Барои чӣ Америка ба номи Колумб нест?
Барои ба ин савол ҷавоб додан, мо бояд ба саволи барои чӣ Америкаро ба номи шахси дигар номгузорӣ кардаанд, посух диҳем. Мақсади Колумб он буд, ки роҳи ғарбӣ ба сӯи Осиёро (Ҳиндустон) ёбад. Ҳангоми кашфи заминҳои нав ӯфикр кард, ки ин роҳро ёфт. Дар асли ҳол бошад, Колумб танҳоҷазираҳои Сан-Салвадор, Куба ва Гаитиро кашф намуд. Вале, мо набояд аҳамияти кашфиётҳои Колумбро сарфи назар намоем. Мо бояд, ки шуҷоати ин шахси абармардро қадр намоем. Натиҷаҳои кори ӯро худи ҳамзамононаш гуногун баҳодиҳӣ менамуданд. Азбаски, вай Ҳиндустонро наёфт, дар атрофи саёҳати ӯ ақидаҳои шӯбҳанок зиёд гаштанд. Ҳокимони Испания ва Португалия ба андеша ғарқ шуданд, ки кадом заминҳоро Колумб кушод? Маҳз барои аниқ намудани ин ҳолат, Америго Веспуччиро ба сӯи ин заминҳои номаълум равон карданд. Дар дастхатҳои худ Америго ду экспедитсияи худро инъикос намуд, ки дар атрофи соҳилӣАмерикаи Ҷанубӣ гузашта буданд. Тибқи ақидаи Веспуччи: — «Он чизеро, ки мо мушоҳида намудем, ба қитъа шабоҳат дорад». Бо суханони дигар, Америго медонист, ки ин заминҳо қисми Осиё набуда, қитъаи наванд. Дар соли 1507 ҷуғрофшинос Валдсе-мюллер, харитаи қитъаи навро баровард. Бо ҳамроҳии ин харита мақола оид он, ки дар он ин қитъаро бо номи кашфкунандааш — Америка номгузорӣ шавад, пешниҳоди кард. Ҷамъият бо мурури замон ин номро қабул намуд. Ин ном, инчунин барои ифодаи Америкаи Шимолӣ низ, истифода мегашт. Лекин, мо бояд ба назар бигирем, ки Валдсе-мюллер танҳо барои он заминҳои навро бо номи Америго Веспуччи монданро пешкаш намуд, ки маҳз Веспуччи мавҷудияти қитъаи навро исбот кард.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё