Бад макун ки бад афтӣ!
Мафҳуми зишт, нохуб ва норавост дар тамоми давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадӣ чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромӣ падид меорад, зеро ин амал хоси ҳаӣвоноту дарандаҳо ва ҳашароти зараррасон аст, ки онҳоро табиат чунин офарида. Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. Ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору ҳайрхоҳона даст занад. Касеро ҳушдилу осуда гардонад. Ягон дастоварди хубе аз худ боки гузорад, то зинданом бошад.
Ҳиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша ба ҷазои Офаридгори бузург сазовор хоҳад буд.
Ҳар кӣ ба мардум хиёнат мекунад,
Нарасад ҳаргиз у ба неъмату ноз.
Ҳар як пешравӣ мукофоти бузурги Офаридгори созанда аст, ки танҳо ба шахсияти арзанда сазовор дониста мешавад. Бадон, ки асоси матлабу маромашон бадкориву мардумозорист, дар ягон давру замон соҳибиззат гашта наметавонанд. Ноандешида бар он, ки ҳамаи нуқсону норасоиҳои ҳаёташон бар ивази амалҳои номатлубашон, ки ба фарзанди инсоният раво дидаанд, аз даргоҳи Худованди муттаол рузияшон гашт. Надониста аз он, ки ҳар як амали инсон дар ҳает сазовори мукофотест, ки дар тарозуи ҳаёт баркашида:
Худое, ки болову паст офарид,
Сазовори ҳар даст даст офарид.
Барҷост, ки ҳамаи хубию бадиҳо дар зиндагӣ дар ҳадди худ ҷавобе, мукофоте доранд. Ҳамеша бояд кушид, ки некукор ва росткору аз бадиҳо дур зист. То ҳадди имкон бо дармондагон дасти ёрӣ дароз кард:
Ту некӣ бикуну дар Даҷла андоз,
Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.
Бадкорону бадхоҳонро роҳу равиш боял омухт ва аз бадиҳо дур гардонд, ки дар корҳои неку савоб даст зананд. Зеро онҳо худ аз худ баҳри дигар гаштани хулку атвори худ намекушанд. Барои инсони комил шудани кас бояд ҳамеша дустону наздикони хуб паӣдо кунад, бо кадом роҳе, ки набошад, ононро ба росткорӣ ҳидоят кунанд ва аз вартаи бад бираҳонанд.
Вале ҳастанд шахсиятҳое, ки ҳеҷ гоҳ ононро бо ягон кушингу мадади атрофиён аз роҳи бад наметавон гардонд. Онон аллакай пайроҳаи бузургро таӣ намудаву худ бехабаранд. Тавре мегуянд: «Бадкор азоб накашад, агар азоб мекашид, бадӣ намекард, аммо некукор аз он ки ба кадри тавон некӣ накарда, дар қайди ранҷ асту азоб». Хуллас, ҳеҷ як бадкарда бе ҷазо нахоҳад монд. Ҳар як амалеро ҷавобест ва ҳар бадкоре ба кадри бадиҳои анҷомдодааш ҷазое хоҳад дид. Беҳуда нагуфтаанд:
Бад макун, ки бад афтӣ,
Чоҳ макан, ки худ афтӣ.
Албатта, бадкарда рузе сазовори ҷазои бад ва накукорон ба кадри заҳмати беандозаашон сазовори ҳаёти хушу гуворо, фарзандони солиму поктинат ва обрую манзалати бузург хоҳанд гашт.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё