«Ҷило-ур-рӯҳ»-и Ҷомӣ.
Ин қасидаи Ҷомӣ дар пайравии қасидаҳои ҳамноми Хоқонӣ ва Хусрави Деҳлавӣ («Миръот-ус-сафо») эҷод шудааст, ки бо тақозои мавзӯъ ва бардоштҳои ғоявӣ ирфонӣ-фалсафӣ буда, мавзӯи такмили нафс ва камолоти рӯҳ ва сайри манозили тасаввуфу ирфонро фаро мегирад. Қасида бо чунин матлаъ шурӯъ мешавад:
Муаллим кист? -Ишқу кунҷи хомӯшӣ дабистонаш, Сабақ нодониву доно дилам тифли сабақхонаш.
ва қасидаи мазкури ҳазрати Ҷомӣ дорои 130 байт (260 мисраъ) буда, бунёди он бар шуҳудулҳақ фил-кавнайн ва савод-ул-ваҷҳ фи-д-дорайн аст, то пардаҳои миёни дилу дида ва ақлу идрок бардошта шавад ва ба сарманзили мурод, пас аз гузаштани манзилҳои маънавӣ, ворид гардидан даст бидиҳад. Ба назари мутафаккир инсоне, ки дар ҷонаш дарди ишқ нест, на инсон, балки ҷамодест дар сурати одамӣ:
Тане, к-аш нест дар ҷон ҷунбиши дарде, ҷимоде дон, Ки дода нақшпардози табиат шакли инсонаш.
Аз унвони қасидаи мазкур, ҳатто мӯҳтавои он пайдост, ки ҳадаф ҳамоно ҷамоли дил таъбир шуда, мақсад ҳамоно бар дил фикандани таҷаллии рӯҳ аст. Аз ҷумла:
Ҷамоли дил талаб кун, не ҷамоли гул, ки гар чун ҳур Ҷамоли дил шавад тобон, шаванд офоқ ҳайронаш.
Ҳазрати Ҷомӣ дар ин қасида намояндагони фалсафаи машшоъ, хусусан Синоро низ танқид кардааст. Агар ҳадаф дар қасидаи Хоқонӣ тасфия ва тазкияи нафс-миръот бошад, дар қасидаи Ҷомӣ хеле баланд ҷило-таҷаллист, ки оина ба он ниёз дорад. Қасидаи Ҷомӣ низ дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим буда, афоъили он чунин аст:
V -- -- -- I V -- -- -- I V -- -- -- I V -- -- -- V -- -- -- I V -- -- -- I V -- -- -- I V -- -- --
Яъне: мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун, мафоъилун. Қасидаи мазкурро «Шиния» низ меноманд, зеро 131 дафъа ҳарфи «ш» дар калимаҳои қофияшаванда ба такрор омадааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё