Зеҳн

Мафҳуми умумии таъминоти барномавии СИ

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

МАФҲУМИ УМУМИИ ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ СИ

Таъминоти барномавии СИ гуфта, маҷмӯи барномаҳо, амалҳо ва қоидаҳоро якҷоя бо ҳуҷҷатҳои ба онҳо алоқаманде мефаҳманд, ки истифодаи дастгоҳҳои техникиро барои коркарди ахбори масъалаҳои гуногуни система таъмин менамоянд. Таъминоти барномавии СИ ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо карда мешавад, ки яке аз он таъминоти барномавии системавӣ ва дигаре таъминоти барномавии амалиявӣ номида мешавад. Ба гурӯҳи таъминоти барномавии системавии СИ эзоҳот, дастуруламалҳо, ки барои автоматонидани давраҳои технологии меҳнатталаби тартибдиҳии алгоритму барномаҳо, барои ташкили равандҳои ҳисобкунӣ ва назорати онҳо, барои идоракунии техникаи ҳисоббарор ва ғайраҳо хизмат мекунанд, дохиланд. Ба таъминоти барномавии системавӣ дохиланд: системаҳои амалиётӣ, воситаҳои назорат, системаҳои хизматӣ, системаҳои барномасозӣ ва ғайраҳо. Таъминоти барномавии амалиявӣ ин маҷмӯи барномаҳои ҳалли масъалаҳои истифодабарандагон мебошанд. Таъминоти барномавии амалиявӣ ба гурӯҳҳои барномаҳои истифодабарандагон ва дастаи барномаҳои амалиявӣ ҷудо карда мешаванд. Барномаҳои истифодабарандагон ин барномаҳое мебошанд, ки аз тарафи истифодабаранда - барномасоз дар ягон забони барномасозӣ сохта шуда, истифода мешаванд ва дуюм ин чунин барномаҳое мебошанд, ки аз тарафи ширкатҳои калони барномасозӣ (ба монанди Microsoft) сохта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд. Дар навбати худ дастаи барномаҳои амалиявӣ низ ба намудҳои зерин ҷудо мегарданд: муаммогӣ (проблемавӣ) ва таъиноти умум. Намуди якум барои ҳалли ягон масъалаи мушахасси соҳаҳои хоҷагии халқ равона карда шудааст, масалан, барномаи ҳисобкунии музди меҳнати коргарон, ҳисобкунии молиявӣ ва ғайраҳо. Намуди дуюми дастаи барномаҳои амалиявӣ ин барномаҳоеро дар бар мегиранд, ки ҳама имконияти истифодаи онро доранд, ба монанди барномаҳои мусиқӣ, протсессорҳои матнӣ ва электронӣ, системаҳои идоракунии базаи маълумотҳо, системаҳои муттаҳида.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2