Тавзеҳи «Қасидаи шайбия»-и Ҷомӣ.
Қасидаи мазкур ҳасбиҳолӣ буда, бо оҳангҳои шиквоию иҷтимоии хосе рӯи кор омадааст. Зеро шикваи шоир аз ибтидо то интиҳо аз тангии маишӣ нест, балки аз пирӣ, солхӯрдагӣ, куҳансолист. Ҳадаф ҳамоно ғанимат донистани умр, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт, беҳуда нагузаронидани рӯзгор, сарфи нафъи халқу ватан намудани умр, тезгузар будани ҳаёт, дурӣ аз ғафлатварзӣ, эҳтиёт аз ёрони забонӣ, дарёфтани дӯстони ҷонӣ, фирефтаи дунёву дороии моддӣ нашудан, дурӣ аз ҳасудону тирадилон, вале бо вуҷуди ин ҳама рӯҳафтода нашудан, шикастадил нагардидан ва дар санги зиндагӣ посанг будан ва ғайраро таъкид менамояд. Қасидаи шайбия бо матлаи зерин оғоз мешавад:
Сафед шуд чу дарахти шукуфадор сарам ва аз ин дарахт ҳамин меваи ғам аст барам.
Ва он дорои 55 байт (110 мисраъ) буда, бидуни радиф ва дорои қофияи мутлақ мебошад. Қасида дар баҳри Муҷтасси мусаммани махбуни махзуф ё мақсур навишта шуда, афоъили он чунин аст:
V – V – I VV -- -- I V – V – I VV – VV ~ V – V – I VV -- -- I V – V – I VV – VV~
Яъне: мафоъилун, фаъилотун, мафоъилун, фаъилун ё фаъилон мебошад. Дар қасида омадааст, ки заъфи пирӣ, мушкилоти солхӯрдагӣ, шиканҷаҳои мӯйсафедӣ кунун ҳар кадоми онҳо кори худро кардаанду мекунанд, зеро замоне шунавоиям ба ҳадде буд, ки - мегӯяд шоир - он чи аз дили одамон мегузашт, мешунидам, вале ҳоло бошад, то ба даст ишора накунанд, фаҳмида наметавонам:
Зи тезгӯшӣ будам чунон ки аз раҳи самъ Ҳадиси нафси касон доштӣ ба дил гузарам. Зи даст рафта кунун гӯшу бе ишорати даст Намешавад зи мақолоти ҳамдамон хабарам.
Аз ин рӯ, баъзе лаҳзаҳои қасидаи мазкур ба қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и устод Рӯдакӣ каме шабоҳат дорад, зеро қиёси лаҳзаҳои ҷавонӣ бо лаҳзаҳои пирӣ, ба монанди тезчашмию хирабинӣ, тезшунавоию гаронгӯшӣ, гироию ногироӣ, қомати алифосову долшакл, теззабониву кундзабонӣ, теззеҳниву кундзеҳнӣ, қавихотиротиву парешонхотирӣ ва монанди инҳо, ки саропо тазодҳои умри инсон, ҳаёт, зиндагӣ мебошанд, ба тасвир омадаанд. Дар қасидаи пирии Ҷомӣ ҷанбаи нуфузи дин хеле ва хеле қавӣ буда, дар интиҳои он низ шоир аз Худованд имдод металабад:
Бузургвор Худоё, ба ҳурмати нафаре, Ки дил нафиркаш омад зи шавқи он нафарам. Ки бош ёвари ман, то ба нерӯи ҳиммат, Либоси ҳастии мавҳуми хештан бидарам. Раҳе намой, ки чун Ҷомӣ аз мазиқи2 вуҷуд Фитад ба фусҳати3 иқлими нестӣ сафарам. Дар он сафар хатаре ҷуз хаёли ҳастӣ нест, Ба фазли шомили худ дур дор аз он хатарам!
Қасидаи мазкур аз нигоҳи ҳунари эҷод, шеваи таълиф, сабки нигориш, тарзи баён, хушоҳангию равонӣ, содагию оммафаҳмӣ ва шеърият расову пухта ва бетакаллуф аст. Фақат як нукта қобили таъкид аст, ки вобаста ба сабки адабии давр, тақозои муҳиту шароит дар ин қасида низ мисли дигар қасидаҳои Ҷомӣ калимаҳои арабӣ бештар истифода шудаанд. ______________________ 1. Шайбия – сафедмӯӣ, пирӣ 2. Мазиқ – тангно. 3. Фусҳат – кушодагӣ, паҳноварӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё