Мавлоно - Ҳикоятҳо
ҲИКОЯТИ БОҒБОН, СӮФӢ, ФАҚЕҲ ВА АЛАВӢ
Боғбоне чун назар дар боғ кард,
Дид, чун дуздон, ба боғи худ се мард.
Як фақеҳу як шарифу сӯфие.
Ҳар яке шӯхе, фузуле, йӯфие2.
Гуфт: «Бо инҳо маро сад ҳуҷҷат аст,
Лек ҷамъанду ҷамоат раҳмат аст.
Барнаёям яктана бо се нафар,
Пас, бибуррам-шон нахуст аз якдигар.
Ҳар якеро ман ба сӯе афганам,
Чунки шуд танҳо, сиболаш3 барканам».
Ҳила карду кард сӯфиро ба роҳ,
То кунад ёрон-шро бо ӯ табоҳ4
Гуфт сӯфиро: «Бирав сӯи висоқ5
Як гилем овар барои ин рифоқ6».
Рафт сӯфӣ, гуфт хилват7 бо ду ёр:
«Ту фақеҳӣ в-ин шарифи номдор.
Мо ба фатвои ту ноне мехӯрем,
Мо ба парри дониши ту мепарем.
ва ин дигар шаҳзодаву султони мост,
Саййид аст аз хонадони Мустафост.
Кист он сӯфӣ? — шикамхори хасис,
То бувад бо чун шумо шоҳон ҷалис8?!
Чун биёяд мар-варо панба кунед9,
Ҳафтае бар боғу роғи ман танед.
Боғ чӣ бвад, ҷони ман они шумост!
Эй шумо буда маро чун чашми рост!»
Васваса карду мар-эшонро фирефт,
Оҳ, к-аз ёрон намебояд шигифт.
Чун ба раҳ карданд сӯфирову рафт,
Хасм шуд андар паяш бо чӯби зафт10.
Гуфт: «Эй саг, сӯфие к-ӯ аз ситез
Андарояд боғи мардум тез-тез?
Ин Ҷунайдат раҳ намуду Боязид11,
Аз кадомин шайху пират ин расид?»
Кӯфт сӯфиро чу танҳо ёфташ,
Нимкушташ карду сар бишкофташ.
Гуфт сӯфӣ: «Они ман бигзашт, лек,
Эй рафиқон, поси худ доред нек.
Мар-маро ағёр донистед, ҳон,
Нестам ағёртар з-ин қалтабон12.
Он чи ман хӯрдам, шуморо хӯрданист,
ва ин чунин зарбат ҷазои ҳар данист13.
Рафт бар ман, бар шумо ҳам рафтанист,
Инчунин ғусса шуморо хӯрданист».
Ин ҷаҳон кӯҳ аст, гуфтугӯи ту
Аз садо ҳам боз ояд сӯи ту.
Чун зи сӯфӣ гашт фориғ боғбон,
Як баҳона кард з-он пас ҷинси он:
«К-эй шарифи ман, бирав сӯи висоқ,
Ки зи баҳри чошт пухтастам руқоқ14,
Бар дари хона бигӯ қаймозро15,
То биёрад, он руқоқу қозро».
Чун ба раҳ кардаш, бигуфт: «Эй марди дин,
Ту фақеҳӣ, зоҳир аст ину яқин.
Ӯ шарифӣ мекунад даъвои сард,
Модари ӯро кӣ донад, то чӣ кард?!
Бар зану бар феъли зан дил мениҳед,
Ақли ноқис — в-онгаҳонӣ эътимед.
Хештанро бар Алию бар Набӣ
Бастааст андар замона ҳар ғабӣ16».
... Хонд афсунҳо, шунид онро фақеҳ,
Дар паяш рафт он ситамкори сафеҳ.
Гуфт: «Эй хар, андарин боғат кӣ хонд,
Дуздӣ аз пайғамбарат мерос монд?
Шерро бачча ҳамемонад17 ба ӯ,
Ту ба пайғамбар чӣ мемонӣ, бигӯ!
Бо шариф он кард он дун аз каҷӣ,
Ки кунад бо Оли Ёсин18 хориҷӣ19.
Шуд шариф аз захми он золим хароб,
Бо фақеҳ ӯ гуфт бо чашми пуроб:
«Пой дор акнун, ки бошӣ фарду20 кам,
Чун дуҳул21 шав, захм мехӯр бар шикам.
Гар шарифу лоиқу ҳамдам наям,
Аз чунин золим туро ман кам наям.
Мар-маро додӣ бад-ин соҳибғараз,
Аҳмақӣ кардӣ, туро беъса-л-иваз!»22
Шуд аз ӯ фориғ, биёмад: «К-эй фақеҳ,
Чӣ фақеҳе, эй ту нанги ҳар сафеҳ!
Фатвият ин аст, эй бубридадаст?
К-андароию нагӯӣ, «амр ҳаст?»
Бӯҳанифа дод ин фатвӣ туро?
Шофиӣ гуфтаст ин, эй носазо?!23
Ин чунин рухсат бихондӣ дар «Васит»?
Ё будаст ин масъала андар «Муҳит»?24»
Ин бигуфту даст бар вай баркушод,
Дасти ӯ кини дилашро дод дод25.
Гуфт: «Ҳаққастат26, бизан дастат расид,
Ин сазои он ки аз ёрон бурид.
Ман сазоворам ба ину сад чунин,
То чаро бубридам аз ёрон ба кин.
Гӯш кардам он ҳама уфсуси27 ту,
Барзанам бар сар, ки шуд номуси ту».
Зад варо, алқисса, бисёру бихаст28,
Кард берунаш зи боғу дар бубаст.
Ҳар ки танҳо монад аз ёрони х(в)ад,
Инчунин ояд мар-ӯро ҷумла бад.
2 Фузул — донотарош; йӯфӣ — сергап, лаққӣ.
3 сиболи касе баркандан - мағлуб кардан касеро
4 То ки байни сӯфию ёронаш ҷудоӣ андозад.
5 Висоқ — хона;
6 Рифоқ — рафиқон.
7 Хилват— пинҳонӣ.
8 Ҷалис — ҳамсӯҳбат.
9 Аз вай рӯй гардонед.
10 Чун сӯфиро пеш карданд, боғбон аз паяш як чӯби калон гирифта рафт.
11 Номи сӯфиҳои бузург – Ҷунайди Бағдодӣ ва Абӯязиди Бистомӣ.
12 Қалтабон — беномус.
13 Данӣ — нокас.
14 Руқоқ — нони тунук;
15 Қаймоз — каниз, хидматгор.
16 Ғабӣ —аҳмақ
17 Монанд аст.
18 Оли Ёсин — авлоди пайғамбар;
19 Хориҷӣ — пайрави мазҳабе, ки ба муқобили Алӣ буд.
20 Фард — якка, танҳо;
21 Дуҳул — табл, нақора.
22 Ар. — туро сазои бад шояд.
23 Бӯҳанифа ва Шофеӣ — номи фақеҳони бузург.
24 «Васит», «Муҳит» — номи китобҳои фиқҳ (қонуншиносии исломӣ)
25 Адолат дод.
26 Ту ҳақ ҳастӣ.
27 Уфсус — масхарабозӣ.
28 Хаста кард.
Ҳикояти дарахте, ки меваи ҳаётбахш дорад Гуфт доное барои достон:
«Ки дарахте ҳаст дар Ҳиндустон, Ҳар касе, к-аз меваи ӯ хӯрду бурд, Не шавад ӯ пиру не ҳаргиз бимурд».
Подшоҳе ин шунид аз содиқе1, Бар дарахту мевааш шуд ошиқе.
Қосиди2 доно зи девони адаб Сӯи Ҳиндустон равон кард аз талаб.
Солҳо мегашт он қосид аз ӯ Гирди Ҳиндустон барои ҷустуҷӯ.
Шаҳр-шаҳр аз баҳри ин матлуб гашт, Не ҷазира монду не. кӯхҳу на дашт.
Ҳар киро пурсид, кардаш ришханд, «К-ин наҷӯяд, ҷуз магар маҷнунбанд»3 Бас касон сафъаш4 заданд андар мазоҳ, Бас касон гуфтанд: «К-эй соҳибфалоҳ5, Ҷустуҷӯи чун ту зирак синасоф Кай тиҳӣ бошад, куҷо бошад газоф?»
ва ин мурооташ яке сафъе дигар, ва ин зи сафъи ошкоро сахттар6.
Месутудандаш ба тасхур:7 «К-эй бузург!
Дар фалон иқлими бас ҳавлу сутург, Дар фалон беша дарахте ҳаст сабз, Бас баланду паҳну ҳар шохеш габз»8 Қосиди шаҳ баста дар ҷустан камар, Мешунид аз ҳар касе навъе хабар.
Бас саёҳат кард он ҷо солҳо, Мефиристодаш шаҳаншаҳ молҳо.
Чун басе дид андарон ғурбат таъаб, Оҷиз омад охир-ул-амр аз талаб.
Ҳеҷ аз мақсуд асар пайдо нашуд, 3-он ғараз ғайри хабар пайдо нашуд.
Риштаи уммеди ӯ бигсуста шуд, Ҷустаи ӯ оқибат ноҷуста шуд.
Кард азми бозгаштан пеши шоҳ, Ашк мебориду мебуррид роҳ.
Шарҳ кардани шайх сирри он дарахтро
ба он толиби муқаллид
Буд шайхе олиме, қутбе, карим,
Андарон манзил, ки оис9 шуд надим.
Гуфт: «Ман(и) навмед пеши ӯ равам,
З-остона(и) ӯ ба роҳ андар шавам.
То дуои ӯ бувад ҳамроҳи ман,
Чун ки навмедам ман аз дилхоҳи ман».
Рафт пеши шайх 6о чашми пуроб,
Ашк меборид монанди саҳоб10.
Гуфт: «Шайхо, вақти раҳму раъфат11 аст,
Ноумедам, вақти лутф ин соат аст».
Гуфт: «Вогӯ, к-аз чӣ навмедистат,
Чист матлуби ту, рӯ бо кистат?»
Гуфт: «Шоҳаншоҳ кардам ихтиёр
Аз барои ҷустани як шохсор,
Ки дарахте ҳаст нодир дар ҷиҳот,
Меваи ӯ мояи оби ҳаёт.
Солҳо ҷустам, надидам з-ӯ нишон,
Ҷуз ки танзу тасхури12 ин сархумон».
Шайх хандиду бигуфташ: «Эй салим13,
Ин дарахти илм бошад, эй алим14.
Бас баланду бас шигарфу бас басит15,
Оби ҳайвоне16 зи дарёи муҳит.
Ту ба сурат рафтаӣ, эй бехабар,
3-он зи шохи маъниӣ бе бору бар17.
Ту ба сурат рафтаӣ, гум гаштаӣ,
3-он намеёбӣ, ки маънӣ ҳиштаӣ18.
Гаҳ дарахташ ном шуд, гаҳ офтоб,
Гоҳ баҳром ном шуд, гоҳе саҳоб.
Он яке, к-аш сад ҳазор осор хост,
Камтарин осори ӯ умри бақост.
Гар чи фард аст ӯ, асар дорад ҳазор,
Он якеро ном бошад бешумор.
Он яке шахси туро бошад падар,
Дар ҳақи шахси дигар бошад писар.
Дар ҳақи дигар бувад қаҳру адӯ,
Дар ҳақи он дигаре лутфи накӯ.
Дар ҳақи дигар бувад ӯ амму хол19
Дар ҳақи дигар касе ваҳму хаёл.
Сад ҳазорон ному он як одамӣ,
Соҳиби ҳар васфаш аз васфе амӣ20,
Ҳар ки ҷӯяд ном, агар соҳибсиқаст21,
Ҳамчу ту навмеду андар тафриқаст22
Ту чӣ барчаспӣ бар ин номи дарахт,
То бимонӣ талхкому шӯрбахт.
Сурати зоҳир чӣ ҷӯӣ, эй ҷавон,
Рав маониро талаб, эй паҳлавон.
Ихтилофи23 халқ аз ном уфтод,
Чун ба маънӣ рафт, ором уфтод».
Андарин маънӣ мисоли хуш шунав,
То намонӣ ту асомиро24 гарав.
М а с а л
Чор касро дод марде як дирам,
Ҳар яке аз шаҳре афтода ба ҳам.
Форсию турку румию араб,
Ҷумла 6о ҳам дар низоу дар ғазаб.
Форсӣ гуфто: «Аз ин чун вораҳем,
Ҳам биё, к-инро ба ангуре диҳем».
Он араб гуфто: «Маозоллоҳ ло25,
Ман инаб26 хоҳам, на ангур, эй дағо27».
Он яке к-аз турк буд, гуфт: «Эй кӯзум28,
Ман намехоҳам инаб, хоҳам узум29»
Он, ки румӣ буд, гуфт: «Ин қилро30
Тарк кун, хоҳам ман истофилро31».
Дар танозӯъ32 мушт бар ҳам мезаданд,
Ки зи сирри номҳо ғофил буданд.
Мушт бар ҳам мезаданд аз аблаҳӣ,
Пур буданд аз чаҳлу аз дониш тиҳӣ.
Соҳиби сирре, азизе садзабон
Гар будӣ он ҷо, бидодӣ сулҳашон.
Пас, бигуфтӣ, ӯ ки: «Ман з-ин як дирам
Орзуи ҷумлатонро мехарам.
Чунки биспоред дилро бедағал,
Ин дирам-тон мекунад чандин амал.
Як дирам-тон мешавад чор ал-мурод,
Чор душман мешавад як з-иттиҳод.
Гуфти ҳар яктон диҳад ҷангу фироқ,
Гуфти ман орад шуморо иттифоқ».
1 Содиқ – 1. росткор, ростгӯй; 2. самимӣ, вафодор.
2 Қосид – сафир, фиристода.
3 Ин мард занҷиреро меҷӯяд, ки бо он девонагонро банд мекунанд.
4 Сафъа — торсаки;
5 Соҳибфалоҳ — саодатманд, бахтиёр.
6 Баъзеҳо кинояомезона мегуфтанд, ки «ҷустуҷӯи ту барин каси зирак, албатта, беҳуда намеравад. Инак ҳамин ҳурмати дурӯғ худаш торсакие буд, ки аз торсакии ошкоро сахттар буд.
7 Бо масхара таъриф мекарданд.
8 Габз — қавӣ; ситабр, ғафс.
9 Оис - ноумед
10 Саҳоб - абр
11 Раъфат — шафқату дилсузӣ.
12 Танзу тасхур — таъна, сарзанишу масхара.
13 Салим – солим, тансиҳат; маҷозан: содадил, содалавҳ.
14 Алим — доно;
15 Шигарфу басит — калон, бузург, васеъ.
16 Оби ҳайвон – оби ҳаёт
17 Аз ин сабаб аз шохи маънӣ бебаҳра мондаӣ.
18 Маъниро тарк кардаӣ.
19 Тағову амак.
20 Амӣ — кӯр;
21 Соҳибсиқ — соҳибэътимод;
22 Тафриқа — ҷудоӣ, парешонй.
23 Ихтилоф - носозгорӣ
24 Асомӣ - номҳо
25 Маозоллоҳ - калимаи нидо: Худо нигоҳ дорад; ло —не;
26 Инаб —(ар.) ангур;
27 Дағо – фиреб, найранг; фиребгар.
28 Кӯзум — чашми ман;
29 Узум — (тур.) ангур.
30 Қил — гап;
31 Истофил — (рум.) ангур.
32 Танозӯъ — низоъ кардан.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё