Зеҳн

Қасидаи ҳабсия «Тиру теғ аст бар дилу ҷигарам» ва «То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст»

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

ҚАСИДАИ ҲАБСИЯИ «ТИРУ ТЕҒ АСТ БАР ДИЛУ ҶИГАРАМ»

МАСЪУДИ САЪДИ САЛМОН

Тиру теғ аст бар дилу ҷигарам, Ғаму тимори духтару писарам. Ҳам бад - ин сон гудозадам шабу рӯз Ғаму тимори модару падарам.

Ҷигарам пора асту дил хаста Аз ғаму дарди он дилу ҷигарам. На хабар мерасад маро з-эшон, На бад - эшон ҳамерасад хабарам.

Боз гаштам асири қалъаи Ной, Суд кам кард бо қазо қадарам. Камари кӯҳ то нишасти ман аст, Бар миёни ду даст шуд камарам.

Аз баландии ҳисну тундии кӯҳ, Мунқатеъ гашт аз замин назарам. Ман чу хоҳам, ки осмон бинам, Сар фурӯд ораму замин нигарам.

Аз заъифии дасту тангии ҷой Нест мумкин, ки пираҳан бидарам. Аз ғаму дард чун гули наргис, Рӯзу шаб бо сиришку бо саҳарам.

Ё зи дида ситора меборам, Ё ба дида ситора мешумарам. ва агар дили ман шудаст баҳри ғамон, Ман чигуна зи дида дар шумарам?

Гашт лола зи хуни дида рухам, Шуд бунафша зи захми даст барам. Ҳама аҳволи ман дигаргун шуд, Рост гӯӣ Сикандари дигарам,

Ки дар ин тирарӯзу торӣ-ҷой, Гавҳари дидагон ҳаме сипарам. Бим кардаст дарди дил амнам. Заҳр кардаст ранҷи тан шакарам.

Пеши тире, ки ин занад ҳадафам. Зери теғе, ки он кашад сипарам. Оби софе шудаст хуни дилам, Хуни тира шудаст оби сарам.

Будам оҳан, кунун аз ӯ зангам, Будам оташ, кунун аз ӯ шарарам. На сарозодаму на уҷрохӯр, Пас на аз лашкарам, на аз ҳашарам.

Дарнаёбам хато чу бехирадам. Раҳ набинам ҳаме чу бе басарам. Нашнавам некуву набинам рост, Чу сипеҳру замона кӯру карам.

Меҳнатогин шудам, чунон ки кунун Накунад ҳеҷ шодие асарам. Ай ҷаҳон, сахтии ту чанд кашам?! ва ай фалак, ишваи ту чанд харам?!

Кош ман ҷумла айб доштаме, Чу балоест ҷумла аз ҳунарам. Ба дилам оз ҳаргиз ар нагузашт, Пас чаро ман замон-замон батарам?

Бистад аз ман замона, ҳар чӣ бидод, Розиям бо замона сар ба сарам. То ба гардан аз ин ҷаҳон чу равам, Аз ҳама халқ миннате набарам…

«ТО ТАВОНӢ, МАКАШ ЗИ МАРДӢ ДАСТ»

То тавонӣ, макаш зи мардӣ даст, Ки ба сустӣ касе зи марг наҷаст. Ҳар ки ӯро баланд мардӣ кард. То ба рӯзи аҷал нагардад паст. Ҳар ки бо ҷон наистод ба разм, Дон, ки дар пешгаҳ ба ҳақ нанишаст. Сар фарозад чу найза ҳар марде, К-ай миён ҷангро чу найза бубаст. Ай басо, размгоҳи чун дӯзах, Ки қазо андар ӯ дуруст бираст, Найза чун ҳамла хостам бурдан, Гашт печон маро чу мор ба даст. Гуфтам, ай шоҳи марг, рост гирой, Ки басе дил ба ту бихоҳам хаст. Кунӣ ар эҳтироз, вақташ нест ва агар кунӣ изтироб, ҷояш ҳаст. Ё биҷунбӣ ҳаме зи шодии худ, Ё биларзӣ ҳаме зи бими аласт.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2