Забони тоҷикӣ Синфи 11
- Ташдид бештар дар кадом намуди калимаҳо во мехӯрад?
А) мураккаб; Б) таркибӣ;
В) даҳиҷоӣ; Г) сохта; - Дар забони адабии тоҷик чанд услуб ҳаст?
А) 3; Б) 5;
В) 4; Г) 2; - Ҳиссаҳои маънидори калимаро чӣ меноманд?
А) фонема; Б) морфема;
В) ибора; Г) ҷумла; - Калимаи ман дар кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) исм; Б) сифат;
В) зарф; Г) ҷонишин; - Калимаҳое, ки танҳо аз як реша сохта шудаанд, чӣ ном доранд?
А) сода; Б) таркибӣ;
В) ҳамреша; Г) якмаъно; - Маънои умумии грамматикии шумора чист?
А) ном; Б) аломат;
В) адад; Г) ҳаракат; - Ибораи як соат барвақт ба кадом роҳи алоқа сохта шудааст?
А) ҳамроҳӣ; Б) вобастагӣ;
В) тартиби калимаҳо; Г) бандаки изофӣ; - Маънои луғавии наҳв чист?
А) луғат; Б) сохтан;
В) овоз; Г) сӯй, роҳ, монанд; - Ҷумлае, ки дар он фикр бо ҳиссиёту ҳаяҷон ифода ёфта бошад, аз рӯйи оҳанг чӣ гуна ҷумла аст?
А) амрӣ; Б) хитобӣ;
В) саволӣ; Г) таъкидӣ; - Калимаи Рашт чӣ гуна исм аст?
А) исми ҷинс; Б) исми кулл;
В) исми хос; Г) исми ҷамъ; - Калимаи меояд кадом замони феъл аст?
А) оянда; Б) гузашта;
В) ҳозира; Г) ҳозира – оянда; - Антонимҳо чӣ гуна калимаҳоянд?
А) наздикмаъно; Б) гуногуншакл;
В) сермаъно; Г) зидмаъно; - Феъл чанд шахс ва шумора дорад?
А) 4 шахсу 1 шумора; Б) 1 шахсу 2 шумора;
В) 3 шахсу 2 шумора; Г) 2 шахсу 3 шумора; - Дар ибора чанд роҳи алоқаи калимаҳо вуҷуд дорад?
А) изофӣ ва таркибӣ калимаҳо; Б) изофӣ, вобастагӣ ва ҳамроҳӣ;
В) тартиби калима; Г) изофӣ ва ҳамроҳӣ; - Ҷумла чӣ гуна воҳиди наҳвист?
А) бадеӣ; Б) илмӣ;
В) иртиботӣ (коммуникативӣ); Г) гуфтугуӣ; - Бештар кадом ҳиссаҳои нутқ ба ҷойи мубтадо меоянд?
А) сифат, феъл; Б) зарф, нидо;
В) шумора; Г) исм, ҷонишин; - Ҷумлаи содаи яктаркиба ба кадом хелҳо ҷудо мешавад?
А) номӣ, феълӣ; Б) аслӣ, нисбӣ;
В) тасрифӣ ё ғайритасрифӣ; Г) номӣ, хабарӣ; - Калима, ибора ва ҷумлае, ки ҳамчун илова истеъмол мегардад, чӣ ном дорад?
А) аъзои туфайлӣ; Б) аъзои истисноӣ;
В) ҷумлаи хуллас; Г) ҷумлаи тафлисӣ; - Калимаҳои ҳайҳот, дареғо, уф кадом ҳиссаи нутқ мебошанд?
А) ҳиссача; Б) зарф;
В) пайвандак; Г) нидо; - Пайвандаки аммо, вале, лекин кадом хели пайвандак аст?
А) хилофӣ; Б) тобеъкунанда;
В) пайвасткунандаи ҷудоӣ; Г) пайвасткунандаи пайи ҳам; - Калимаи пагоҳ кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) сифат; Б) исм;
В) зарф; Г) нидо; - Ҷонишинҳо чанд навъ мешаванд?
А) 4; Б) 6;
В) 5; Г) 8; - Феълҳои ғайритасрифиро чӣ мегӯянд?
А) феълҳои шахсӣ; Б) феълҳои номуайян;
В) феълҳои тасрифӣ; Г) масдар; - Ҳиссаҳои маънодори калима кадомҳоянд?
А) реша, пешван, пасванд ва асос; Б) мухотаб;
В) мустазод; Г) фонема, морфема, ҷумла; - Ҳиссаҳои номии нутқ кадомҳоянд?
А) зарф, нидо; Б) феъл, сифат, шумора;
В) исм, сифат, ҷонишин, шумора; Г) ҳиссача, пайвандак; - Вожаҳои наздикталаффузро чӣ меноманд?
А) омоним; Б) паронимҳо;
В) синоним; Г) антоним; - Аломати грамматикии масдар кадом пайвандак аст?
А) –зор; Б) –гар;
В) –ан; Г) –истон; - Калимаҳои назмшиносӣ, поэтика, риёзиёт ба кадом услуби забони тоҷикӣ мансубанд?
А) услуби гуфтугуйӣ; Б) услуби илмӣ;
В) услуби бадеӣ; Г) услуби коргузорӣ; - Ҳиссачаҳо аз рӯйи сохт чанд хел мешаванд?
А) мураккаб, таркибӣ; Б) танҳо, ҷамъ;
В) сода, таркибӣ; Г)муайян, номуайян; - Забони тоҷикӣ ба кадом гурӯҳи забонҳо дохил мешавад?
А) ҳинду аврупоӣ; Б) аврупоӣ;
В) эронӣ; Г) тоҷикӣ – дарӣ;
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё