Зеҳн

Осори бадеии Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Ба ин қисмати осори Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг», «Баҳористон», «Чиҳил ҳадис» ва «Муншаот» дохил мешавад. Ҷомӣ тӯли 50 соли фаъолияти эҷодии хеш тавонистааст аз худ мероси серсоҳаву гуногунмавзӯъ боқӣ гузорад. Асарҳои бадеии Ҷомӣ: 1. Се девони ашъор, ки аз рӯи марҳалаҳои умри шоир унвонгузорӣ шудаанд:

«Фотиҳат-уш-шубоб» (соли 1478), «Воситат-ул-иқд» (соли 1489), «Хотимат-ул-ҳаёт» (соли 1491).

Ҳар се девон дар маҷмӯъ дорои 16 ҳазору 629 байт буда, қисмати асосии онҳоро ғазал ташкил медиҳад. Аз ҷумла, девони аввал дорои 1016 ғазал, девони дуюм аз 493 ғазал ва девони сеюм иборат аз 296 ғазал мебошад. Дар маҷмӯъ ҳар се девон 1805 ғазалро дарбар мегирад, ки аз 13 ҳазору 17 байт иборат аст, ки ин 78 фоизи таркиби девонҳои шоир аст. Дар ин бора худи Ҷомӣ чунин ишора низ дорад:

Ҳаст девони шеъри ман аксар Ғазали ошиқони шайдоӣ. Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам, Мунбаъис1 аз шууру доноӣ. Зикри дунон наёбӣ андар вай, К-он бувад нақди умрфарсоӣ. Мадҳи шоҳон дар ӯ ба истидъост2, На зи хушхотирию хушроӣ. Имтиҳонро агар зи сар то пош Барравӣ сад раҳу фуруд оӣ. З-он мадоеҳ ба хотират нарасад Маънии ҳирсу озпаймоӣ. Ҳеч ҷо набвад он мадоҳро, Дар ақиб қитъаи тақозоӣ.

_________________________________ 1. Мунбаъис - моилу мутаваҷҷеҳ (иборат аз…) 2. Истидъо - хоҳиш, илтимос.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2