Зеҳн

Маҷоз.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Маҷоз калимаи арабист, маънои луғавиаш маҳалли гузаштан, гузаргоҳ; ғайри ҳақиқат аст. Дар илми бадеъ аз ҷумлаи санъатҳои маънавист. Агар шоир ё нависанда дар асари худ калима ё таркиберо ба маънои ғайриаслӣ истифода бараду он маънӣ аз ягон ҷиҳат ба маънои аслӣ монанд бошад, онро маҷоз меноманд. Масалан, агар гӯем, ки фалонӣ пояшро чени кӯрпааш дароз накардааст, чунин маъно дорад, ки ӯ кореро ба зимма гирифтааст, ки аз ӯҳдааш намебарояд, яъне зӯраш намерасад. Ҳарчанд маънои маҷоз ғайри ҳақиқат аст, аммо ба тавассути маҷоз ифода кардани маънӣ худ ифодаи ҳақиқат аст. Дар ҳар гуна ифодаи маҷозӣ калима ё таркибе вуҷуд дорад, ки ба маънои ғайриаслӣ ҳидоят мекунад. Чунин калимаро қарина (ҳамнишин) - маҷоз меноманд. Масалан, агар бигӯем, ки “шамъи анҷуманафрӯзи ман омад”, мақсад ёр буда, “анҷуманафрӯз” қарини маҷоз мебошад. Маҷоз ду хел аст: Маҷози луғавӣ, ки онро маҷоз дар муфрад низ мегӯянд ва маҷози ақлӣ, ки онро маҷоз дар ҷумла меноманд. Агар адиб калимаеро истифода намояд, ки ба маънои аслии худ наомада бошад, онро луғавӣ меноманд. Мисли: “даст” ба маънои “қудрат”, “тавоноӣ”, ё “моҳ”, “наргис”, “сарв” ба маънои “рӯй”, “чашм” ва “қад”. Дар сурате, ки шоир калимаеро истифода намояд, ки маънои мухолиф ба вуҷуд ояду лекин ин маънои мухолиф ба муҳокима ҳеҷ гуна вобастагӣ надошта бошад, онро маҷози ақлӣ мегӯянд. Истиора низ аз ҷиҳати маъно як навъи маҷоз мебошад. Мисолҳо:

Ҳар субҳ шитобон биравам бар сари роҳе, Пеш аз рухи хуршед бубинам рухи моҳе.

(Боқӣ)

Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем, Ай бехабар, зи лаззати шурби мудоми мо.

(Ҳофиз)

Бар он нома бинҳод хусрав нигин, Фиристодаро доду кард офарин.

(Фирдавсӣ)

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2