Низомии Ганҷавӣ — Достони «Хусрав ва Ширин»
Панди Ширин ба Хусрав дар доду дониш
Ба нузҳат буд рӯзе бо дилафрӯз,
Сухан дар доду дониш мешуд он рӯз.
Замин бӯсид Ширин, к-эй худованд,
Зи ромиш сӯи дониш кӯш якчанд.
Басе кӯшидаӣ дар комронӣ,
Басе дигар ба коми дил биронӣ.
Ҷаҳонро кардаӣ аз неъмат обод,
Харобаш чун тавон кардан ба бедод?
Чу он гове, ки аз вай шир хезад,
Лагад дар шир гирад, то бирезад.
Ҳазар кун-з-он ки ногаҳ дар камине,
Дуое бад кунад хилватнишине.
Зане пир аз нафасҳои ҷавона,
Занад тире саҳаргоҳ бар нишона,
Надорад судат он гаҳ бонгу фарёд,
Ки нафрин дода бошад мулк барбод.
Басо оина, к-андар дасти шоҳон
Сияҳ гашт аз нафири додхоҳон.
Чу давлат рӯй баргардонад аз роҳ,
Ҳама коре на бар мавқеъ кунад шоҳ.
Чу барги боғ гирад нотавонӣ,
Хабар пешин барад боди хазонӣ...
Чу селе рехтан хоҳад ба анбӯҳ,
Биғуррад кӯҳаи абр аз сари кӯҳ.
Тагарге, к-ӯ занад гашниз бар хок,
Расад худ бӯи гашнизаш бар афлок.
Дарахте, к-аввал аз пайванд каж хост,
Нашояд ҷуз ба оташ карданаш рост.
Ҷаҳонсӯзӣ бад асту ҷаврсозӣ,
Туро беҳ, гар раиятро навозӣ.
Аз он тарсам, ки гардад ин масал рост,
Ки он шаҳ гуфт, к-ӯро кас намехост.
Куҳан давлат чу бошад дерпайванд,
Раиятро набошад ҳеч дар банд.
Зи мисли худ ҷаҳонро тоқ бинад,
Ҷаҳон худро ба истеҳқоқ бинад.
Зи мағрурӣ, ки дар сар ноз гирад,
Муроот аз раият боз гирад.
Навиқболе барорад даст ногоҳ,
Кунад дасти дароз аз халқ кӯтоҳ.
Халоиқро чу некӯхоҳ гардад,
Ба иҷмои халоиқ шоҳ гардад.
Хирадмандию шоҳӣ - ҳар ду дорӣ,
Сапедию сиёҳӣ - ҳар ду дорӣ.
Касе, к-ӯ симу зар таркиб созад,
Қиёматро куҷо тартиб созад.
Бубин, дур аз ту шоҳоне, ки мурданд,
Зи молу мулку шоҳӣ ҳеч бурданд?
Бидонӣ, мол бадхоҳи ту бошад,
Бубахшӣ, шаҳнаи роҳи ту бошад.
Фурӯ хон қиссаи Дорою Ҷамшед,
Ки бо ҳар як чӣ бозӣ кард хуршед.
Дар ин нӯҳ парда оҳанг ончунон соз,
Ки донӣ пардаи пӯшидаро роз…
Мунозираи Хусрав бо Фарҳод
Нахустин бор гуфташ, к-аз куҷоӣ?
Бигуфт: Аз дори мулки ошноӣ.
Бигуфт: Он ҷо ба санъат дар чӣ кӯшанд?
Бигуфт: Андӯҳ харанду ҷон фурӯшанд.
Бигуфто: Ҷонфурӯшӣ аз адаб нест.
Бигуфт: Аз ишқбозон ин адаб нест.
Бигуфт: Аз дил шудӣ ошиқ бад-ин сон?
Бигуфт: Аз дил ту мегӯӣ, ман аз ҷон.
Бигуфто: Ишқи Ширин бар ту чун аст?
Бигуфт: Аз ҷони ширинам фузун аст!..
Бигуфто: Дил зи меҳраш кай кунӣ пок?
Бигуфт: Он гаҳ, ки бошам хуфта дар хок...
Бигуфт: Аз дил ҷудо кун ишқи Ширин.
Бигуфто: Чун зиям бе ҷони ширин?
Бигуфт: Ӯ они ман шуд, з-ӯ макун ёд.
Бигуфт: Ин кай кунад бечора Фарҳод?
Бигуфт: Ар ман кунам дар вай нигоҳе?
Бигуфт: Офоқро сӯзам ба оҳе!
Чу оҷиз гашт Хусрав дар ҷавобаш,
Наёмад беш пурсидан савобаш.
Ба ёрон гуфт, к-аз хокию обӣ,
Надидам кас бад-ин ҳозирҷавобӣ.
Дар подшоҳии Ширин
Чу бар Ширин муқаррар гашт шоҳӣ,
Фӯрӯғи мулк бар маҳ шуд зи моҳӣ.
Ба инсофаш раият шод гаштанд,
Ҳама зиндониён озод гаштанд.
Зи мазлумони олам ҷавр бардошт,
Ҳама оини ҷавр аз давр бардошт.
Зи ҳар дарвозае бардошт боҷе,
Наҷуст аз ҳеч деҳқоне хироҷе.
Дар он як сол, к-ӯ фармондиҳӣ кард,
На мурғе, балки мӯреро наёзард.
Ҷаҳонсӯзӣ бад асту ҷаврсозӣ,
Туро беҳ гар раиятро навозӣ!
На ҳар к-ӯ зан бувад номард бошад,
Зан он мард аст, к-ӯ бедард бошад.
Басо раъно зано, к-ӯ шермард аст,
Басо дебо, ки шераш дар навард аст.
Дар насиҳати фарзанди худ
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ,
вакнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Ному насабат ба хурдсолист,
Насл аз шаҷари бузург холист.
Ҷое, ки бузург боядат буд,
Фарзандии ман надорадат суд.
Чун шер ба худ сипаҳшикан бош,
Фарзанди хисоли хештан бош!...
Дар ҷадвали ин хати қиёсӣ,
Мекӯш ба хештаншиносӣ…
Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ,
К-он донишро тамом донӣ.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё