Зеҳн

Қоидаҳои талабагӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан
  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани азизи худро дӯст дорад. Рамзҳои давлат - Парчам ва нишонро эҳтиром кунад. Суруди Миллиро донад. Забони давлатиро эҳтиром кунад. Аз шаҳрванди Ҷумхурии Тоҷикистон буданаш фахр намояд.

  2. Таърих ва географияи кишварро омӯзад. Конститутсияи мамлакатро омӯзад ва эҳтиром намояд.

  3. Дар бораи Президенти мамлакат маълумоти пурра дошта бошад.

  4. Мероси ниёгонро омӯзад ва эҳтиром кунад. Ватандӯсту башардӯст бошад, ифтихори баланди Миллӣ дошта бошад.

  5. Суботкорона дониш омӯзад ва омодагии касбӣ бигирад. Фаъолона, бодиққат ва бо қатъият мушкилиҳоерою ки дар таҳсилу омӯзиш, корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва зиндагӣ дучор меояд, бартараф карда тавонад. Дар байни хонандагон кор бурда тавонад, худро ба зиндагии имрӯза омода созад.

  6. Рафиқон ва ҳамсабақонашро аз кирдорҳои бад, ки шарафи мактаб ва оиларо доғдор мекунад, нигоҳ дорад. Нисбати вайронкунандагони қоидаҳои ҳамзистии шахрвандӣ оштинопазир бошад.

  7. Дар ҳаёти ҷамъиятӣ - фарҳангии мактаб, ободии маҳала, ноҳия, шаҳр саҳми фаъол бигирад.

  8. Маданияти худро доим баланд бардорад, мунтазам адабиёти бадеӣ, илмӣ - оммавӣ ва рӯзномаю маҷалаҳоро қироат кунад. Мусиқӣ гӯш кунад, ба театру кино равад, ба тарбияи эститикии худ диққати махсус диҳад.

  9. Худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутоб дода, мунтазам ба варзиш машғул бошад. Қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя карда, барои тозагии мактаб, хона, кӯчаю хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷидду ҷаҳд намояд.

  10. Тартибу низом ва реҷаи кори мактаб, талаботу фармоишҳои роҳбарони мактаб, муаллимон, роҳбари синф ва кормандонро дар вақташ ва аниқ иҷро намояд.

  11. Фикру ақида ва дархостҳои коллективиро эҳтиром карда, боварии онро ба ҷо оварда тавонад, дар иҷрои супоришҳои коллектив ва созмони "Ворисони Сомониён" гардад. Дӯстиро дар коллектив ва муносибатҳои рафиқонаи байни ҷавонону духтаронро мустаҳкам намояд.

  12. Ба молу ашёи ҷамъиятӣ ғамхориву дилсӯзона муносибат намояд.

  13. Дар мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ хоксору фурутан, боодобу хушомила бошад, тозаю озода, ботартибу шинам либос пӯшад. Ҳангоми вохӯрӣ бо омӯзгорон, калонсолон, дӯстон ва ҳамсабақонаш салом диҳад.

  14. Бо одамони калонсолу хурдсолон, маъюбон, беморон меҳрубон бошад, ба онҳо дар ҳолати даркори ёрӣ расонад.

  15. Волидайнро эҳтиром кунад ва дӯст дорад, ба тамоми аъзои оила ғамхор бошад ва дар корҳои хона ба онҳо ёрӣ расонад.

  16. Аз амалҳои ношоистаи шаробнушӣ, нашъамандӣ, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад, худдорӣ намояд.

(Бо қарори Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрели соли 2006 тасдиқ карда шудааст)

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2