Зеҳн

Вазири зирак.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Боре дар мамлакате хушксолӣ омад. На барфи дуруст бориду на борон, ғалла дар саҳрову мева дар боғ норасида ва ҳосили деҳқон нодаравида монд. Гуруснагӣ омад, байни мардум муромурӣ сар шуд. Подшоҳ, аҳволи халқу мамлакатро дида, ба таҳлука афтода, намедонист, ки чӣ кор кунад ва мардумашро аз марг чӣ гуна наҷот диҳад. Бисёр фикр кард, вале ба натиҷае расида натавонист. Ба чунин қароре омад, ки сарварии кишварро барои як сол ба вазираш супорад ва худаш ба назди бародараш, ки подшоҳи кишвари ҳамсоя буд рафт.

Вазир сарвари мамлакат шуд. Акнун ӯ фикр мекард, ки мамлакатро чӣ тавр аз гуруснагии марговар наҷот диҳад. Баъд аз фикри дуру дароз вазир тасмим гирифт. Ӯ ба хазинаи подшоҳ рафта, тамоми тиллову тангаро баробар ба мардум тақсим кард. Баъд ба мардум рӯ оварда гуфт: — Ман ин пулҳоро ба шумо барои қарз медиҳам. Шумо ба кишварҳои дигар равед, ки дар он ҷо хушксолӣ нашудааст ва онҳо ҳосили фаровон ба даст овардаанд. Аз он ҷо гандуму орд харед. Ҳамон қадар харед, ки то соли оянда аз гуруснагӣ намуред ва то ҳосили оянда зинда монед. Қарзи худро пас аз фавти подшоҳ ба хазина месупоред. Мардум хушҳол шуданд, рафтанд ба кишварҳои дигар ва ба он пул гандуму орд хариданд. Ҳамин тавр аз марг наҷот ёфтанд.

Мардум хушҳол шуда, дуо мекарданд, ки подшоҳ умри дароз бинад. Як сол гузашт. Подшоҳ ба қасри худ баргашт. Ҳоло ӯ аз асп нафаромада, лаганбардорон ба подшоҳ гуфтанд, ки вазир ҳамаи тиллову тангаи хазинаро ба мардум тақсим кард. Подшоҳ асабонӣ шуда, ба вазир ҳукми қатл дод.

Ҳамон даме, ки ҷаллод сари вазирро буридан мехост, ӯ ба подшоҳ, рӯ оварда гуфт: — Эй сарвари олам! Иҷозат диҳед, ки пеш аз маргам ба шумо чанд сухан гӯям.

— Гап зан! — розӣ шуд подшоҳ.

Вазир гуфт:

— Воқеан ҳам ман ҳамаи хазинаи шуморо ба мардум тақсим кардам. Мардум тиллову тангаҳоро гирифта, ба кишварҳои дигар рафтанд ва аз он ҷо ғалла ва орд хариданд. Ана ҳамин тавр ҷони худро аз гуруснагии марговар наҷот доданд. Ман ин пулҳоро ба онҳо қарз додам, ки ин қарзро пас аз вафоти шумо бояд баргардонанд. Эй подшоҳи олам, ҳоло тамоми мардум ба ҳаққи шумо дуо мекунанд, ки саломатии подшоҳам пойдор ва умрашон дароз бошад!

Ин суханҳоро шунида, подшоҳ фаҳмид, ки воқеан ҳам вазири ӯ доно аст. Охир, вай на фақат мардумро аз гуруснагии марговар наҷот дод, балки онҳоро водор намуд, ки подшоҳи худро дӯст доранд ва барояш умри дароз хоҳанд.

Подшоҳ инро фаҳмида вазири донои худро накушт. Ана ҳамин тавр вазири доно ҳам мардум, ҳам худашро аз марг наҷот дод.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2