Зеҳн

Мавлоно - Маснавии маънавӣ, ҳикоят

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Қиссаи бозаргон ва тӯтии маҳбуси ӯ

Буд бозаргону ӯро тӯтие,
Дар қафас маҳбус, зебо тӯтие.
Чунки бозаргон сафарро соз кард,
Сӯйи Ҳиндустон шудан оғоз кард.
Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд
Гуфт: «Баҳри ту чӣ орам? Гӯӣ зуд».
Ҳар яке аз вай муроде хост кард,
Ҷумларо ваъда бидод он некмард.
Гуфт тӯтиро: «Чӣ хоҳӣ армуғон
К-орамат аз хиттаи Ҳиндустон?»
Гуфташ он тӯтӣ, ки он ҷо тӯтиён,
Чун бибинӣ, кун зи ҳоли ман баён.
К-он фалон тӯтӣ, ки муштоқи шумост,
Аз қазои осмон дар ҳабси мост.
Бар шумо кард ӯ салому дод хост
ваз шумо чора, раҳи иршод хост.
Гуфт: «Мешояд, ки ман дар иштиёқ,
Ҷон диҳам, ин ҷо бимирам дар фироқ?
Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт,
Гаҳ шумо бар сабза, гоҳе бар дарахт?
Инчунин бошад вафои дӯстон?
Ман дар ин ҳабсу шумо дар гулситон?
Ёд оред, эй меҳон з-ин мурғи зор,
Як сабӯҳӣ дар миёни марғзор».
Ёди ёрон ёрро маймун бувад,
Хоса, к-он Лайливу ин Маҷнун бувад.
Эй ҳарифони бути мавзуни худ,
Ман қадаҳҳо мехурам пурхуни худ.
Як қадаҳ май нӯш кун бар ёди ман,
Гар намехоҳӣ, ки бидҳӣ доди ман.
Ё ба ёди ин фитода(ӣ) хокбез,
Чунки хӯрдӣ, ҷуръае бар хок рез.
Эй аҷаб, он аҳду он савганд ку?
Ваъдаҳои он лаби чун öанд ку?
Гар фироқи банда аз бадбандагист,
Чун ту бо бад бад кунӣ, пас фарқ чист?...
Марди бозаргон пазируфт ин паём,
К-ӯ расонад сӯйи ҷинс аз вай салом

Дидани Хоҷа тӯтиёни Ҳиндустонро дар дашт ва пайғом расонидан аз он тӯтӣ
Чунки то ақсои Ҳиндустон расид,
Дар биёбон тӯтии чанде бидид.
Маркаб истонид, пас овоз дод,
Он салому он амонат боздод.
Тӯтие, з-он тӯтиён ларзид бас,
Уфтоду мурду бугсасташ нафас.
Шуд пушаймон хоҷа аз гуфти хабар,
Гуфт: «Рафтам дар ҳалоки ҷонвар,
Ин магар хеш аст бо он тӯтияк?
Ин магар ду ҷисм буду рӯҳ як?
Ин чаро кардам? Чаро додам паём?
Сӯхтам бечораро з-он гуфти хом».
Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст
вон чӣ биҷҳад аз забон, чун оташ аст.
Сангу оҳанро мазан барҳам газоф,
Гаҳ зи рӯйи нақлу гаҳ аз рӯйи лоф.
3-он ки торик асту ҳар сӯ пунбазор,
Дар миёни пунба чун бошад шарор?
Золим он қавме, ки чашмон дӯхтанд,
3-он суханҳо оламеро сӯхтанд.
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.
Ҷонҳо дар асли худ исодаманд,
Як замон захманду гоҳе марҳаманд.
Гар ҳиҷоб аз ҷонҳо бархостӣ,
Гуфт ҳар ҷоне масеҳосостӣ.
Гар сухан хоҳӣ, ки гӯйӣ чун шакар,
Сабр кун, аз ҳирс ин ҳалво мах(в)ар.
Сабр бошад муштҳои зиракон,
Ҳаст ҳалво орзуи кӯдакон.
Ҳар кӣ сабр овард, гардун барравад,
Ҳар кӣ ҳалво х(в)ард, вопастар равад.
Бозгуфтани бозаргон бо тӯтӣ он чӣ дид аз тӯтиёни Ҳиндустон
Кард бозаргон тиҷоратро тамом,
Бозомад сӯйи манзил дӯстком.
Ҳар ғуломеро биёвард армуғон,
Ҳар канизакро бибахшид ӯ нишон.
Гуфт тӯтӣ: «Армуғони банда ку?
Он чи дидӣ в-он чи гуфтӣ, боз гӯ».
Гуфт: «На. Ман худ пушаймонам аз он,
Дасти худ хоёну ангуштон газон.
Ман чаро пайғоми хоме аз газоф,
Бурдам аз бедонишиву аз нашоф?»
Гуфт: «Эй хоҷа, пушаймонû зи чист?
Чист он к-ин хашму ғамро муқтазист?»
Гуфт: «Гуфтам он шикоятҳои ту,
Бо гурӯҳе тӯтиён, ҳамтои ту.
Он яке тӯтӣ зи дардат бӯй бурд,
Заҳрааш бидриду ларзиду бимурд.
Ман пушаймон гаштам, ин гуфтан чӣ буд?

Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?»
Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.
Вонагардад аз раҳ он тир, эй писар!
Банд бояд кард селеро зи сар,
Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,
Гар чаҳон вайрон кунад, набвад шигифт…

Шунидани он тӯтӣ ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай

Чун шунид он мурғ, к-он тӯтӣ чӣ кард,
Пас биларзид, уфитоду гашт сард.
Хоҷа чун дидаш фитода ҳамчунин
Барҷаҳиду зад кулаҳро бар замин.
Чун бад-ин рангу бад-ин ҳолаш бидид,
Хоҷа барҷасту гиребонро дарид.
Гуфт: «Эй тӯтии хуби хушҳанин,
Ин чӣ будат? Ин чаро гаштӣ чунин?
Эй дареғо, мурғи хушовози ман,
Эй дареғо, ҳамдаму ҳамрози ман.
Эй дареғо, мурғи хушалҳони ман,
Роҳи рӯҳу равзаву райҳони ман.
Гар Сулаймонро чунин мурғе будӣ,
Кай худ ӯ машғули он мурғон шудӣ?
Эй дареғо, мурғ, к-арзон ёфтам,
Зуд рӯй аз рӯйи ӯ бартофтам».
Эй забон, ту бас зиёнӣ мар маро,
Чун туӣ гӯё, чӣ гӯям ман туро?
Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,
Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?
Дар ниҳон ҷон аз ту афғон мекунад,
Гарчи ҳар чӣ гӯияш, он мекунад.
Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,
Эй забон, ҳам ранчи бедармон туӣ.
Ҳам сафиру худъаи мурғон туӣ,
Ҳам аниси ваҳшати ҳиҷрон туӣ.
Чанд амонам медиҳӣ, эй беамон!
Эй ту зеҳ карда ба кини ман камон.
Нак, бипарронидаӣ мурғи маро,
Дар чарогоҳи ситам кам кун чаро.
Ё ҷавоби ман бигӯ ё дод деҳ,
Ё маро з-асбоби шодӣ ёд деҳ.
Эй дареғо, нури зулматсӯзи ман,
Эй дареғо, субҳи рӯзафрӯзи ман.
Эй дареғо, мурғи хушпарвози ман,
3-интиҳо паррида то оғози ман.
Ошиқи ранҷ аст нодон то абад,
Хез, «ло уқсим» бихон, то «фӣ кабад».
Аз кабад фориғ будам бо рӯйи ту
ваз забад софӣ будам дар ҷӯйи ту.
Ин дареғоҳо хаёли дидан аст
ваз вуҷуди нақди худ бубридан аст.
Ғайрати Ҳақ буду бо Ҳақ чора нест,
Ку диле, к-аз ишқи Ҳақ садпора нест?
Ғайрат он бошад, ки ӯ ғайри ҳама-ст,
Он кӣ афзун аз баёну дамдама-ст.
Эй дареғо, ашки ман, дарё будӣ,
То нисори дилбари зебо будӣ.
Тӯтии ман, мурғи зираксори ман,
Тарҷумони фикрату асрори ман.
Ҳар чӣ рӯзе доду нодод оядам,
Ӯ зи аввал гуфта, то ёд оядам.
Тӯтие, к-ояд зи ваҳü овози ӯ,
Пеш аз оғози вуҷуд оғози ӯ.
Андаруни туст он тӯтӣ ниҳон,
Акси ӯро дида ту бар ину он.
Мебарад шодитро, ту шод аз ӯ,
Мепазирӣ зулмро чун дод аз ӯ.
Эй ки ҷонро баҳри тан месӯхтӣ,
Сӯхтӣ ҷонрову тан афрӯхтӣ.
Сӯхтам ман. Сӯхта хоҳад касе?
То зи ман оташ занад андар хасе?
Сӯхта чун қобили оташ бувад,
Сӯхта бистон, ки оташ каш бувад.
Эй дареғо, эй дареғо, эй дареғ!
К-он чунон моҳе ниҳон шуд зери меғ.
Чун занам дам? К-оташи дил тез шуд,
Шери ҳаҷр ошуфтаву хунрез шуд.
Он кӣ ӯ ҳушёр худ тунд асту маст,
Чун бувад чун ӯ қадаҳ гирад ба даст?
Шери масте, к-аз сифат берун бувад,
Аз басити марғзор афзун бувад.

Бурун андохтани марди тоҷир тӯтиро аз қафас ва паридани тӯтии мурда

Баъд аз онаш аз қафас берун фиганд,
Тӯтияк паррид то шохи баланд.
Тӯтии мурда чунон парвоз кард,
К-офтоби Шарқ туркитоз кард.
Хоҷа ҳайрон гашт андар кори мурғ,
Бехабар, ногаҳ бидид асрори мурғ.
Рӯй боло карду гуфт: «Эй андалеб!
Аз баёни ҳоли худмон деҳ насиб.
Ӯ чӣ кард он ҷо, ки ту омӯхтӣ?

Сохтӣ макреву моро сӯхтӣ».
Гуфт тӯтӣ, к-ӯ ба феълам панд дод,
Ки раҳо кун лутфи овозу видод.
3-он ки овозат туро дар банд кард,
Хештан мурда пайи ин панд кард.
Яъне, эй мутриб шуда бо ому хос,
Мурда шав чун ман, ки то ёбӣ халос.
Дона бошӣ, мурғаконат барчинанд,
Ғунча бошӣ, кӯдаконат баркананд.
Дона пинҳон кун, ба куллӣ дом шав,
Ғунча пинҳон кун, гиёҳи бом шав.
Ҳар кӣ дод ӯ ҳусни худро дар мазод,
Сад қазои бад сӯйи ӯ рӯ ниҳод.
Чашмҳову хашмҳову рашкҳо,
Бар сараш резад чу об аз машкҳо.
Душманон ӯро зи ғайрат медаранд,
Дӯстон ҳам рӯзгораш мебаранд.
Он кӣ ғофил буд аз кишту баҳор,
Ӯ чӣ донад қимати ин рӯзгор?
Дар паноҳи лутфи Ҳақ бояд гурехт,
К-ӯ ҳазорон лутф бар арвоҳ рехт.
То паноҳе ёбӣ, он гаҳ чун паноҳ?
Обу оташ мар туро гардад сипоҳ.
Нӯҳу Мӯсоро на дарё ёр шуд,
На бар аъдошон ба кин қаҳҳор шуд,
Оташ Иброҳимро на қалъа буд,
То баровард аз дили Намрӯд дуд,
Кӯҳ Яҳёро на сӯйи хеш хонд?
Қосидонашро ба захми санг ронд.
Гуфт: «Эй Яҳё, биё, дар ман гурез.
То паноҳат бошам аз шамшери тез».

Видоъ кардани тӯтӣ хоҷаро ва паридан

Як-ду пандаш дод тӯтӣ бе нифоқ,
Баъд аз он гуфташ: «саломун ал-фироқ».
Хоҷа гуфташ: «фӣ амониллаҳ, бирав,
Мар маро акнун намудӣ роҳи нав».
Хоҷа бо худ гуфт, к-ин панди ман аст,
Роҳи ӯ гирам, ки ин раҳ равшан аст.
Ҷони ман камтар зи тӯтӣ кай бувад?
Ҷон чунин бояд, ки некӯпай бувад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2