯ бар фақди ҳар номумкине мустанкар аст.
Нест кӯҳ аз баҳри ҳамроҳӣ, ки гӯӣ музмин аст, Нест шер аз баҳри ҳамхобӣ, ки гӯӣ абҳар аст. Сифла гар хиҷлат кашад, з-осори феъли худ кашад, Гулханиро рӯ сиёҳ аз дуд ё хокистар аст.
Гӯши ҳикмат каш талаб, не дидаи суратпараст, Хатти кӯр аз шоҳидони хушнаво беш аз хар аст. Чун фитад з-оҳанги сиҳҳат тори раг бар уди тан, Захма баҳри сози он оҳанг захми наштар аст.
Нақши паҳлу нусхаи тафсили ранҷи шаб бас аст, Ҷомачокеро, ки то субҳ аз ҳасираш бистар аст. Хуш бувад хушхӯ ба ҳар сурат, ки бошад чун абир, К-аш ба саҳв ар ғофиле тасҳиф хонад анбар аст.
Кӯси номус ар занӣ, аз чарху анҷум баргузар, Чун дафи расвоият ин пур ҷалоҷил чанбар аст. Сӯи маънӣ рав, ки гар монад ба сурат бо сипанд, Кай кунад дафъи газанд он нуқта, к-андар миҷмар аст.
Кам нишин з-амсоли худ эмин, ки бошад дар рақам Мисли ҳанчар ханҷар, аммо баҳри қатъи ханҷар аст. Таъна аз кас хуш набошад, гарчи ширингӯ бувад, Захми най бар дида сахт аст, ар ҳама найшаккар аст.
Кандани бунёди давлатро бувад селе азим Рашҳаи килки авонон, гарчи бас мустаҳқар аст. Гар уруҷи нафс хоҳӣ, боли ҳиммат баркушой, К-он чӣ дар парвоз дорад эътибор, аввал пар аст.
Нест аз мардӣ аҷузи даҳрро гаштан забун, Зан, ки фоиқ гашт бар шавҳар, ба маънӣ шавҳар аст. Роҳи узлат пӯю хуррам зӣ, ки чандин қаҳқаҳа Кабк аз он дорад, ки дур аз халқ бар кӯҳу дар аст.
Ҷинси нилӣ гунбазӣ, аз гиря мешав ғарқи об Шаб чу мурғе, к-ошёнаш ғунчаи нилуфар аст. Мункаронро воридоти орифон набвад қабул Кофаронро мӯъҷизоти анбиё кай бовар аст?
Фиқра-фиқра аз каломи шери мардон гӯш кун, 3-он ки бар Бӯҷаҳл ҷаҳл аз Зулфиқори Ҳайдар аст. Нуктаҳои пасти комил ҳаст толибро баланд, Нуқтаҳои ёи Ҳайдар тоҷи Қофи Қанбар аст.
Хоки ёрон шав, ки пушти кину кибрат бишканад, Кӯҳли ағбар чашми нусратро ғубори лашкар аст. Лашкари инъомнодида ба бонге тафриқаст, Дафтари шероза нокарда ба боде абтар аст.
Нописандӣ гар расад аз ёри равшандил чӣ бок, Нест айбе оби соферо, ки хошоковар аст. Дил бипарвар баҳри файзи нав ба нав, к-аз нахли хушк Мехӯрад хурмои тар Марям, ки Исопарвар аст.
Кофаре дон нафси саркашро, ки лозим ёбияш, Сар кашӣ чун саркаши кофе, ки андар кофар аст. Соғари ишрат мазан бо зан, ки гар ҳаст аз нахуст Роздори сатри иффат, охир аз соғар ғар аст.
Баҳра аз ҷинсият афзоянд, ки чун дар фасли дай Меҳр урён бошад, аз вай хатти урён уфар аст. Дил макун бо жандапӯшон бад, ки ҷосуси диланд, Баҳри ҷосусист шаҳ, к-андар либоси чокар аст.
Чора дар дафъи хавотир сӯҳбати пир асту бас, Рахна бар Яъҷуҷ бастан хосаи Искандар аст. Ҷони пажмурда зи файзи пир ёбад зиндагӣ, Хизр аз он хизр аст, к-аз вай сабзаи хушк ахзар аст, Бӯи дарвешӣ надорӣ, хирқаи пашмин чӣ суд? Чанд печӣ мушк дар нофа, ки мушки азфар аст.
Нозпарварди ҳаво бо нафс натвонад ғазо, Зан, ки бошад лоиқи маъзар, чу марди миғфар аст. Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Олими олимақом аз баҳри ҷар хоҳад улув, Чун «ало», к-аш маънӣ истеълову кори ӯ ҷар аст. Муфтии тардоман аз мастӣ навозад ҳамчу даф Дафтари худро, дафи тардоман, оре, дафтар аст.
Фалсафа — чун аксараш омад сафа, пас кулли он Ҳам сафа бошад, ки дорад ҳукми кул, он-ч аксар аст. Фалсафӣ аз ганҷи ҳикмат чун ба фулсе раҳ наёфт, Менадонам, дигареро сӯи он чун раҳбар аст?
Ҳукми ҳоли мантнқӣ хоҳӣ, зи ҳоли фалсафӣ Кун қиёс онро, ки асғар мундариҷ дар акбар аст. Он бадахтар, к-аш мунаҷҷим гуфтаӣ, чун ҳар асар Пеши ӯ маснад ба ахтар шуд, худояш ахтар аст.
Ихтиёре нест ӯро, ихтиёр аз вай мапурс, Ихтиёри ҷумла гум дар ихтиёри довар аст... Ҷомӣ, аҳсант, ин на шеър, аз боғи ризвон равзаест, К-андар ӯ ҳар ҳарф зарфе пуршароби кавсар аст.
Дар саводи хатти он анвори ҳикмат мухтафист, Чун шаби торик обистан ба субҳи анвар аст. Ҳамчу бикри фикри Хусрав зодааст аз лутфи табъ, Дар камоли хубӣ ин як хоҳар он як хоҳар аст.
Эй басо хоҳар, ки бо хоҳар чу гардад ҷилвагар, Дар ҷамол акбар бувад, ҳарчанд дар сол асғар аст. «Луҷҷат-ул-асрор» агар созам лақаб онро сазост, 3-он ки аз асрори дин баҳре лаболаб гавҳар аст.
«Ҳуҷҷат-ул-аҳрор» агар бо он кунам зам ҳам равост, 3-он ки бар матлуби ҳар озода ҳуҷҷатгустар аст. Мар бувад панҷоҳу чун омад ду мар абёти он, Дар сафову маҳкамӣ шояд, ки гӯям мармар аст. Соли таърихаш агар «фаррух» нависам дур нест, 3-он ки сол аз давлати таърихи ӯ фаррухфар аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё