Фотеҳ Ниёзӣ Вафо (роман, китоби 1-боби ҳафтум)
Китоби якуми романи «Вафо»-и нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст.
Китоби 1
БОБИ ҲАФТУМ
Вақти говгум шуда буд. Аз доманаҳои кӯҳҳо то болои қишлоқи Ҷӯйбор тумани тунук ба мисли каҳдуд вазнин паҳн мегашт. Қишлоқ берун аз одат хомӯш буд. Ҳатто баргҳои дарахтон ҳам ба ягон сирру асрор гӯш додагӣ барин, беҳаракат буданд. Танҳо шуввоси рӯди Қаратоғ хомӯш намешуд. Вай бо ҷараёни пурталотуми худ ҳама гуна монеаҳоро ҷаҳида ва шикаста мегузашт ва ба сӯи дарёи Кофарниҳон, ки вай ба он рафта ҳамроҳ мешуд, мешитобид...
Мирбадал ва Мамараҷаб аз байни мардуми Ҷӯйбор ҷудо шуда, бо роҳи хилвате, ки охири он ба доманаи теппаҳои чақарсанги тарафи шимоли деҳа рафта мерасид, оҳиста-оҳиста қадам монда, гапзанон мерафтанд. Мирбадал раҳравон аз чизе хӯсидагӣ барин, ҳар замон ба пешу қафо ва гирду атрофаш нигоҳ карда, баъд бо овози нимхирриаш ба Мамараҷаб гуфт:
— Хӯш, ба чӣ қарор омадед, ҷиян?
— Чӣ мешуд, рафтан даркор, — ҷавоб дод Мамараҷаб хаёлпарешон.
— Э, ҷиянам, ҳоло ҳам шумо хом будаед.
— Гап дар хомию пухтагӣ нест, амаки Мирбадал. Ин хизмати ҳатмии умумӣ қонун аст, охир!
— Ҳай, қонун — қонун гуфтед-дия! Акнун аз вай қонунҳо чашм пӯшед.
— Чӣ хел чашм пӯшам?!
— Дида истодаед-ку, умри ин қонунҳо ҳам рӯз аз рӯз кӯтоҳ шуда истодааст.
— Ин чӣ гуфтагетон, нафаҳмидам, — пурсид Мамараҷаб бо ваҳму ҳарос аз оринҷи Мирбадал дошта.
— Охир маркази ҳамин қонунҳо Маскав бошад, пагоҳ-бегоҳ аз даст меравад, сонӣ дигар ҳама омин, аллоҳу акбар...
— Ин хел нагӯед, ҳоло Маскав куҷо, немис куҷо.
— Шумо ҳоло кӣ будани Гирмонро намедонед, ҷиянам.
Боз мақсади худро равшантар изҳорканон гапзад Мирбадал ва овозашро як андоза паст кард:
— Агар хато накунам, аз ин нуздаҳ-бист сол пештар буд, аз афташ, ана дар ҳамон вақт ҳамин Гирмон қариб нисфи мамлакати русҳоро зери кард, баъд ҷангро бас карда буд. Ҳозир бошад, нисфи дунё дар дасташ. Наход лашкаре, ки як тарафаш то Фарангистон, як тарафи дигараш то Ҷазоир замину замонро зери даст кардааст, омада Маскавро гирифтан тавонад?
Ин «далелҳои» Мирбадал Мамараҷабро ба ҳаёлҳои гуногун водор карданд. Дили то ин дам аз рафти ҷанг умедҳои нек доштаи ӯро воҳима зер карда, хаёли ӯро ба кӯчаи сарбаста тела медоданд. Мирбадал аз хомӯшмонӣ ва тағйир ёфтани ҳолати рӯҳии Мамараҷаб пай бурда, боз мақсади худро аёнтар кард:
— Ман-ку ба Ҳукумати Совет заррае кина надорам, лекин ба умру ҷони мисли шумо ҷавонҳо дилам месӯзад.
— Сад дилатон сӯзад ҳам, чӣ чора? — савол кард Мамараҷаб, ба фикри Мирбадал майл кардагӣ барин.
— Чорааш бисёр, ҷиянам, гап ба хоҳиши худи кас.
— Чӣ хел чора?
— Аввал ҳамин, ки монед худи ҳамон русҳо барои мулку ҷони худ ҷангидан гиранд, ба ману шумо чӣ. Ҳоло ба деҳаю хонаи мо ҳеҷ кас зер карда наомадааст-ку...
— Агар сари роҳашро нагиред, омада ҳам мемонад...
— Э ҷиян, то табар омадан кунда меосояд...
— Хайр, ин повестка чӣ мешавад? — пурсид Мамараҷаб, аз кисааш коғазеро бароварда.
— Илоҷи ин ҳам осон.
— Чӣ хел?
— Ду-се рӯз худатонро ба нотобӣ мезанед.
— Одами сиҳат-салом дар як рӯз чӣ хел худро ба нотобӣ меандозад?
— Шумо ғам нахӯред, ҷони амак, «усул ба дасти нақорачӣ» гуфтаанд. Фақат ҳаминро донед, ки амакатон аз азобу уқубати солдатӣ халос шуда, ба ҷои саҳрои кушод, замини заҳ ва зиндагии пуртаҳлука, дар хонаи ҳамеша чароғон, дар болои қолину кӯрпачаҳо ба ҳузур ёзида, рӯз гузаронидани шуморо орзу мекунаду бас. Монед, ба ҷанг касоне раванд, ки аз ҷони худ сер шудаанд, ҳа нагуфта, чашмони онҳо ҳам мош барин кушода шуда мемонад. Воқеан, акнун масъалаи муаллима ҳам осонтар мешавад...
— Чӣ хел осон мешавад? — пурсид Мамараҷаб бо изтироб.
— Яъне ҳамин хел, ки Сафар бо ҳамин рафтани худ, худо медонад, оё гашта меояд ё намеояд.
— Аммо, дар ҳақиқат онҳо якдигарро дӯст медоштаанд-а?
— Давидани гӯсола то каҳдон. Ана монду рафт, се-дуди чилим барин аз дилу димоғаш баромада меравад.
Ин гуфтаҳои маккоронаи Мирбадал ба дили Мамараҷаб дом меандохт. Вай мисли бедонае, ки ба дони дом давида бошад, торафт ихтиёри худро ба дасти набуда, тамоми ҳастии ӯро фаро мегирифтанд. Суратӣ Зебӣ, ки Мамараҷаб чандин вақт инҷониб ба вай дил баста, аз пайи бо ӯ хонадор шудан роҳ мешуд, ба пеши назари ӯ боз намоён мегашт. Гарчанд, ки пас аз бенатиҷа баргаштани хостгорон Мамараҷаб аз ин нияти худ даст шуста буд, акнун, баъд аз бо чормағзҳои пуч домони ӯро пур кардани Мирбадал, дар кошонаи дилаш боз як оташак даргирифта, тамоми ҳастии ӯро оҳиста-оҳиста ба сӯзиш меовард...
Онҳо гапзанон ба пеши дар ҳамин ҷо ба охир расида, он тарафаш пайраҳаи борик торафт ба баландӣ меомад. Мирбадал аз ҳамин ҷо баргашта ба Мамараҷаб гуфт:
— Хӯш, торикӣ ҳам фуромад, акнун баргардем ҳам.
— Хӯш, акнун ба чӣ қарор омадем? — пурсид Мамараҷаб, баъд аз якчанд қадам хомӯшона роҳ рафтан.
— Ҳар он чӣ, ки ман гуфтан мехостам, гуфтам. Ин тарафаш ба худатон вобаста.
— Чӣ кунам?
— Чӣ мекардед. Аввал, ки ин гапҳо дар байни худамон монад. Дуюм ин, ки пагоҳ ё рӯзи дигар илоҷи повискаро ҳам мекунед. Баъд, оҳиста-оҳиста аз қафои дигар чораҳо мешавем.
— Худам боз як бор гап занам?
— Ба кӣ?
— Ҳамин Оим Катӣ.
— Ҳоло сабр кунед, ду-се рӯз оташи дилаш хомӯш шавад, баъд. Набошад, сирро бой дода мемонем, ҷиян.
Мамараҷаб чизе нагуфт. Лекин вай бо ин сухан беобадал ҳам ҷилави ӯро ба даст гирифта, акнун ба ихтиёри худ ба ҳар сӯ мегардонд...
Онҳо ба даромади деҳа омада, якбора хомӯш монданд ва аз мобайн дере нагузашта, сиёҳии ҳар дуяшон ҳам дар торикӣ нопадид гашт. Аз паси онҳо аз ҳар ҷо-ҳар ҷо аккосзании сагҳо баланд шуда, хомӯширо меғунҷонд.
Мирбадал кӣ буд? Ӯро дар водии Ҳисор ҳанӯз дар солҳои ҳукмронии амири Бухоро медонистанд. Вай яке аз ҳамон ним фоиз аҳолии босавод буд, ки дар он замон тамоми Тоҷикистон надошт. Падари ӯ дар Бухоро ва Ҳисор замин ва мулки бисёр дошт, ӯро аз хурдӣ бодиққат хонда буд. Вай дар синни бистсолагӣ савдогариро касб карда, аз Бухоро ба Ҳисор, аз Ҳисор ба Шаҳрисабз ва Самарқанд рафта меомад.
Ҳамон соле, ки истибдоди амири Бухоро торумор гардид, Мирбадал худро аз мавҷу тӯфонҳои замони нав ба канор кашида, дар Ҳисор монду дар ин ҷо ба кораш машғул шуд. Дар аввалҳои Ҳокимияти Советӣ дар Бухорои Шарқӣ Мирбадал барин хату саводнокҳо ҳамчун одами маданӣ, донишманд дар байни мардуми бесавод эътибори калон доштанд. Аз ҳама аввал инро худи Мирбадал мефаҳмид. Бинобар ин ӯ фурсатро аз даст надода, бо мақсади он, ки барои ояндаи худ заминаи соз тайёр кунад, худро ба хизмати Ҳокимияти Советӣ зад, яъне раиси совети қишлоқи Ҷӯйбор шуд. Мирбадал ин амалро такягоҳи якумрии худ умед кард. Вай худ ба худ боварӣ дошт, ки дигар аз байни ин одамони авому пойлуч шахси ба вай баробар ёфт нахоҳад шуд.
Аммо ин ҳама хаёли хом буд. Чунон ки боғбонон ба ҷои дарахтони солхӯрдаи камҳосил сол аз сол ниҳолони нави бо ҳосили серта, меваҳои сершира тарбия карда, ба воя мерасонанд, Ҳукумати Советӣ ҳам сол то сол аз байни худи халқи меҳнаткаш ва фарзандони онҳо — ходимон, коркунон ва роҳбарони лаёқатноку кордонро ба камол расонд, ки дигар ба Мирбадал барин «мирзо»-ҳои аз «охури баланд емхӯрда» эҳтиёҷ намонд.
Мирбадал аввал раисии ҷамоаро аз даст дода, ба котибии он фуромад. Ба ин вазифа ҳам дере нағузашта, агенти андозчини шӯъбаи молия шуд. Дар ин солҳо дар баробари тамоми мамлакат, дар Ҷӯйбор ҳам хоҷагиҳои яккадаст ба дастҷамъона кор кардан қарор доданд. Мирбадал дар орзуи он, ки ақаллан дар колхоз ба ягон мансаби мувофиқи табъ соҳиб хоҳад шуд ва махсусан бо мақсади он, ки худро дар пеши мардуми деҳа шахси «боваринок» нишон диҳад, бо боғу чорвояш яке аз аввалинҳо шуда ба колхоз нависонд. Он орзую мақсади ӯ ҳам аз ҷояш набаромад. Аз байни деҳқонони деҳа барои он корҳое, ки Мирбадал талабгори онҳо буд, одамони аз Мирбадал ҳам ӯҳдабаротар, боидроктар расида буданд. Барои Мирбадал фақат ба даст каланд гирифтан монда буд. Аммо касе, ки як умр теша ба даст нагирифтааст, каландро чӣ гуна кор мефармояд?
Ҳамин тавр ӯ аз боғу чорво даст кашида, якчанд вақт дар ноҳия, сонӣ дар деҳаҳои дигар мудири анборҳои гуногуни кооперативӣ, ва баъд мудири магазин шуда кор кард. Баъд, як сол пеш аз ҷанг, боз ба Ҷӯйбор мудири дӯкони ҷамъияти матлубот шуда омада буд.
Ин аст саргузашти мухтасари Мирбадал. Бинобар он кайҳо боз дили ӯ бо зардоби кинаю адоват пур шуда буд. Ин зардоб ва кинаю адоват нисбат ба сохти шӯроӣ, ки дар ботини ӯ маҳкам ҷойгир шуда буд, ҷисму ҷони ӯро кирм барин мехӯрданд, азоб медоданд.
Мирбадал, ки дар вақтҳои даҳанкаҷи деҳа буданаш гардани кӯтоҳ, рӯи гирдаи сергӯшт ва шиками равғанзада дошт, ҳоло чашмони ба косахонааш чӯкидаи бенур, бадани лоғар ва афти дурушти ҳамеша ғазаболуд дошта, ба касе ҳамроҳ намешуд, камгап ва дамдузд буд. Вай то ин дам гоҳо ба босмачигарӣ, ба хуруҷи кулакон дар вақти коллективонидан, гоҳо ба Иброҳимбек ва ғоратгарии ӯ умед мебаст. Лекин аз ҳеҷ кадоми онҳо баҳравар шуда натавонист. Акнун ҳамлаи олмониҳои истилогар ва муваффақиятҳои ҷангии муваққатии онҳо ба Мирбадал боз ҷон дароварда буданд.
Мирбадал мехост ҷияни худ Мамараҷабро низ ба паҳлӯяш гирад, баъд ба воситаи вай мақсадҳои сиёҳи худро боз васеътар ба амал барорад. Ин буд, ки вай ҷияни худро бо «ғамхорию меҳрубонӣ»-ҳои маккорона ба роҳи тираю тор кашола мекард.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё