Зеҳн

Забони тоҷикӣ Синфи 9

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан
  1. Ба забони тоҷикӣ кай мақоми давлатӣ дода шуд?
    А) соли 1924; Б) соли 1964;
    В) соли 1989; Г) соли 1996.
  2. Алифбои забони тоҷикӣ аз чанд ҳарф иборат аст?
    А) 30; Б) 35;
    В) 32; Г) 38;
  3. Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи нутқ мавҷуд аст?
    А) 10; Б) 12;
    В) 6; Г) 16;
  4. Чанд ҳиссаи номии нутқ мавҷуд аст?
    А) 4; Б) 6;
    В) 10; Г) 5;
  5. Аъзои ҷумларо кадом қисми забоншиносӣ меомӯзад?
    А) фонетика; Б) услубшиносӣ;
    В) синтаксис; Г) морфология;
  6. Ҳиссаҳои нутқро кадом қисми забоншиносӣ меомӯзад?
    А) синтаксис; Б) грамматика;
    В) фразеология; Г) морфология;
  7. Овозҳои нутқро кадом қисмати забоншиносӣ меомӯзад?
    А) имло; Б) лексикология;
    В) фонетика; Г) фразеология;
  8. Аъзои ҷумла ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд?
    А) 3; Б) 2;
    В) 4; Г) 10;
  9. Як фикри тамомшударо чӣ меноманд?
    А) ибора; Б) имло;
    В) ҷумла; Г) бандак;
  10. Аъзои пайрави ҷумла кадомҳоянд?
    А) хабар, ҳол, мубтадо; Б) мубтадо, хабар;
    В) пуркунанда, ҳол, хабар; Г) пуркунанда, муайянкунанда, ҳол;
  11. Кадом аъзои ҷумла ба ҷойи исм меояд?
    А) хабар; Б) ҳол;
    В) пуркунанда; Г) мубтадо;
  12. Ҷумлаҳо аз ҷиҳати сохт чанд хел мешаванд?
    А) сода ва мураккаб; Б) сода ва сохта;
    В) сохта ва мураккаб; Г) сода ва таркибӣ;
  13. Ҷумлаи мураккаб ба чанд хел ҷудо мешавад?
    А) 3; Б) 2;
    В) 4; Г) 6;
  14. Сарҷумла дар куҷои ҷумла омада метавонад?
    А) аввал; Б) мобайн;
    В) дар аввал, мобайн, охир; Г) охир;
  15. Сарҷмула чӣ мехоҳад?
    А) эзоҳ; Б) хулоса;
    В) савол; Г) баён;
  16. Воситаҳои асосӣ дар ҷумлаи мураккаб чиҳоянд?
    А) пайвандак ва вергул; Б) вергул ва тире;
    В) пайвандак ва қавс; Г) тире ва қавс;
  17. Бе иштироки кадом аъзо ҷумла сохта намешавад?
    А) саръазо; Б) мубтадо;
    В) аъзоҳои пайрав; Г) пайвандакҳо;
  18. Дар ҷумлаи Офтоб медурахшад калимаи офтоб ба кадом аъзои ҷумла мансуб аст?
    А) хабар; Б) пуркунанда;
    В) ҳол; Г) мубтадо;
  19. Ҷумлаи Ман омадам, ту набудӣ ба кадом намуди ҷумла мансуб аст?
    А) ҷумлаи сода; Б) ҷумлаи амрӣ;
    В) ҷумлаи туфайлӣ; Г) ҷумлаи мураккаб;
  20. Дар зери мубтадо кадом набуди хат кашида мешавад?
    А) мавҷнок; Б) ду хати рост;
    В) як хати рост; Г) тире – тире;
  21. Дар ҷумлаи Хондани вазифаи асосии мост калимаи хондан кадом аъзои ҷумла аст?
    А) хабар; Б) ҳол;
    В) пуркунанда; Г) мубтадо;
  22. Кадом калима ё ибора аъзои ҷумла шуда наметавонад?
    А) хабар; Б) мухотаб;
    В) аъзои туфайлӣ; Г) ҳол;
  23. Аъзои ҷумларо чигуна таҳлил менамоянд?
    А) морфологӣ; Б) синтаксисӣ;
    В) фонетикӣ; Г) грамматикӣ;
  24. Дар ҷумлаи Ситораҳо чашмак мезананд? калимаи ситораҳо ба кадом аъзои ҷумла мансуб аст?
    А) хабар; Б) муайянкунанда;
    В) мубтадо; Г) ҳол;
  25. Кадом калимаҳо ташдид доранд?
    А) арра, зарра; Б) замин, борон;
    В) холла, барра; Г) акка-ака;
  26. Кадом ахъхзои ҷумла хелҳои гуногун дорад?
    А) хабар; Б) мубтадо;
    В) ҳол; Г) муайянкунанда;
  27. Офтоб баромад. Ин чӣ гуна ҷумла аст?
    А) саволӣ; Б) ҳикоягӣ;
    В) амрӣ; Г) хитобӣ;
  28. Калимаи гулзор ба кадом ҳиссаи нутқ мансуб аст?
    А) исм; Б) сифат;
    В) нидо; Г) пасоянд;
  29. Таъбирҳоро кадом соҳаи забон меомӯзад?
    А) фонетика; Б) морфология;
    В) фразеология; Г) синтаксис;
  30. Зарф дар ҷумла кадом аъзо мешавад?
    А) мубтадо; Б) пуркунанда;
    В) ҳол; Г) хабар;

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2