Зеҳн

Низомии Ганҷавӣ - Достони «Хусрав ва Ширин»

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 15 дақиқа хондан

Тавзеҳ

Достони «Хусрав ва Ширин» дуввумин маснавии Хамсаи Низомии Ганҷавӣ буда, шоир ба сурудани он соли 1177 оғоз намуда, соли 1180 ба итмом расонд. Ҳаҷми достон 6500 байт аст. Шоир баъди тамом шудани достон онро ба ҳокими Озарбойҷон Атобак Шамсиддин Муҳаммад Ҷаҳонпаҳлавон (1174-1186) бахшида буд. Вале соли 1186 шоир ба ҳузури бародари Ҷаҳонпаҳлавон Қизил Арслон (1186-1191) даъват шуда, ин таклифро пазируфта, ба он ҷо рафт ва ба сӯҳбати Қизил Арслон расид. Баъди баргаштан ба Ганҷа ӯ чанд байте оид ба ин вохӯрӣ навишта, ба Хусрав ва Ширин илова намуд. Дар ҳамин порча Низомӣ хабар медиҳад, ки Ҷаҳонпаҳлавон ба ӯ деҳаи ҳамдуниёнро ҳадя карда буд, вале ӯ аз он баҳрае набурдааст. Низомии Ганҷавӣ мувофиқи анъанаи достонсароии асримиёнагии тоҷику форс пеш аз нақли саргузашти Хусрав ва Ширин ва баъди ба охир расидани он чандин бобро ба он илова кардааст, ки ба мазмуни асосии достон алоқа надоранд. Дар ин бобҳо, ки дар якҷоягӣ 1043 байтро фаро мегиранд, шоир ақида ва афкори худро оид ба бисёр масъалаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ баён мекунад. Аз ин бобҳо махсусан боби "Сухане чанд дар ишқ" шоистаи диққат аст. Дар ин боб Низомӣ ишқро мояи ҳастию офариниш ва қувваи ҷозибаи пешбарандае шумурда, таъкид менамояд, ки маҳз ишқ моҳияту сиришти инсонро муайян карда, хислати ӯро ташаккул медиҳад. Ишқи Хусрав ва Ширин нисбат ба якдигар ҳамин навъ ишқест, ки мояи зиндагӣ ва ҳастии онҳост. Ба тарзи дигар гӯем, мавзӯи асосии «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ ишқ буда, шоир бо сурудани он ба мактаби нави достонҳои лироэпикӣ дар адабиёти тоҷику форс асос гузошт. «Хусрав ва Ширин» намунаи барҷастаи достонҳоест, ки бо услуби романтикӣ нигошта шудааст, яъне дар он на воқеаҳои реалистии зиндагӣ, балки саргузаштҳои дилхоҳи шоир ва орзую омоли ӯ доир ба қаҳрамонҳояш ҷои асосиро мегирад. Вале ӯ ҳангоме, ки дар бораи воқеаҳои замони худ сухан меронад, навиштаҳояш реалистист. Ба ҳамин тариқ «Хусрав ва Ширин» достонест, ки аз чандин унсур таркиб ёфта, чун асари мукаммалу аз ҷиҳати сохт мураккаб сурат гирифтааст. Қиссаю афсонаҳо ва ривояту воқеаномаҳои зиндагии Хусрав ва зани дӯстдоштаи ӯ Ширин дар китобҳои таърих мавҷуд буданд. Фирдавсӣ нахустин бор онҳоро ба назм дароварда, дар «Шоҳнома» ҷой дод. Бар замми ин дар адабиёти лафзии халқ, аз ҷумла фолклори халқҳои Кавказ, қиссаю афсонаҳои зиёд мавҷуд буданд. Низомӣ ҳамаи инро медонист ва онҳоро меписандид. Ӯ беҳуда намегӯяд: Ҳадиси Хусраву Ширин ниҳон нест, ва аз он ширинтар, алҳақ, достон нест. Қаҳрамони асосии достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ Хусрави Парвиз аслан шахси таърихӣ буда, соли 590 ба тахти подшоҳони сосонӣ нишастааст. Соли 628 писараш Шерӯя ӯро кушта буд. Ин подшоҳ дар ҳақиқат ҳам бо номи Ширин зане доштааст, ки аз Бардаъ будааст. Ба ақидаи Низомӣ Фирдавсӣ ҳангоми назми ин достон аз ишқи Хусраву Ширин сарфи назар кардааст: Ҳакиме, к-ин ҳикоят шарҳ кардаст, Ҳадиси ишқ аз эшон тарҳ кардаст. Низомӣ дар достони худ гуфтаҳои Фирдавсиро такрор намекунад. Фирдавсӣ асосан ба тасвири давлатдорӣ ва тадбирҳои Хусрав дар пойдор нигоҳ доштани давлат ва ҳукумат аз тарафи Хусрав пардохта буд. Низомӣ дар асоси нусхаҳое, ки дар шаҳри Бардаъ - пойтахти Аррону Арманистон, ки дар вақташ аз кишварҳои тобеи Сосониён буд, ба дасташ афтода буданд, маҳз ишқномаи Хусрав ва Ширинро ба риштаи назм кашидааст: Нагуфтам ҳар чӣ доно гуфт аз оғоз, Ки фаррух нест гуфтан гуфтаро боз. Дар он ҷузве, ки монд аз ишқбозӣ, Сухан рондам, ният бар марди ғозӣ. Воқеаҳои достони Низомӣ дар Эрони давраи Сосониён (пойтахташ - Мадоин) ва Арманистону Аррон (марказаш - Бардаъ) мегузаранд. Достони «Хусрав ва Ширин»-и Низомӣ дар ҳақиқат ишқнома аст. Воқеаҳо ва шахсони таърихӣ барои ӯ воситае шудаанд, ки хислатҳои барҷастаи инсонро нигошта, моҳияти зиндагӣ ва масъалаҳои ахлоқию иҷтимоиро тадқиқ намояд.

Мазмуни мухтасар

Баъд аз сари Хусрави Анӯшервон Ҳурмуз ба тахти подшоҳии Сосониён нишаст. Ӯ назру қурбониҳо дода, соҳиби писаре шуд. Ӯро Хусрави Парвиз ном ниҳоданд: Падар дар хусравӣ дида тамомаш, Ниҳода Хусрави Парвиз номаш. Дар тифлӣ Хусравро чандин доя тарбия карданд. Дар шашсолагӣ падар ӯро ба ихтиёри омӯзгор дод. Хусрав даставвал илмҳои адабиро омӯхта, дар фасоҳат устод гардид. Дар нӯҳсолагию даҳсолагӣ илми чангро аз худ кард. Дар 14-солагӣ илми ҳисобро омӯхт. Баъд аз Бузургмеҳр, ки вазири Ҳурмуз буд, ҳикмату фалсафаро ёд гирифт. Ба ҳамин тариқ Хусрав то 18-солагӣ ҳамаи илмҳоро омӯхта, чун ҷавони зираку чолок ва далеру боақл ба воя расид ва бо ҳамин ин ҷавони зебо барои иҷрои корҳои давлатӣ тайёр шуд. Баъди аз таҳсили илмҳои зарурӣ фориғ шудан Хусрав ба сайру гашт ва маишат машғул шуд. Боре ӯ субҳгоҳон ба деӣе даромада, ба ишрат пардохт. Аспи ӯ майсаи деҳқонро хӯрда поймол кард. Ғуломону сипоҳиёни Хусрав ғӯраҳои боғи деҳқонро ғорат карданд. Ба ҳамин қонуни адолат вайрон карда шуд. Аз ин худсарии Хусрав ба Ҳурмуз хабар доданд. Ҳурмуз Хусравро сиёсат намуда, фармон дод, ки аспи ӯро пой бурида, ғуломонашро ба ҷазо расонанд ва тахташро ба деҳқон диҳанд. Фармон иҷро шуд. Хусрав назди шоҳ тавба кард. Пирон аз ҷониби ӯ узр хостанд. Шоҳ Хусравро авф намуда, валиаҳди худ таъин кард: Сараш бӯсиду шафқат беш кардаш, Валиаҳди сипоҳи хеш кардаш. Боре Хусрав бобояш Нӯшервонро дар хоб дид. Ӯ ба вай башорат дод, ки ба тахт хоҳад расид ва соҳиби Шабдез ном аспи бодпо ва арӯси зебо ва мутриби беҳамтое хоҳад шуд, ки Борбад ном дорад. Хусрав Шопур ном надими хосе дошт. Шопур дар суратгарӣ ва рассомӣ мисли Монӣ устод буд. Вай мардиҷ чаҳондидае буд. Рӯзе ӯ ба Хусрав нақл кард, ки дар мулки Арман Шумайро ном шоҳзане ҳаст, ки аз Аррон то ба Арман тобеи ӯст. Чун шаҳбонуи бузург аст, ӯро Меҳинбону мегӯянд. Ӯ Ширин ном додарзодае дорад. Ширин дар ҳусну ҷамол бебадал буда, ҳамеша бо ҳафтод духтари руднавозу раққоса, ки канизакони ӯянд, дар гулгашту саҳроҳо сайр карда мегардад. Меҳинбону Шабдез ном аспи бодпои мушкинфоми беҳамтое дорад, ки онро ба Ширин бахшидааст: На ширинтар зи Ширин халқ дидам, На чун Шабдез шабранге шунидам. Аз ин нақл Хусрав ба Ширин ғоибона чунон ошиқ шуд, ки сабру қарорро аз даст дод ва Шопурро барои овардани Ширин ба Арманистон фиристод. Шопур ба Арманистон рафта, хабар ёфт, ки Ширин дар наздикии кӯҳи Албурз иқомат доштааст ва ҳар рӯз бо ҳамон ҳафтод духтари зебо дар сабзазорон базм ороста мегаштааст. Ин духтаракон на танҳо оҳухиром, балки шерзӯр низ будаанд ва ба шикор ҳам машғул мешудаанд. Шопур макони онҳоро пайдо карда, сурати Хусравро бо устодӣ кашида, дар гузаргоҳи онҳо ба дарахте часпонд ва худ пинҳон шуд. Тасодуфан назари Ширин ба он сурат афтод. Канизакон аз бими он ки мабодо бонуяшон ба он тасвир ошиқ шавад, суратро нест карда, ба ҷои дигар кӯчиданд. Шопур манзили нави онҳоро ёфта, амали худро такрор кард. Духтарон боз суратро нобуд карда, ҳамроҳи маликаашон ба ҷои дигар кӯчида, дар дашти Анҷарак қарор гирифтанд. Сурат боз пайдо шуд. Ширин ин дафъа маҳви тамошои сурат шуда, ба он шефта гардид. Ӯ илоҷе меҷуст, то кӣ будани ҷавони дар сурат акс ёфта, эҷодкор ва сирри онро фаҳмад. Вале он сир дер ошкор нашуд. Ширин дар изтироб афтод. Ниҳоят Шопур рӯзе худро намуд. Ширин аз ӯ дар бораи сурат пурсид. Шопур дар бораи кӣ будани Хусрав ва ошиқи ғоибонаи Ширин будани ӯ хабар дод, Ширин аз нақлҳои Шопур ба ҳаяҷон омада, ғоибона ба Хусрав меҳр баста, тоқату қарорро аз даст дод. Бо маслиҳат ва раҳнамоии Шопур Ширин аммаашро партофта, савори Шабдез барои дидани Хусрав роҳи Мадоинро пеш гирифт. Аз ин рафтори ӯ Меҳинбону хеле ғамгин шуд. Дар ин миён Хусрав ба номи худ тангаи пӯлодин сикка зад. Ин нишонаи ҳукуматталабии ӯ буд. Падараш аз ин рафтори ӯ хавф бурда хост, ки ӯро ҷазо диҳад. Аз ин нияти падар Бузургмеҳр, ки вазири ӯ буд, Хусравро огоҳ намуд. Хусрав аз бими ҷазои падар ба сӯи мулки Арман гурехт. Дар роҳ Хусрав Ширинро ҳангоми оббозӣ дид. Ширин низ ӯро дид. Вале азбаски онҳо ҳамдигарро нашинохтанд, ҳамгап нашуда, ҳар кадоме роҳи худро давом дод. Ширин ба Мадоин расиду Хусрав ба Арманистон. Азбаски наздикони Хусрав аз ишқи ӯ ба Ширин огоҳ буданд, ӯро ба хубӣ пешвоз гирифтанд. Вале занҳои ҳарамсаро ба ӯ рашк мебурдагӣ шуданд. Ширин талаб намуд, ки барояш қасри алоҳида созанд. Бо дасисааи канизакҳо барои Ширин на дар ҷои хушобу ҳаво, балки дар биёбоне даҳ фарсанг берун аз Кирмоншоҳ қаср сохтанд, ки он ҷо ҳатто барои чорво чарогоҳе вуҷуд надошт. Хусрав ба Арманистон расида, баъди чанд рӯзи меҳмонӣ бо таклифи Меҳинбону ба Бардаъ рафт. Шопур он ҷо пайдо шуд. Вай шабе ҳангоми базм Хусравро аз он огоҳӣ дод, ки Ширин ба Мадоин рафт. Хусрав Шопурро ба аспи дӯстдоштааш Гулгуни Меҳинбону савор карда, барои Ширинро ба Бардаъ овардан ба Мадоин фиристод. Шопур фармонро ба ҷо овард. Вале дар ин миён ҷаври Ҳурмуз ба халқ аз ҳад гузашт. Мухолифонаш ба чашмони ӯ мил кашида куштанд. Хусрав бо шунидани марги падар Ширинро надида, зуд ба Мадоин баргашт ва тахти падарро соҳиб шуд. Овозае шуд, ки Хусрав падарашро кушта, ба тахт нишастааст. Вай подшоҳиро бо адлу дод ва инсоф оғоз намуд. Вале дере нагузашта ба айшу шикор дода шуд. Ширинро низ аз хотир баровард. Яке аз сарлашкарони ӯ Баҳроми Чӯбина бо баҳонаи он ки зулми Хусрав аз ҳад гузашт ва ӯ ноҳақ ба чашмони падараш мил кашида, ӯро куштааст, ба муқобили ӯ шӯриш бардошт. Ба ақидаи ӯ: К-аз ин кӯдак ҷаҳондорӣ наёяд, Падаркуш подшоҳиро нашояд. Бар ӯ як ҷуръа май ҳамранги озар Гиромитар зи хуни сад бародар. Хусрав ба исёни Баҳроми Чӯбина тоб оварда натавониста, маҷбур шуд, ки боз ба паноҳи Меҳинбону гурезад. Вай ба Муғони Озарбойҷон, ки аз қаламрави Меҳинбону буд, худро расонд. Дар яке аз шикоргоҳҳои Муғон Хусрав ва Ширин бо ҳам вохӯрданд. Ин лаҳза аз муассиртарин лаҳзаҳои достон аст. Ширин аммаашро аз омадани Хусрав хабар дода, ӯро ба назди вай меҳмон бурд. Меҳинбону духтару ҷавони сармасти ишқро дида, ба Ширин панд дод, ки мабодо фирефтаи Хусрав нашавад, зеро дар зиндагӣ ҷавонони бадмеҳру бадаҳд ва мағруру бевафо зиёд вомехӯранд. Аз ҳамин сабаб Ширин Хусравро аввал хуб санҷад. Агар эҳсоси ӯ ҷиддӣ бошад, қаробатро бо ӯ давом диҳад. Меҳинбону таъкид намуд: Ту худ донӣ, ки вақти сарфарозӣ, Заношӯӣ беҳ аст аз ишқбозӣ. Ширин қасам хӯрд, ки худ чунин фикр дорад. Меҳинбону иҷозат дод, ки дилбохтагон ҳамроҳ бошанд. Онҳо вақташонро ба чавгонбозӣ, шикор ва базм мегузаронданд. Боре дар сабзазор ба онҳо шер ҳамла овард. Хусрав аз ҳамият ҷӯшида, бе силоҳу зиреҳ онро бо даст зада афтонда, пӯст канд. Рӯзҳои зиёде ба ин минвол гузаштанд. Боре Хусрав хост, ки аз Ширин ком ситонад. Ширин ишқу ҳавас, ишқу булҳавасӣ, ишқу бемулоҳизагӣ, ишқу шитоб ва ишқу бадномиро оштинопазир шумурда, Хусравро водор намуд, ки дар ин роҳ сабрро пеш гирад. Ширин ба Хусрав шарт гузошт, ки аввал тахти подшоҳирр ба даст дароварда, мулки падарашро аз фитна эмин гардонад. Хусрав ба ҷуз таслим шудан илоҷи дигаре наёфт. Вай барои ёрӣ ҷустан назди қайсари Рум рафт. Қайсар духтари худ Марямро ба Хусрав ба занӣ дода, лашкари бешумореро ба ихтиёри ӯ гузошт. Хусрав бо ин қувва ба Эрон лашкар кашида, Баҳроми Чӯбинаро шикаст дод ва тахти бобоиашро соҳиб шуд. Вале фироқи Ширин ӯро азоб медод. Ширин ҳам дар ғами Хусрав месӯхт. Вале Меҳинбону ба ӯ панд медод, ки сабр кунад. Меҳинбону аз олам гузашт. Ширин ба тахти подшоҳии Арман нишаст. Ӯ бо адлу инсоф хукм ронда, тамоми зиндониёнро озод кард. Вай як сол салтанат ронд. Аммо ба дарди ҳиҷрони Хусрав тоб оварда натавониста. мулки худро ба мавлое супурда, ба канизакон моли бисёр дода, дар рикобдории Шопур савори Гулгун худро ба Мадоин расонд ва дар қасри пештараи худ маскан гузид. Хусрав аз омадани Ширин хабар ёфта бошад ҳам, аз тарси Марям бо фиристодани паёме ба ӯ қонеъ шуд. Ширинро дар беруни шаҳр дар қасре ҷой доданд, ки домани кӯҳе дар дашти беобу хушк воқеъ гардида буд. Ӯ бо машаққат рӯз ба сар бурда, фақат аз шири гӯспандон ғизо мехӯрд. Чарогоҳ низ аз он ҷо хеле дур буд. Шопур маслиҳат дод, ки Фарҳоди кӯҳканро, ки ҳамроҳи ӯ дар Чин хонда, кӯҳбуриро омӯхтааст, даъват намуда, аз байни кӯҳҳои баланд ҷӯй гузаронанд, то ин ки шир бо он чӯи сангин ба манзили Ширин ҷорӣ шавад. Фарҳод таклифи Ширинро бо хушнудӣ пазируфт. Дар ин асно хабари марги Баҳроми Чӯбина ба Хусрав расид. Хусрав базм орост. Борбад, ки ромишгари овозадори ӯ буд, бо ҳамроҳии мутрибону созандагони дигар садои созу сурудро ба фалак расонданд. Худи Борбад бо барбату руд аз "Сад достон" сӣ наворо баргузида, базмро тасфонд. Хусрав баъди базм назди Марям аз Ширин қисса кушода хост, ки Ширинро ба хона орад. Аммо Марям ин хоҳиши ӯро қатъан рад намуда, савганд хӯрд, ки агар Ширин ба даргоҳи Хусрав наздик шавад, худро мекушад. Хусрав ноилоҷ монд. Ширин аз бепарвоии Хусрав нисбат ба худ ба танг омада, Шопурро назди ӯ фиристод. Хусрав Шопурро фармуд, ки барои хилват гузидан Ширинро пинҳонӣ наздаш орад. Ширин ин таклифро дар ҳакқи худ таҳқир шумурда, рад намуд. Фарҳод ба кор шурӯъ карда, ошиқи Ширин шуд. Вай дар муддати як моҳ аз чарогоҳ то ба наздикии қасри Ширин, ки дар водии харобе ҷойгир буд, бо тешаи худ ҷӯи сангине канда, дар охири он ҳавзе низ сохт. Ширин ба Фарҳод офарин хонда, ба ӯ чанд гавҳаре шабчароғ бахшид. Фарҳод онҳоро ба пеши пои Ширин партофта, роҳи саҳроро пеш гирифт. Вале шабҳо гирду атрофи қасри Ширин мегашт. Аз ишқи Фарҳод ба Ширин Хусрав хабар ёфта, дар оташи рашк сӯхт. Вай Фарҳодро ба назди худ хонда, хост, ки тарсонда, ӯро аз ишқи Ширин даст кашонад. Фарҳод табиист, ки ин таклифи нанговарро рад кард. Пас Хусрав роҳи ҳиларо пеш гирифта, ба Фарҳод ваъда дод, ки агар аз кӯҳи Бесутун роҳ кушояд, Ширинро ба ӯ хоҳад дод. Фарҳод ин пешниҳодро пазируфта, ба кандани синаи кӯҳи хоро сар кард. Вай дар дили кӯҳ сурати Ширинро кашид. Ин амали ӯ овоза шуд. Рӯзе Ширин ба дидани ӯ рафт. Вале дар бозгашт аспаш касал шуд. Фарҳод Ширинро рӯи даст бардошта, то ба қасраш бурда расонд. Ин рафтори ӯ рағбати Ширинро бедор кард. Хусрав инро шунида, чораи халосӣ аз Фарҳодро дар хиёнат ёфт. Вай ба Фарҳод бардурӯғ хабар расонд, ки Ширин мурд. Фарҳод аз ин хабар ихтиёр аз даст дода, афтод ва ҷон дод: Чу афтод ин сухан дар гӯши Фарҳод, Зи тоқи кӯҳ чун кӯҳе дарафтод. Ширин бо оҳи ҷигарсӯз ва ашкони шашқатор Фарҳодро ба хок супурд. Хусрав дар марги Фарҳод ба Ширин таъзияти кинояомез фиристод. Дар ҳамин ҳангом зани Хусрав Марям аз олам гузашт. Хусрав баъди марги Марям боз ба талаби Ширин афтод. Вале Ширин ба ӯ номаи таънаомезе навишт. Хусрави сустирода аз номаи Ширин ранҷида, дар ҷустуҷӯи ёри дигар шуд. Ӯ васфи моҳрухи исфаҳонӣ Шакарро шунида, ӯро ба никоҳи худ даровард. Ширин ҳоли табоҳе дошт. Вале Шакар низ оташи дили Хусравро паст накард. Фироқи Ширин дар вуҷудаш оташ меандохт: Дилаш мегуфт: Ширин боядам зуд, Ки айшамро намедорад Шакар суд. Рӯзе ба баҳонаи шикор Хусрав назди иқоматгоҳи Ширин рафта, базме орост ва ширакайф шуда, хост, ки бо Ширин мулоқот кунад. Ширин ӯро ба қасри худ роҳ надод. Мулоқоти онҳо дар ҳолати болои бом будани Ширин ва зери девори қаср аспсавор истодани Хусрав сурат гирифт. Хусрав ба боргоҳи худ баргашта, аз номеҳрубонии Ширин ба Шопур шиква кард. Шопур ӯро тасаллӣ дод, ки итоби Ширин аз сари ноз аст. Аз таҷрибаи рӯзгор Хусрав натиҷаҳо гирифта, аз гуфтаҳою кардаҳои худ нисбат ба Ширин пушаймон шуд. Аз рафтани Хусрав Ширин низ пушаймон шуд. Хусрав хоб дид, ки дар боғе чароғе дар даст гаштааст. Шопур таъбир мегӯяд, ки Хусрав ба васли Ширин хоҳад расид. Ба ин муносибат дар шикоргоҳе Хусрав базм орост. Ширин низ пинҳонӣ дар он ҳозир шуд. Борбади барбатӣ аз номи Хусрав ва Накисои чангӣ аз тарафи Ширин ғазал мегӯянд. Баъди як ҳафта Хусрав Ширинро ба Мадоин оварда, ба никоҳи худ даровард. Бо ҳамин ошиқу маъшуқа баъди пушти по задани монеъаҳои зиёде ба муроду мақсад расиданд. Хусрав ва Ширин солҳо бо ҳам дар ширинкомӣ ҳаёт ба сар бурданд. Мамлакат аз адлу доди Хусрав маъмур гашт. Ширин мулки Меҳинбонуро ба Шопур вогузошт. Онро ӯ обод гардонд ва дар он ҷо иморатҳо сохт. Хусрав аз Марям Шерӯя ном писаре дошт. Ин писар аз нӯҳсолагӣ ба модарандари худ - Ширин ошиқ шуда буд. Вай чун ба синни ҷавонӣ расид падарро дар оташгоҳ гӯшанишин кард. Ба ин ҳам қонеъ нашуда, шабе дар хобаш падарро ба дасти ғуломе кушта, Ширинро барои худ хост. Ширин мегӯяд, ки бо се шарт тайёр аст, ки зани Шерӯя шавад: Ӯ бояд қасри Хусравро сӯзонад, Шабдезро кушад ва ҷасади падарашро бо шукӯҳ дафн намояд. Шартҳои ӯ ба ҷо оварда шуданд. Худи Ширин низ аввал молу дороиашро ба бечорагон бахш намуд ва ҳангоми дафни шавҳараш дар дахма, болои ҷасади Хусрав, бо ханҷар ба синаи худ зада, ҷон дод. Достонро Низомӣ чунин ба поён мерасонад: Зиҳӣ Ширину ширин мурдани ӯ, Зиҳӣ ҷон додану ҷон бурдани ӯ. Чунин воҷиб кунад дар ишқ мурдан, Ба ҷонон ҷон чунин бояд супурдан.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2