Зеҳн

Мероси адабии Мирзо Сироҷиддин

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Мирзо Сироҷиддин ҳарчанд умри кӯтоҳе дид, аммо дар назму наср ва жанри нави адабиёти мо — публисистикаи матбуотӣ маҳсули бое аз худ боқӣ гузоштааст. Чунон ки худи Мирзо Сироҷиддин гуфтааст, вай дар шеърнависӣ аз ҷавонӣ машғул буд ва бад шоире ҳам набудааст. Шеърҳои Мирзо Сироҷиддин (ӯ дар шеър Сироҷӣ тахаллус мекард) ҳамагӣ дар сабку услуби ҷараёни нави адабӣ навишта шудаанд. Сироҷӣ—шоир на танҳо худаш аз саркардагони ашъори нави адабиёти тоҷик буд, балки дар шеърҳояш ба воситаи матбуот ба образҳои тақлидӣ ва роҳҳои паймудашудаи шеъру шоирӣ исроркорона муқобил баромадааст. Вай баробари он ки ба адабиёти классикии форсу тоҷик ва эҷодиёти намояндагони барҷастаи он, махсусан ба эҷодиёти Рӯдакӣ, муҳаббат ва эҳтироми бузурге дошт, дар адабиёти ибтидои асри XX пайдо шудани мавзӯъ ва оҳангҳои навро вобаста бо ҳаёти иҷтимоии он давр медонист. Аз ин сабаб аст, ки вай ба шоирон талқин ва тарғиб менамуд, ки дар шеър ҳамин мавзӯъ ва оҳангҳои навинро бо сухани бадеӣ ва образҳои нав тараннум намоянд. 1Шабоб — ҷавонӣ. 2Ҳикам — ҳикматҳо. 3Танвир — равшан кардан. 4Қадар — ғаму андӯҳ. Вай ин нуктаро дар як шеъраш, ки дар газетаи «Бухорои шариф» чоп шуда буд, хеле равшан ифода намудааст. Ӯ менависад:

Мо ҷумлаи шоирон саросар Аз пой фитодаем яксар. Дар васфи узору чашми шаҳло Гуфтем қасидаҳои ғарро.

Мирзо Сироҷиддин баъди ин танқидҳои шеъри услуби кӯҳна шоиронро ба тасвири ҳаёти зиндаву воқеии халқ даъват намуда менависад:

Кӯҳнапарастию таассуб биҳил, Покзабон бошиву ҳам покдил. Маслаки ашъор дигаргун шуда, Қофияҳо яксара ворун1 шуда, Қофияи русию саҷъи фаранг, Кард чу майдони сухан бо ту танг, Шеър бигӯ бо равиши лелагӣ, Нест туро нисбате бо Рӯдакӣ.

Худи Мирзо Сироҷиддин дар шеърҳояш кӯшиш намудааст, ки мавзӯъ ва мазмунҳои тозаи ҳаёт ва шароити нави даврашро ба воситаи сухани манзум ифода кунад, назмро мувофиқи талаботи замон ва барои қонеъ намудани завқу эҳтиёҷоти бадеии мардум истифода намояд. Ин кӯшиши ӯ ҳатто дар шеърҳое, ки ба ҷавоб ё тақлиди шеърҳои шоирони гузашта (дар шаклу услуб) навишта шудаанд, дида мешавад. Чунончи, ӯ дар як шеъре, ки дар тақлиди ғазали Шоҳин бо матлаи «Ёди он шабҳо, ки аз гетӣ фароғат доштам» навиштааст, аз гузаштаи бошукӯҳи мардум ва мамлакати худ ёдовар шуда, аз ҳоли забун ва пасмондагии онрӯзаи Бухорои амирӣ изҳори дилсӯзӣ ва таассуф мекунад. Аз ҷумла ӯ менависад:

Ёд бод, эй дил, ки мо ҳам обрӯе доштем, Дар гулистони тамаддун рангу бӯе доштем, Солу моҳи саъду айёми накӯе доштем, Дар тараққӣ ҷидду ҷаҳду ҷустуҷӯе доштем. Доимо будем мо дар тавсани давлат савор, Эмин аз қайди замину аз ҷафои рӯзгор. Ҷаҳлу нодонӣ бубин акнун аз он авҷи камол, Дар замин андохт морову намуда поймол, Рафт аз каф илму фазлу донишу иқболу мол, Мондаем акнун парешону забуну гунгу лол. Орзуҳо ҷумлагӣ гашта ба маъюсӣ бадал, Дода селоби ҷаҳолат бар бинои мо халал.

Мирзо Сироҷиддин ҳарчанд дар шеър забардаст ва адиби пурмаҳсул буд, аммо шӯҳрати ӯ дар адабиёти аввали асри бист ҳамчун нависанда интишор ёфт. Ғайр аз мақолаҳои публисистӣ асари калони ӯ «Тӯҳафи аҳли Бухоро» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва шакли сиёсӣ аз намунаи беҳтарини насри адабии ибтидои асри XX ба шумор меравад. 1. Ворун — сарнагун, вайрон.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2