Қасоиди Ҷомӣ.
Эҷодиёти Ҷоми серсоҳа, гуногунжанр ва мухталифмавзӯъ буда, дар достони «Хирадномаи Искандарӣ» чунин ишораи муфиде оид ба ин масъала дорад:
Задам умре аз бемисолон масал, Сурудам ба васфи ғизолон ғазал. Ба қасди қасоид шудам тезгом, Баромад ба назми муаммом ном. Зи бечорагиҳо дар ин чорсӯй, Ба назми рубоӣ шудам чораҷӯй. Кунун кардаам пушти ҳиммат қавӣ, Диҳам маснавиро либоси навӣ. Куҳан маснавиҳои пирони кор, Ки мондаст аз он рафтагон ёдгор…
Яъне устод Ҷомӣ дар баробари ғазалу қитъа, таркиббанду тарҷеъбанд, рубоиву маснавӣ, мусаммат дар қасида низ панҷаи ниҳоят қави доштааст. Умуман дар девонҳои ӯ 11-навъи навъҳои лирики ба назар мерасанд ва яке аз жанрҳои нисбатан маъмули эҷодиёти лирикии Ҷомӣ қасидаҳои ӯст. Қасоиди Ҷомӣ аз тавҳиду таҳмид, наъту муноҷот, аз мавзӯъҳои ирфону тасаввуф, фалсафаю ҳикмат, мавъизату андарз, панду насиҳат, ҷавоб ба қасоиди гузаштагон, васфи боғҳову иморатҳо ва ғайра иборат мебошанд. Таносуби шумораи қасидаҳои ҳазрати Ҷомӣ аз рӯи миқдор (номгӯй), шумораи абёт дар девонҳои шоир чунин омадаанд: Дар девони якум -«Фотиҳат-уш-шубоб» 22 қасида (1014 байт). Дар девони дуюм –«Воситат-ул-иқд» 22 қасида (505 байт). Дар девони сеюм -«Хотимат-ул-ҳаёт» 9 қасида (306) байт. Умуман дар ҳар се девон, ҳамагӣ 53 қасида ҷой дорад, ки аз 1825 байт иборат буда, дар таркиби девон пас аз ғазалиёт дар ҷои дуюм меистад. Қасоиди Ҷомӣ аслан ирфонӣ-тасаввуфӣ буда, масъалаҳои ваҳдату тамҳид ва наъту муноҷотро дар бар мегирад. Ӯ дар ин навъи қасида ғолибан ба Ҳоқонии Шервонӣ, Ҳасани Деҳлавию Амир Хусрави Деҳлавӣ ва дигарон пайравӣ намудааст. Қасида дар ҳар се девони Ҷомӣ ва умуман дар лирикаи шоир мавқеи марказӣ дошта, пас аз ғазал дар ҷои дуюм меистад. Як нукта зикр карданӣ аст, ки Ҷомӣ ҳамчун олим эҷоди қасидаро талаб мекунад ва барои мамдӯҳ назари тамоман хоси худро дошта, на ҳар шоҳу вазир ё амиру ҳокимро сазовори мадҳ медонад. Аз ин рӯ, қасоиди Ҷомӣ дорои мадҳи мамдӯҳ ба хотири сила нест, зеро ӯ ба ин ниёз надошт. Қасоиди ӯ асосан ирфонӣ, тасаввуфӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ-тарбиявӣ ва шарҳиҳолӣ мебошад. Ӯ баъзе аз сиёсатмадоронро васф карда бошад ҳам, ба хотири дӯстии самимӣ, рафоқат, донишмандию маърифатнокӣ, адлу адолатхоҳӣ, раъиятнавозию халқдӯстӣ, ватанпарварию муттаҳидӣ ва ғайра аст ва чунин қасидаҳои ӯ ду-сетост. Масалан, дар ҷавобияе, ки ба Анварӣ навиштааст, назари Ҷомӣ ба мадҳ маълум мешавад, ки мегӯяд:
Ҳар киро дар даҳон забон бошад, Дар санои шаҳи ҷаҳон бошад. Он ки султон-ш ар лақаб нанҳанд, Фарри султониаш аён бошад. Ҳамчу Нӯшервон зи сояи адл Халқро мояи амон бошад…
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё