Чӣ бояд кард, ки матнҳои хондашуда фаромӯш нагардад.
Хондан — ин яке аз усули беҳтарини омӯзиш, ҳамту форам гузаронидани вақт аст. Албатта, наҳама хонданро дӯст медоранд, аммо қисми зиёди одамон бе маҷбурӣ мехонанд. Бо туфайли хондан мо тамоми маълумотҳои заруриро ба даст меорем. Симову садо ҳар қадар кӯшиш кунанд ҳам, наметавонанд пурра маълумот пешкаш намоянд. Барои бисёриҳо душвории хондан дар он аст, ки матнҳои хондаашонро дар ёд нигоҳ дошта наметавонанд. Барои ҳама маълум, ки тез хондан лозим аст, вале чӣ тавр ҳамаи онро дар хотир нигоҳ дошт? Биёед мебинем, ки рӯҳшиносони касбӣ ва ҳамту дӯстдорони хониш, ки хондаҳояшонро нағз дар хотир мегиранд, чӣ маслиҳат медиҳанд.
- Баъзе мутахасисон маслиҳат медиҳанд, ки он чизеро, ки мехонед, ҳатман ба дигарон нақл кунед.
- Ҳангоми хондан зери лаб гап задан ё ин ки хаёлан он чизеро, ки айни ҳол хондед, талаффуз кардан лозим нест. Ҳамаи ин дар хотир нигоҳдории матни хондаатонро суст мегардонд, ба парешоншавии диққат мусоид мекунад, системаи асаб ва чашмро монда месозад.
- Хондаатонро қайд намоед. Агар адабиёти бадеӣ хонда истода бошед, ин корро накунед, чунки он бе ин ҳам дар хотир мемонад. Вале агар сухан дар бораи корҳои илмӣ техникӣ равад, он гоҳқайд ҳатмист. Баъзе лаҳзаҳои мураккабро қайд намуда шумо фикрҳои муаллифро барои худ осон мегардонед.
- Хондани он чизеро, ки барои шумо ҳар чӣ бештар зарур аст, пагоҳӣ хонед, чунки дар ин вақт майнаи сар беҳтар кор мекунад. Пеш аз хоб хондан лозим нест — чунин хониш дар хотир нигоҳдориро бад мегардонад. Ғайр аз ин хобатон ҳам вайрон мешавад. Вале бояд гуфт, ки баъзе одамон шабона беҳтар фикрронӣ мекунанд, аз ин рӯ шабона маслиҳати моро мувофиқи ҳиссиётҳои шахсӣ ва неруи биологии худ истифода баред.
- Пеш аз он, ки ягон асарро хонед, аввал бо мундариҷа, фикрҳои танқидии дигар олимон ё шоирон оид ҳамин асар шинос шавед.
- Ҳангоми хондан кӯшиш кунед садоҳои оинаи нилгун, ғалоғулаи кӯдакон, садои дағали ягон намуди техникӣ ба шумо халал нарасонад.
- Ҳангоми хондан кӯшиш кунед назаратон ҳар чӣ бисёртар калимаҳоро фаро гирад. Кӯшиш кунед назаратон ба ақиб яъне ба пораи матни аллакай хондашуда барнагардад, чунки ин дар ёд нигоҳ доштани матни хондашударо душвор мегардонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё