«Чиҳил ҳадис»-и Ҷомӣ.
«Чиҳил ҳадис»-и Ҷомӣ.
Асари мазкур таҳти унвонҳои «Арбаъин», «Арбаъина ҳадис», «Тарҷумаи арбаъин», «Тарҷумаи чиҳил ҳадис», «Ҳадиси шариф» ва ғайра машҳур буда, онро Ҷомӣ соли 886 ҳ. (соли 1481м.) таълиф кардааст. Асари мазкур 40 ҳадиси Расули Акрамро (с) дар бар мегирад, ки Ҷомӣ онҳоро тарҷума кардааст. «Чиҳил ҳадис» аз як муқаддимаи кӯтоҳи мансур, чиҳил қитъа, яъне, тарҷумаи ҳадисҳо, як ҷумлаи арабӣ ва як шеъри тоҷикӣ, ки дар хотимаи он оварда шудааст, иборат мебошад. Албатта, асари мазкури Ҷомӣ, ки тарҷумаи аҳодиси набавист, ҳамагӣ ахлоқу тарбия ва таълим буда, масъалаҳои дӯстӣ, рафоқат, эҳтироми падару модар, вафо ба аҳд, нафъи мардум, ҷуду сахо, бахшандагӣ, барҳам задани бухлу кина, буғзу ғазаб, рашку ҳасад, мардумозориву бадӣ ва ғайраро дарбар мегирад.
Одамиро зи пирӣ афзояд, Ҳар замон дар бинои умр халал. Лек дар ӯ ҷавон шавад ду сифат, Ҳирс дар ҷамъи молу тӯли амал. * * * Дигар аз вай мадор чашми вафо, Ҳар кӣ шуд дар ҷафо туро густох. З-он ки ҳаргиз дубора мӯъминро, Нагазад мор аз яке сӯрох. * * * Мардро ҳарчи бигзарад ба забон, Айб бошад ва рои он кардан. Ваъда бар зиммаи карам қарз аст, Қарз бошад адои он кардан. * * * Соҳиби ҳирсро зи хони карам, Файзи эҳсон намерасад ҳаргиз. Ба қаноат гирой, к-он ганҷест, Ки ба поён намерасад ҳаргиз. * * * Эй камарбаста касби рӯзиро, Субҳхезӣ далели фирӯзист. Баҳри хоби сабоҳ чашм мабанд, 3-он ки ин хоб монеъи рӯзист. * * * Кай зи неьмат касе шавад дилгир? Чун зи миннат кунанд дилсардӣ. Ғайри боди хазони миннат нест Офати равзаи ҷавонмардӣ. * * * Некбахт ок касе, ки менабарад Рашк бар некбахтии дигарон. Сахтии рӯзгор нодида, Панд гирад зи сахтии дигарон. * * * Эй ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист? Гӯям аз қавли беҳтарини касон: Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ Беш бошад ба халқ нафърасон. * * * То Худо дӯст гирадат, Бо халқ якдилу якзабону якрӯ бош! Шодтабъу шукуфтахотир зӣ, Нармхӯю кушодаабрӯ бош! * * * Дӯстӣ мағзу пӯст душманист, То кай аз мағз сӯи пӯст шавед? Ба ҳадоё кунед доду сутуд, То ба ҳам з-он васила дӯст шавед! * * * Дидани дӯст дӯстро гаҳ-гаҳ Чеҳраи дӯстӣ биёрояд. Зи иттифоқи тамом сӯҳбаташон Шавқ коҳад, малолат афзояд. * * * Эй хуш он ки ба айббинии хеш Пешвои ҳунарварон гардад. Айби ӯ пеши дидаи дили ӯ Пардаи айби дигарон гардад. * * * Гар дилатро тавонгарӣ бояд, Ки тавонгардилӣ накӯ ҳунар аст. Боз каш дасти ҳиммат аз чизе, Ки ба дасти тасарруфи дигар аст. * * * Паҳлавон нест он ки дар гӯштӣ Паҳлавони дигар биандозад. Паҳлавон он бувад, ки вақти ғазаб Нафси аммораро забун созад. * * * На тавонгар касе бувад, ки ба мол Корпардозу чорасоз бувад. Ӯ бувад, к-аз шуҳуди фазли Худой, Аз зару мол бениёз бувад. * * * Хуррам он кас, ки баҳри зиндадилӣ Зери лаб хандаро бимиронад. Ханда кам кун, ки хандаи бисёр Сад дили зиндаро бимиронад. * * * Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф Гарде аз роҳи модарон бошад. Хок шав зери пои ӯ, ки биҳишт Дар қадамҳои модарон бошад! * * * Ҳар ки шуд мубтало ба пургӯӣ, Ба балое аҷаб гирифтор аст. Ҳар балое, ки мерасад ба касон Бештар аз мамарри1 гуфтор аст.
--------------------- 1. Мамар(р) – гузаргоҳ, роҳи убур; восита, тариқ, роҳ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё