Зеҳн

Мавлоно — Ҳикоятҳо

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

ҚИССАИ МУРҒ ВА САЙЁД
Он яке мурғе гирифт аз макру дом,
Мурғ ӯро гуфт: «К-эй хоҷа(и) ҳумом1,
Ту яке мурғе заифе ҳамчу ман,
Сайд карда хӯрда гир, эй некзанн2;
Ту басе говону мешон хӯрдаӣ,
Ту басе уштур ба қурбон кардаӣ.
Худ нагаштӣ сер з-онҳо дар заман,
Ҳам нагардӣ сер аз аҷзои ман.
Мар-маро озод гардон аз карам,
Эй ҷавонмарди карими мӯҳташам3.
Ҳил маро4, то ки се пандат бардиҳам,
То бидонӣ зиракам ё аблаҳам.
Аввал он панде диҳам бар дасти ту,
Бидҳам, эй ҷону дилам побасти ту.

Бар сари девор бидҳам сонияш, То шавӣ з-он панд шоду хуб каш, Пас, севум пандат диҳам ман бар дарахт, Ки аз ин се панд гардӣ некбахт.
Он чӣ бар даст аст, ин аст он сахун, Ки муҳолеро5 зи кас бовар макун».
Бар кафаш чун гуфт аввал панди зафт, Гашт озоду бар он девор рафт.
Гуфт: «Дигар бар гузашта ғам мах(в)ар, Чун зи ту бигзашт, з-он ҳасрат мабар».
Баъд аз он гуфташ, ки: «дар ҷисмам катим6 Даҳ дирам санг аст, як дурри ятим7.
Давлати ту бахти фарзандони ту Буд он гавҳар, ба ҳаққи чони ту!
Фавт кардӣ8 дур, ки рӯзият набуд, Ки набошад мисли он дур дар вуҷуд».
Ончунон ки вақти зодан ҳомила Нола дорад, хоҷа шуд дар ғулғула.
Гашт ғамноку ҳамегуфт: «Оҳ-оҳ, Ин чаро кардам, ки шуд корам табоҳ!
Ман чаро озод кардам мар-туро?!
3-ин ҳиял9 аз роҳ бурдӣ мар-маро».
Мурғ гуфташ: «Не насиҳат кардамат, Ки мабодо бар гузашта(и) дӣ10 ғамат.
Чун гузашту рафт, ғам чун мехӯрӣ?
Ё накардӣ фаҳм пандам, ё карӣ?
ва он дуввум пандат бигуфтам, к-аз залол11 Ҳеҷ ту бовар макун қавли муҳол.
Ман наям худ се дирам санг, эй асад12, Даҳ дирам санг андарунам чун бувад?», Хоҷа боз омад ба худ, гуфто ки: «Ҳин, Бозгӯ панди севӯм, эй нозанин».
Гуфт: «Оре, хуш амал кардӣ ба он, То бигӯям панди солис13 ройгон14», Ин бигуфту барпариду шод рафт, Сӯи саҳро сархушу озод рафт.


Панд гуфтан бо ҷаҳули15 хобнок,
Тухм афгандан бувад дар шӯрахок.
Чоки ҳумқу ҷаҳл16 напзирад рафӯ 17,
Тухми ҳикмат кам диҳаш, эй некхӯ,
3-он ки ҷоҳил ҷаҳлро банда бувад,
Чунки ту пандаш диҳӣ, ӯ нашнавад.

1 Ҳумом — олиҳиммат.
2 Ту фарз кун, ки монанди ман як мурғи лоғарро сайд кардиву хӯрдӣ.
3 Маро сар деҳ аз рӯи саховат, эй ҷавонмарди бузург.
4 Ҳил кардан – гузоштан, раҳо кардан
5 Муҳол - гапу кори ношуданӣ.
6 Катим — пинҳон;
7 Ятим — беназир.
8 Аз даст додӣ.
9 Ҳиял — ҳилаҳо,
10 Дӣ — рӯзи гузашта, дирӯз.
11 Залол — гумроҳӣ.
12 Асад — шер.
13 Солис — саввӯм;
14 Ройгон — бемузд, муфт.
15 Ҷаҳул — сахт чоҳил, он кӣ аз ҳад зиёд нодон аст.
16 Ҳумқу ҷаҳл — аҳмақиву нодонӣ.
17 Рафӯ — дарбеҳ.

Ҳикояти сӯфӣ ва аз даст рафтани хари ӯ Ҷӯфие дар хонақоҳ аз раҳ расид, Маркаби худ бурду дар охур кашид.
Обакаш доду алаф аз дасти хеш, Не чу он сӯфӣ, ки мо гуфтем пеш, Эҳтиёташ кард аз саҳву хабот 1, (Чун қазо ояд, чй суд аз эҳтиёт?) Сӯфиён дарвеш буданду фақир, Кода фақрун ан якун куфран кабир 2.
[Эй тавонгар, ту, ки серӣ, ҳин маханд Бар кажии он фақири дардманд.] Аз сари тақсири он сӯфӣ рама Харфурӯшӣ даргирифтанд он ҳама.
Гар зарурат ҳаст мурдорӣ мубоҳ, Бас фасоде, к-аз зарурат шуд салоҳ 3.
Ҳам дар он дам он харак бифрӯхтанд, Лут 4 оварданду шамъ афрӯхтанд.

Валвала афтод андар хонақаҳ,
«К-имшабон луту симоъ асту валаҳ 5.
Чанд аз ин сабру аз ин серӯза чанд!
Чанд аз ин занбилу ин дарюза чанд! 6
Мо ҳам аз халқем, ҷон дорем мо,
Давлат имшаб меҳмон дорем мо».
Тухми ботилро аз он мекоштанд,
К-он ки он ҷон нест; ҷон пиндоштанд.
ва он мусофир низ аз роҳи дароз
Хаста буду дид он иқболу ноз.
Сӯфиёнаш як ба як бинвохтанд,
Нарди хидматҳош хуш бебохтанд.
Он яке пояш ҳамемолиду даст,
ва он дигар пурсидаш аз ҷои нишаст,
ва он яке афшонд гард аз рахти ӯ,
ва он яке бӯсид дасташрову рӯ.
Гуфт, чун медид майлоншон ба вай:
«Гар тараб имшаб нахоҳам кард, кай?»
Лут хӯрданду самоъ оғоз кард,
Хонақаҳ то сақф шуд пурдуду гард.
Дуди матбах7 кард он по кӯфтан,
3-иштиёқу ваҷди ҷон ошуфтан.
Гоҳ дастафшон қадам мекӯфтанд,
Гаҳ ба саҷда суфаро мерӯфтанд.
[Дер ёбад сӯфй оз8 аз рӯзгор,
Зин сабаб сӯфӣ бувад бисёрхор.]
... Чун самоъ омад зи аввал то карон9,
Мутриб оғозид як зарби гарон.
«Хар бирафту хар бирафт» оғоз кард,
3-ин ҳарорат ҷумларо анбоз кард10.
3-ин ҳарорат пойкӯбон то саҳар,
Кафзанон «хар рафту хар рафт» эй писар!
Аз раҳи тақлид он сӯфӣ ҳамин,
«Хар бирафт» оғоз кард андар ҳанин11.
Чун гузашт он нӯшу ҷӯшу он самоъ,
Рӯз гашту ҷумла гуфтанд: «алвидоъ».
Хонақаҳ холӣ шуду сӯфӣ бимонд,
Гард аз рахти мусофир мефишонд.
Рахт аз ҳуҷра бурун овард ӯ,
То ба хар барбандад он ҳамроҳҷӯ.
То расад дар ҳамраҳон, ӯ мешитофт,
Рафт дар охур хари худро наёфт.
Гуфт: «Он ҳодим 6а обаш бурдааст,
3-он ки хар дӯш об камтар хӯрдааст».
Ходим омад, гуфт сӯфӣ: «Хар куҷост?»
Гуфт ходим: «Риш бин»12. Ҷанге бихост.
Гуфт: «Харро ман ба ту биспурдаам,
Ман туро бар хар муваккал13 кардаам.
Баҳс бо тавҷеҳ кун14, ҳуҷҷат маёр,
ва он чи ман биспурдамат вопас супор.
Аз ту хоҳам он чи овардам ба ту,
Боздеҳ он чи, ки биспурдам ба ту.
Гуфт пайғамбар, ки дастат он чи бурд,
Боядаш дар оқибат вопас супурд.
ва агар наӣ аз саркашӣ розӣ ба ин,
Нак ману ту, хонаи қозии дин».
Гуфт: «Ман мағлуб будам15, сӯфиён —
Ҳамла оварданду будам бими ҷон16.
Ту ҷигарбанде миёни гурбагон
Андар андозию ҷӯӣ з-он нишон.
Дар миёни сад гурусна гурдае,
Пеши сад саг гурбаи пажмурдае».
Гуфт: «Гирам, к-аз ту зулман бистаданд,17
Қосиди ҷони мани мискин шуданд.
Ту наоию нагӯӣ мар-маро,
Ки харатро мебаранд, эй бенаво.
То хар аз ҳар кӣ барад, ман вохарам,
ва арна тавзее кунанд эшон зарам.
Сад тадорук буд чун ҳозир буданд18,
Ин замон ҳар як ба иқлиме шуданд.
Ман киро гирам, киро қозӣ барам?
Ин қазо худ аз ту омад бар сарам.
Чун наёию нагӯӣ, «эй ғариб,
Пеш омад инчунин зулми муҳиб?»19
Гуфт: «Воллоҳ, омадам ман борҳо,
То туро воқиф кунам з-ин корҳо.
Ту ҳамегуфтӣ, ки «хар рафт, эй писар»,
Аз ҳама гӯяндагон бозавқтар.
Боз мегаштам, ки ӯ худ воқиф аст,
3-ин қазо розист, марди ориф аст».
Гуфт: «Онро ҷумла мегуфтанд х(в)аш20
Мар-маро ҳам завқ омад гуфтанаш.
Мар-маро тақлидашон барбод дод,
Ки ду сад лаънат бар он тақлид бод!
Хосса, тақлиди чунин беҳосилон,
К-обрӯро рехтанд аз баҳри нон.
Акси завқи он ҷамоат мезадӣ,
ва ин дилам аз акс завқин мешудӣ».


1 Хабот — рафтори беэҳтиётона.
2 Ар.— фақирӣ касро ба куфр мерасонад.
3 Мубоҳ — раво; салоҳ — пок, дуруст.
4 Лут — таомҳои лазиз.
5 Самоъ — сурудхонӣ; валаҳ — ишқбозӣ.
6 Замбил — халтаи гадоӣ; дарьюза — гадоӣ.
7 Матбах — ҷои ошпазӣ.
8 Оз — орзу, хоҳиш.
9 Карон — охир, интиҳо.
10 Ҳамаро ба худ мафтун кард.
11 Ҳанин — нолаву гиря.
12 Ин хомтамаиро бубин.
13 Муваккал — ваколатдор кардашуда.
14 Баҳсро бо шарҳу баён бикун.
15 Ман ҳеч илоҷе надоштам.
16 Ман дар бими ҷони худ будам.
17 Фарз кардам, харро аз ту ба зулм гирифтанд.
18 То ки ман аз каси харамро гирифтагӣ пулашро гирам, вагарана онҳо пули харро ҳам тақсим мекунанд. Вақте ки онҳо ин ҷо буданд, илоҷи ёфтани хар буд.
19 Муҳиб — шадид, сахт,
20 Х(в)аш — хуш.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2