Зеҳн

Мирзо Сироҷиддини Ҳаким

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Мирзо Сироҷиддин соли 1877 дар Бухоро таваллуд шудааст. Падари ӯ Ҳоҷӣ Абдурауф Мирзохурд аз шахсони давлатманди Бухоро буд ва дар ҳамон шаҳр ба саррофӣ машғул буд. Ҳоҷӣ Абдурауф, ки аз табақаи савдогарон буд, мехост, ба писараш ба тарзи нав таълим диҳад ва ба ӯ забонҳои аврупоиро омӯзонад. Ба ин мақсад ба Мирзо Сироҷиддин аз хурдсолӣ бо роҳу усули нав таълиму тарбия дод. Мирзо Сироҷиддин ҳарчанд ба корҳои савдою тиҷорат машғул бошад ҳам, ба воситаи саъю кӯшиши худ илму дониши хубе ҳосил намуд. Вай вақти худро дар мадрасаҳои Бухоро ба таҳсили илмҳои мурдарангу бефоида нагузаронида, чанд илми зарурии мадрасагиро дар пеши мударриси шахсӣ омӯхт. Ба туфайли корҳои тиҷорату саррофиаш вай бо табақаҳои гуногуни мардуми русу аврупо шиносоӣ пайдо кард, дар бораи тараққиёту пешрафти иқтисодию мадании мамлакатҳои гуногун маълумоти хубе низ касб намуд. Пас аз фароғат аз корҳои тиҷорат Мирзо Сироҷиддин ба давлату сарвати ҷамъкардааш ба мақсади аз мамлакатҳои тараққикардаву пешқадами ҷаҳон бештар ва наздиктар хабардор шудан ба Россия, Европа ва Осиё сафар мекунад. Дар ин сафарҳо вай чанде дар Германия, Франсия, Англия, Австралия, Швейсария, Туркия, Эрон, Афғонистон ва мамлакатҳои дигар; истиқомат намуда, бо ҳаёти маданию иқтисодӣ ва вазъияти сиёсии ин мамлакатҳо шинос мешавад. Мирзо Сироҷиддин дар ин мамлакатҳо марказҳои маданияту санъат, корхонаҳои саноатиро медид, дараҷа ва сабабҳои пешрафти ҳар мамлакатро аз нуқтаи назари худ таҳлил мекард, сабабҳои пасмондагии кишвари худро ёфтанӣ ва роҳҳои бартараф намудани онро ошкор карданӣ мешуд. Мирзо Сироҷиддин дар вақти сафарҳояш низ аз омӯхтани илмҳои гуногун боз наистод. Вай дар вақти дар Теҳрон, Тифлис ва Сабзавор буданаш илми тибро ҳам ба усули фанҳои шарқ, ҳам ба тарзи нави аврупоӣ омӯхта, табиби хеле бомаҳорат низ шуд. Пас аз бозгашт ба Бухоро Мирзо Сироҷиддин касби саррофиро тарк намуда, табибиро ихтиёр намуд ва бештар ба муолиҷаи аҳолии шаҳри Бухоро машғул шуд. Аз ин ҷо ӯ бо лақаби «Ҳаким» ва «Доктор Собир» низ машҳур шуд. Дар ин солҳо фаъолияти адабию маорифпарварии Мирзо Сироҷиддин хеле равнақ ёфт. Вай ба газетаҳои «Бухорои шариф» ва «Тӯрон» дар масъалаҳои мактабу маориф ва нигаҳдории тандурустӣ мақолаҳо менавишт, дар шеърҳояш мактабу маорифи нав, дар байни омма паҳн намудани илму дониши навро тарғиб мекард. Соли 1907 вай асари машҳураш «Тӯҳафи аҳли Бухоро»-ро таълиф намуда, соли 1910 ба табъ расонид. Мирзо Сироҷиддин соли 1912 дар синни 36-солагӣ дар Бухоро вафот мекунад. Вафоти ӯ барои адабиёти пешқадами ои замон талафоти калон буд. Сӯзу афсӯси умумро С. Айнӣ дар марсияи вафоти Мирзо Сироҷиддин хеле таъсирбахш баён намудааст. Чанд байти он марсия ин аст:

Оҳ, сад оҳ, ки барбаст абадӣ роҳи сафар, Аз Бухоро сӯи фирдавс яке донишвар. Рафту дар маҳфили аҳбоб аз ӯ нест нишон. Рафту дар сафҳаи айём аз ӯ нест асар. Он, ки такмили фунун кард дар айёми шабоб1, Он ки таҳсили ҳикам2 кард дар аснои сафар. Он, ки мекард ба танвири3 Бухоро хидмат. Рафту мондем тамом аҳли Бухоро ба кадар4, Сар зад аз сина зи ғам ивази оҳам оташ, Рехт аз дида аз ин рӯ ба сили ашк шарар. Оташ аз синаи ман дарзада дар пайкари ман Об шав, об, зи ду чашми ман, эй хуни ҷигар.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2